Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватанро ҳимоя карданд, вале кадом Ватанро?


Русия чун меросбари Иттиҳоди Шӯравӣ ғалаба дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро ба худ ихтисос додааст ва ононеро, ки дар ин ғалаба саҳм доранд, аз ёд бурдааст.

Бо вуҷуди ширкати садҳо ҳазор нафар аз мардуми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, Русия ҳамчун меросбари он абарқудрати вақт, пирӯзи дар ин набарди таърихиро ба худ ихтисос додааст. Танҳо ба маросимҳои солгарди ҷашни Ғалаба дар Маскав чанд нафарро аз кишварҳои Шӯравии пешин даъват мекунад ва бо ҳамин нишон медиҳад, ки собиқадорони ҷангро фаромӯш накардааст.

Соли ҷорӣ дар чаҳорчӯбаи ҳамин гуна барнома се собиқадори ҷанг аз Тоҷикистон Ҳаким Ҳалимов, Маҳбуба Турсунова ва Маҳмад Зардолуев ба ҷашни Ғалаба дар Маскав даъват шудаанд ва 9 май паради 70 солагии Ғалабаро дар Майдони Сурх тамошо хоҳанд кард. Гузашта аз ин, 7 нафари дигар 29 апрел ба маҳфили ҳунарии Ғалаба ё Бал Победителей дар Поклонная Гора даъват шудаанд.

Ҳалим Ҳакимов дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ изҳори хушҳолӣ кард, ки дар ҷашни 70 солагии Ғалаба дар Майдони Сурхи Маскав ширкат мекунад. Вай 90 сол дорад ва дар солҳои ҷанг дар муҳорибаҳои Сталинград, яъне Волгогради кунунӣ ширкат кардааст. Вай мегӯяд: “Соли гузашта 8 май бори аввал ба Маскав даъват карда буданд ва собиқадорони ҷанг аз кишвҳарҳои Шӯравиро Путин қабул кард. Меҳмондории нағз карданд. Имсол ҳам Худо хоҳад нағз рафта меоем”. Вале Ҳаким Ҳалимов дар бораи кӯмакҳои молии Русия ба собиқадорони ҷанг аз кишварҳои Шӯравии пешин ҳарфе ба забон наовард.

КӮМАКҲОИ ИНСОНӢ ВА МОДДИИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГ

Дар оғози ҷанг Тоҷикистон 1 миллиону 250 ҳазор нафар аҳолӣ дошт ва аз ин миқдор 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафтаанд, ки аз ҳар се нафар як нафар ё тақрибан ҳамаи аҳолии коршоями Тоҷикистони камаҳолиро ташкил мекард. Аз онҳо 92 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои ҷанг ҷон бохтанд ва ба Ватан барнагаштанд. Барои 1 миллиону 250 ҳазор нафар аҳолӣ 92 ҳазор шумораи хеле бузург аст. 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (Иттиҳоди Шӯравӣ)-ро дарёфт карданд. 21 нафари дигар ба дарёфти ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф ноил шудаанд, ки он ҳам ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ баробар аст. Ойгул Мамадҷонова ва Алмасарида Усмонова халабони ҳавопаймоҳои шикориву бамбафкан буданд ва бо корномаҳои ҷангии худ шӯҳрат пайдо карданд.

Валиҷон Сайёрабеков
Валиҷон Сайёрабеков

Тоҷикистон ба ҷуз аз кӯмакҳои инсонӣ, ба ҷабҳа кӯмакҳои моддӣ низ мерасонд. Кишвари дурафтода аз ҷанг буд, вале чун ақибгоҳ масъулият дошт. Дар давоми чаҳор соли ҷанг, яъне аз соли 1941 то соли 1945 аз Тоҷикистон садҳо эшелон маводи ғизоӣ ба ҷабҳа фиристода шудааст. Фақат барои аҳолии Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ) Тоҷикистон 100 қатор ё поезд маводи ғизоӣ, аз ҷумла меваву сабзавот фиристодааст. Комсомолони Тоҷикистон барои таъмини артиши Шӯравӣ бо аслиҳа 120 миллион рубл ҷамъоварӣ карданд.

Валиҷон Сайёрабеков, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанги Тоҷикистон мегӯяд, аҳолии Тоҷикистон дороии худ, аз қабили тилло ва соири сомонолоти гаронбаҳои худро низ ба ҷабҳа мефиристоданд, то бо ин кӯмакҳои худ ғалабаро наздик кунанд. Дар он солҳо қаторҳо аз Тоҷикистон ба ҷанг кӯмакҳоро мебурданд ва аз он сӯ захмиҳоро меоварданд, корхонаҳоеро меоварданд, ки ба минтақаи тасарруфи фашизм медаромад. Дар Тоҷикистон он солҳо 29 шифохона фаъолият мекард. Баъзе биноҳои маъмурӣ, меҳмонхонаҳо мактабҳо ва клубҳо низ ба шифохона табдил ёфта буданд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои корхонаҳои овардаро дар ҳавои боз дар зери хаймаҳо насб мекарданд ва онҳо билофосила ба фаъолият шуруъ менамуданд ва маҳсулоти онҳо ба ҷабҳа мерафт.

