Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садбаргро аз Саудӣ ба Тоҷикистон оварданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Садбарг Сироҷева, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба иддаои наздиконаш дар Арабистони Саудӣ ба кори маҷбурӣ водор шуда буд, ду ҳафта қабл ба ватан овардаанд.

Ин зани 41-сола яке аз чаҳор нафарест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи шикояти онҳо нисбат ба масъулони ширкати сайёҳии “Ҷамол-2012”, “Имкон-2015” ва “Абдукарим” парванда боз карда буд. Ин ширкатҳо дар гузашта шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Арабистони Саудӣ мебурданд.

Вазъи саломаташ хуб набуд. Асабаш ҳам хароб буд. Каме табобат гирифт ва баъдан ба назди бачаҳояш ба Русия рафт

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Садбарг Сироҷева соли гузашта тавассути ширкати “Ҷамол 2012” барои кор ба Арабистони Саудӣ рафта, бар иловаи кори маҷбурӣ натавонистааст ҳаққи хидматашро бигирад.

Додситонии кулл се моҳи қабл алайҳи се ширкати сайёҳӣ, ки ба интиқоли шаҳрвандони кишвар барои кор ба Арабистони Саудӣ машғул буданд, бар асоси шикояти волидони чаҳор зани тоҷик парванда боз карда буд. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, ҳанӯз тақҳиқи қазия ба поён нарасидааст.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Баъди расиданаш ба Тоҷикистон кормандони додситонӣ бо Садбарг Сироҷева низ суҳбат анҷом додаанд. Баъдан ӯ ба дидорбинии фарзандонаш ба Русия рафтааст.

Назокат Олимова, модари Садбарг Сироҷева, рӯзи 11-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шикояти ӯ ба додситонӣ аз вазъи кору зиндагии духтараш дар Саудӣ боис шуд, ки мақомоти тоҷик вайро ба Тоҷикистон бозгардонданд. Ба гуфтаи ӯ, духтараш пас аз як ҳафтаи суҳбату бозпурсӣ бо мақомот ва табобат ба Русия рафт ва ҳоло дар онҷо зиндагӣ дорад.

Назокат Олимова гуфт, "саломатиаш хуб набуд. Асабаш ҳам хароб буд. Каме табобат гирифт ва баъдан ба назди бачаҳояш ба Русия рафт."

Ба таъкиди модар, Садбарг Сироҷева чанд сол қабл мисли садҳо муҳоҷири тоҷик бо хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекард. "Аммо як сол пеш, баъди шунидани ваъдаи кори сердаромад дар Арабистони Саудӣ тавассути ширкати “Ҷамол-2012” ба онҷо рафт. Баъдан дар тамосҳои телефонӣ бо мо аз вазъи кору зиндагӣ дар хонаи корфармо шикоят кард. Ӯ гуфт, ки берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида ба корҳои маҷбурӣ ҷалб шуда, корфармо музди маошашро намедиҳад", - афзуд ӯ.

Садбарг Сироҷеваи 41-сола то ду ҳафтаи пеш ба ҳайси хидматгор дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ кор мекард. Масъулони ширкати “Ҷамол 2012” иддаои модари Садбарг Сироҷева дар мавриди инки духтарашро онҳо барои кор ба Саудӣ фиристода буданд, рад намекунанд. Вале гуфтанд, вазъи Садбарг ба ҳадде бад набуд, ки модараш тасвир мекунад.

Парванда алайҳи се ширкат дар ҳолест, ки дар се моҳи гузашта ҳадди ақал се зани тоҷик бо нашри видео дар бораи сарнавишти талхи худ ҳангоми кор дар Арабистони Саудӣ шикоят карданд. Онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор бар ивази дастмузди ночиз ва гоҳо латту кӯбу хушунат хабар доданд. Бино ба нақли ин занҳо, шароити кории онҳо дар манзили шаҳрвандони Арабистони Саудӣ хеле вазнину тоқатфарсо буд.

То ба ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд. Бино ба маълумоти соли 2016-и дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG