Баъд аз чаҳоряк қарни шикасти сарбозони Шӯравӣ дар Афғонистон ва хуруҷашон аз ин кишвар ҳоло Маскав ба Афғонистон бармегардад, вале на бо сарбозу васоити ҷангӣ, балки бо даҳҳо миллион доллар сармоя барои тарҳҳои гуногун. Маскав мехоҳад дубора дар бахшҳои иқтисодиву фарҳангии ин кишвар барои худ ҷои пой дуруст кунад. Замоне Иттиҳоди Шӯравӣ ин кишварро ба истилоҳ “ақибгоҳи стратегӣ”-и худ медонист.
25 сол пеш Кохи фарҳанги Шӯравӣ дар ғарби Кобул рамзи тавони сиёсиву фарҳангии Маскав дар Афғонистон буд. