Рустам Раҳматзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, пешбарӣ шудани номзадиашро ба мансаби президенти Тоҷикистон "тақозои замон" ва “насибу тақдир" донист.
Ҷонибдорону пайравонаш ӯро "олим, роҳбари матин ва созанда" ном мебаранд. Мунтақидонаш мегӯянд, "олим ҳаст, сиёсатмадор нест. Амбитсияи сиёсӣ надорад ва танҳо ба хотири рангин кардани интихобот вориди ин маъракаи сиёсӣ шудааст".
Рустам Раҳматзода, яке аз 5 номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бо сокинон вохӯрд ва барномаашро ба мардум пешниҳод кард. Ӯ афзуд, дар мулоқот шунид, ки "мардум бо як овоз мегӯянд, 11-уми октябр ба ҷонибдорӣ аз номзади арзанда овоз медиҳанд."
Раҳматзода мегӯяд, намедонад манзур аз "номзади арзанда" кӣ аст. "Рӯзҳои 12-13-уми октябр маълум мешавад, ки номзади арзанда кӣ аст ва мардум ба ҷонибдории кӣ овоз додаанд," -- илова кард ӯ.
КӮҲАНСОЛ ВА КАМНУФУЗ. ФОРМУЛАИ НОНАВИШТА
Матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон соли 2006 меъёрҳои интихоби рақиб барои номзади асосиро чунин ташхис дода буданд: "Кӯҳансол бошад; Фақат дар ҳалқаҳои маҳдуди академикӣ бишносанд; Аз ягон клани минтақавӣ намояндагӣ накунад; Муҳимтар аз ҳама ҳадафҳои воқеии сиёсӣ надошта бошад."
Як назар ба ҳолномаи Раҳматзода собит месозад, ки ҳасби ҳоли ӯ дуруст бо ҳамин формулаи нонавиштае, ки барои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон "рақиб" интихоб мекунанд, рост меояд.
Рустам Раҳматзода (Қудратов), ки соли 2019 пас аз канор рафтани Олимҷон Бобоев ба курсии раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ такя зад, аз ҳалқаҳои илмӣ вориди сиёсат шуд.
Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, корро ба ҳайси иқтисодчӣ оғоз намуд. Баъдан ба илм рӯ овард ва аз ассистенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи аграрӣ то ба доктори илмҳои иқтисодӣ расид. Дар интихоботи порлумонии соли 2015 вакил интихоб шудааст. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд аст.
"ОЛИМ АСТ, СИЁСАТМАДОР НЕСТ"
Дар барномаи пешазинтихоботӣ низ Раҳматзода бештар рӯйи масоили иқтисодӣ тамаркуз кардааст. Вай пешниҳод дорад, дар кишварҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, шуъбаи Оҷонси нафақаи Тоҷикистон кушода шавад, то онҳо дар пирӣ бе ҳаққи бознишастагӣ намонанд.
Ҷорӣ кардани хидмати алтернативӣ ё ҷалби ҷавонон ба сохтмони роҳу дигар иншооти муҳими кишвар бар ивази хидмат дар артиш аз пешниҳоди дигари номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аст.
Профессор Нуриддин Қаюмов мегӯяд, пешниҳодҳои Раҳматзода ва ҳизбаш чандон воқеӣ ба назар намерасанд ва "гоҳе ҳавоиянд". Ӯ афзуд: "Барои амалӣ шудани пешниҳодҳои ин ҳизб шароиту имконоти давлатро бояд ба инобат гирифт, чунки баъзе аз пешниҳодҳо ҳавоӣ ҳастанд. Ҳамаи ин чизҳо аввал хуб муҳокима мешуд, баъд пешниҳод мегардид."
Қаюмов гуфт, Раҳматзодаро ҳамчун "олими хуб" ва "иқтисоддон" мешиносад. "Яъне, ӯ танҳо сиёсати иқтисодиро хуб медонад, аммо ҳамчун сиёсатмадор... шояд баъди вакили порлумон шудан нозукиҳои сиёсатҳоро ҳам омӯзад. Ба фикри ман, экономист экономистиашро кунад, сиёсатмадор сиёсатро пеш барад. Ҳар кас бояд ба кори худ машғул бошад", -- хулоса кард Қаюмов.
"АГАР АМБИТСИЯ НАМЕДОШТ..."
Ҷонибдорон ва аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мегӯянд, роҳу усулҳое, ки дар барномаи пешазинтихоботии Раҳматзода пешниҳод шудааст, ҳавоӣ не, балки илман асоснок буда, ҳадаф танҳо рушди босуботи кишвар аст.
Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, мегӯяд, "Раҳматзода роҳбар ё лидери навҷӯ аст, мекӯшад, аз навтарин дастовардҳои илм ва равандҳои ҷаҳони муосир огоҳ бошад."
Ӯ дар посух ба эроди мунтақидон, ки Раҳматзодаро ба адами амбитсияи сиёсӣ ва ба хотири демократӣ ҷилва додани интихобот вориди сабқат шудааст, гуфт, "агар Раҳматзода амбистия намедошт, роҳбари ҳизб намешуд ва ба пешбарӣ шудани номзадиаш розигӣ намедод. Чунин гапҳоро шахсоне мегӯянд, худ дар зиндагӣ ба муваффақияте нарасидаанд ва корашон танқиди беҳуда аст."
Қурбонзода мегӯяд, мақсади ҳама ҳизбҳои порлумонӣ рушди босуботи кишвар аст, танҳо роҳу усулҳои расидан ба рушд фарқ мекунад.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр доир хоҳад шуд ва дар он президент барои 7 соли дигар интихоб мешавад. Барои иштирок дар интихоботи имсола ба ҷуз аз президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, чаҳор номзади дигар – Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номнавис шудаанд.