Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия филмсози украиниро ба Киев намедиҳад


Русия филмсози украинӣ Олег Сентсовро, ки ба терроризм муттаҳам шудааст, ба Украина намедиҳад. Ноиби вазири адлияи Украина оид ба масоили ҳамоиш бо Аврупо Сергей Петухов дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки ҷавоби радди Маскав ба шаҳрванди Русия будани Сентсов рабт дорад, ки ӯ баъди ишғоли Қрим дарёфт кардааст.

Дар ин навишта ҳамчунин номаи Вазорати адлияи Русия замима шудааст, ки мегӯяд, дар байни Русия ва Украина созишномаи байнидавлатӣ оиди танзими душаҳрвандӣ вуҷуд надорад.

Худи Сентсов шаҳрвандии Русияро эътироф намекунад ва пофишорӣ дорад, ки шаҳрвандиро бар дӯши ӯ бор кардаанд.

Моҳи августи соли 2015 додгоҳи Русия Олег Сентсовро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Нафари дигар дар ин қазия як фаъоли Қрим Александ Колченко буд, ки ба мӯҳлати 10 сол зиндонӣ шуд. Шаҳрвандони Украинаро ба омодагӣ барои тахриби муҷассамаи Ленин дар Семфиропол, оташ задани дафтари "Ҷамъияти русҳои Қрим" ва "Русияи воҳид" муҷрим шинохтанд.

Маркази ҳимоят аз ҳуқуқи башар - "Мемориал" Сентсовро ба рӯйхати маҳбусони сиёсӣ ворид кард.

XS
SM
MD
LG