СОБИҚАДОРИ ҶАНГ ЧӢ ШАРОИТ ДОРАД?

Ҳоло дар Тоҷикистон 849 нафар собиқадорони ҷанг мондаанд. Оқои Сайёрабеков мегӯяд, дар аввали соли ҷорӣ шумораи онҳо 926 нафар буд. Ҷавонтарин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 89 сола аст ва на ҳар касе аз онҳо метавонанд бе мушкилӣ сӯҳбат кунад. Гузашта аз ин, дар чунин синну сол бештари онҳо на танҳо ба ёрии тиббӣ, балки ба кӯмаку ёрмандии дигарон низ эҳтиёҷ доранд ва ин корро аксаран хешовандони онҳо ба ҷо меоранд.

Мирзо Бекматов
Мирзо Бекматов

Мирзо Бекматов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Кӯлоб мегӯяд, дар солҳои Шӯравӣ ба онҳо имконият медоданд, ки ҳар сол як бор дар тафреҳгоҳҳои қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ истироҳат кунанд ва муолиҷа бигиранд. Пули рафту баргаштро низ ҳукумат пардохт мекард. Вале бо фурӯпошии Шӯравӣ иқомату зисти иштирокчиёни ҷанг дар кишвари худашон маҳдуд шуд ва онҳо дар шароити гуногун зиндагӣ мекунанд. Масалан, ҳоло як иштирокчии ҷанг дар Тоҷикистон 600 сомонӣ нафақа мегирад, ки ба сад доллар баробар аст, дар ҳоле ки нафақаи иштирокчии ҷанг дар Русия ба 800 доллар баробар мешавад.

Бо вуҷуди ин, Мирзо Бекматов, ки акнун ба синни 91 расидааст, аз шароити кунунии зисти худ розист ва мегӯяд, барои вай ва собиқадорони дигари ҷанг дар Тоҷикистон муоина, муолиҷа ва ҳамаи доруворӣ ройгон аст. Вай мегӯяд, дар бемористони шаҳри Кӯлоб барои муолиҷаи собиқадорони ҷанг 6 ҳуҷра ё палата ҷудо карда шудааст ва ҳамин гуна ҳуҷраҳо бо дастури вазорати тандурустӣ дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои дигар низ ҷудо карда шудааст ва ҳамеша дар ин ҳуҷраҳо собиқадоронро дидан мумкин аст.

Аз сӯҳбат бо собиқадорони ҷанг чунин бармеояд, ки онҳо аз зиндагии худ розианд ва одат надоранд, аз имтиёзҳову кӯмакҳо лаб ба шикоят кушоянд, чун онҳо таҳти нигаҳбонии фарзандон ва хешовандони худ ҳастанд, норизоятӣ аз имтиёзу кӯмакҳо ба хешовандонашон низ бармехӯрад, ки гӯё онҳо як нафари солмандро “дида наметавонанд”.

Вале Игор Хазов, ки дар солҳои ҷанг ба асорати нерӯҳои фашистӣ афтодааст, мегӯяд, ки вай ҳам собиқадори ҷанг сабт шудааст, вале нафақаи собиқадори ҷангро намегирад. Вай бо 375 сомонӣ нафақаи маъмулӣ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, дар сурате, ки вай бояд чун собиқадор 500 сомонии дигар низ бигирад. Номи вайро дар

таомхонаи нодорҳо ё бенавоён сабт кардаанд. Вай бояд ба он ҷо рафта хӯрок хӯрад, але гоҳо мадори рафтан намекунад. Хазов мегӯяд, вайро чун сарбоз ба ҷанг даъват накардаанд, балки дар маҳали зисти худ ба асорати нерӯҳои душман даромадааст. Вале баъд аз раҳоӣ ва хатми ҷанг ба Тоҷикистон омадааст ва дар сохтмонҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ кор кардааст. Вай умеде ба кӯмакҳои Русия надорад ва худро шаҳрванди Тоҷикистон медонад.

Мирзо Бекматов мегӯяд, дар Тоҷикистон касе ба кӯмаки Русия ниёз надорад. Вай кӯмак хостан аз Русияро ба қавли худаш “кори сиёсат” медонад, ки дар миқёси Шӯравии пешин бояд дар сатҳи раҳбарони сиёсӣ ҳал шавад. Вале агар Русия худро меросбари аслии Ғалаба бар фашизм медонад, бояд дар ин бора низ фикр кунад. Баъзе собиқадорон дар ин синну сол ба муолиҷа дар шифохонаҳои Русия ниёз доранд. Ҳадди ақал дар ин кор ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунад.

XS
SM
MD
LG