Идораи маориф ва илми ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл дар ҷануби Тоҷикистон омӯзгорони ботаҷрибарои муваззаф кардааст, ки волидайни кӯдакони синни томактабиро бо омӯзиш фаро гиранд. Ин барнома “Хониши оилавӣ” ном гирифта, ҳадафаш омода кардани худи волидон барои кӯмак ба таҳсил, аниқтараш дар хондану навиштани фарзандон будааст.
Меҳриниссо Насруллоева, муовини раиси ноҳияи Ҷиликӯл рӯзи ҷумъаи 26 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чаҳорчӯби ин барнома занони хонанишин ва бекор бо омӯзиш фаро гирифта мешаванд, то ки худ кӯдаконашонро хондану навиштанро омӯзонанд. Давлатмуҳаммад Қирғизбеков, нозири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷиликӯл низ мегӯяд, азбаски аксари падарон дар муҳоҷират ҳастанд, давраҳои омӯзишӣ асосан барои занҳо баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи вай, аксари заноне, ки ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон аз таҳсил дур монда дониши хуб надоранд. Ҷаноби Қирғизбеков мегӯяд, ки ин занон баъди омӯзиши кӯтоҳ, китобҳои гуногуни бачагонаро пайдо намуда, хонданро барои фарзандони синни аз 3 то 6-солаи худ низ ёд медиҳанд: “Меҳру муҳаббати китобро дар дили кӯдакон ҷой намудан аст, ки тавонад китобдӯст бошанд. Модаронеро даъват кардем, ки кӯдаки 3 то 5 сола доранд, барои онҳо китобҳои бадеӣ дода мешавад, ки дар хонаҳояшон мехонанд.”
Ба иттилои идораи маориф ва илми ноҳияи Ҷиликӯл, шумораи заноне, ки охири соли 2014 дар деҳоти мухталифи ин ноҳия бо омӯзиш фаро гирифта шудаанд, ҳудуди 100 нафарро ташкил медиҳанд. Ин занон ба 140 кӯдаки синни 3 то 6-солаи худ дар хона дарс медиҳанд ва онҳоро ба мактаб омода мекунанд.
Холисахон Исмоилова, сокини 37-солаи ноҳияи Ҷиликӯл мегӯяд, ки дар гузашта таҳсил накардааст, аммо каме хонда метавонад, вале баъди омӯзиш дар давраҳои “Хониши оилавӣ” ба писари 5-солааш Ворис хондану навиштанро меомӯзад: “Албата аз “Хониши оилавӣ” огоҳ ҳастем ва шавқманд ҳастем, ҳамсояҳоро низ барои омӯзиш даъват мекунем, ки дар рӯзҳои аввали ба мактаб рафтан омӯзиш осон мешавад. Бахусус барои мардуми деҳот, ҳозир таваҷҷӯҳи мардум зиёд шудааст ва мардум мехоҳанд, ки дониш дошта бошанд.”
Дар ҳамин ҳол, дар чорчӯби Барномаи “Хониши оилавӣ”, ки бо кӯмаки молии Хазинаи Оғохон амалӣ мешавад, ба 20 мактаби ноҳия 500 ададӣ ба таври ройгон китобҳои бадеӣ тақдим шудааст. Ин китобҳо аз афсона, шеъру таронаҳо дар васфи ватан иборат буда, барои кӯдакони синни томактабӣ дар назар гирифта шудааст.
Саёҳатхон Мақсудова, китобдор аз ноҳияи Ҷиликӯл мегӯяд, ки мардуми деҳот барои ба “Хониши оилавӣ” омадан таваҷҷӯҳи зиёде доштаанд, аммо маълум нест, ки ин барнома дар соли нав амалӣ мешавад ё хайр. Ин ҳама барномаҳо дар ҳолест, ки мизони китобхонӣ дар миёни мардуми тоҷик, бахусус кӯдакон хеле кам шуда, мутахассисон аз паст шудани саводи насли наврас изҳори ташвиш мекунанд. Мақомоти маориф ҳам ин масъаларо мояи нигаронӣ арзёбӣ мекунанд.
Дар ноҳияи Ҷиликӯл 22 ҳазору 777 нафар кӯдак дар мактаб таҳсил мекунад. 30 дар сади онҳо туркмантабор ҳастанд ва онҳо низ аз камбуди китобҳои дарсӣ бо забони туркманӣ шикоят мекунанд.