Дастаи мунтахаби Узбекистон дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи 18-ум қарор дорад. Рӯзи 8-уми август Ҳасанбой Дӯсматов дар риштаи бокс байни мардон дар вазни то 51 кило ва Улуғбек Рашитов дар риштаи таэквондо байни мардон дар вазни то 68 кило медалҳои тило гирифтанд. Аввалин медали тиллои Узбекистонро Диёра Келдиёрова дар риштаи ҷудо миёни занон дар взни то 52 кило ба даст оварда буд.
Бояд гуфт, ки Улуғбек Рашитови 22-сола ва Ҳасанбой Дӯсматови 31-сола дар таърихи Узбекистон ду бор ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ даст ёфтаанд. Улуғбек дар синни 19-солагӣ дар Олимпиадаи Токио-2020 бори нахуст барандаи медали тило шуда буд. Ҳасанбой бошад, соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ғолиб шудааст.
Мунтахабҳои Қазоқистон бо касби 7 медал - 1 тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 31-ум, Қирғизистон бо касби 4 медал – 1 нишони нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 65-ум ва Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 75-ум ҷойгир шудаанд. Вале варзишгарони Туркманистон то ҳоло медал нагирифтаанд.
Медалҳои варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Порис-2024:
УЗБЕКИСТОН - 5 медал (3 тило ва 2 биринҷӣ):
Диёра Келдиёрова - ҷудо, занон, 52 кг, медали тило;
Ҳасанбой Дӯсматов – бокс, мардон, 51 кг, медали тило;
Улуғбек Рашитов – таэквондо, мардон, 68 кг, медали тило;
Музаффарбек Тӯрабоев – ҷудо, 100 кг, медали биринҷӣ;
Алишер Юсупов - ҷудо, +100 кг, медали биринҷӣ.
ҚАЗОҚИСТОН – 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ):
Елдос Сметов - ҷудо, мардон, 60 кг, медали тило;
Демеу Жадраев – гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали нуқра;
Наримон Қурбонов – гимнастикаи варзишӣ, мардон, медали нуқра;
Нурбек Оралбай - бокс, мардон, 80 кг, медали нуқра;
Назим Кизайбай – бокс, занон, 50 кг, медали биринҷӣ;
Гусман Қирғизбоев - ҷудо, 66 кг, медали биринҷӣ;
Дастаи омехта (Ислом Сатпаев ва Александра Ле), милтиқи пневматикӣ, 10 метр, медали биринҷӣ.
ҚИРҒИЗИСТОН - 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ):
Меерим Жуманазарова - гуштии озод, занон, -68 кг, медали нуқра;
Холаман Шаршенбеков – гуштии юнонию румӣ, 60 кг, медали биринҷӣ;
Акжол Маҳмудов - гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали биринҷӣ;
Узур Джузупбеков - гуштии юнонию румӣ, 97 кг, медали биринҷӣ.
ТОҶИКИСТОН - 3 медали биринҷӣ:
Сомон Маҳмадбеков - ҷудо, 81 кг, медали биринҷӣ;
Темур Раҳимов – ҷуло, +100 кг, медали биринҷӣ;
Давлат Болтаев - бокс, 92 кг, медали биринҷӣ.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Париж то ҳоло варзишгарони 85 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 58 кишвар бо медалҳои тило сарфароз гардидаанд.
Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 103 медал, аз ҷумла 30 нишони тило, гирифтаанд.
Мунтахаби Чин бо касби 73 медал, ки 29-тоаш тилост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Австралия бо касби 45 медал, минҷумла 18 нишони тилло, мақоми севумро соҳиб шудааст.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Фаронса, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Нидерланд, Италия ва Олмон дохиланд.
Аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло се нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс - аз Порис бо медал бармегарданд.
Аммо нӯҳ варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Миҷгона Самадова; ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов; шиноварон Фахриддин Мадкамов ва Екатерина Бордачёва, даванда Фаворис Музрапов - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.
Ҳамакнун ду намояндаи охирини Тоҷикистон – Виктор Рассадин ва Мунира Абдусаломова - дар Олимпиадаи Порис ба рақобат мепардозанд.
Виктор Рассадини 30-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август соати 14:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпӣ доир менамояд. Рақибаш гуштигири 22-сола Георгиос Коугиоумтсидис аз Юнон мебошад.
Мунира Абдусаломоваи 26-сола дар риштаи таэквондо 10-уми август соати 12:00 аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон бо барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Токио-2020 дар вазни +67 кг ва қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023 дар вазни то 73 кг Алтеа Лаурини 22-солаи фаронсавӣ анҷом медиҳад.
Варзишгароне, ки аз Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, бо Ҷоизаи президенти кишвар ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Париж барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра – манзили дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Ба ғайр аз ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба қаҳрамони Бозиҳои олимпии Париж 20 ҳазор доллар, ба ҷоизадори нуқра 15 ҳазор доллар ва ба барандаи медали биринҷӣ 10 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ муқаррар кардааст.
Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 ширкат варзида, то имрӯз 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик бе медал монда буданд.
Гуфтугӯ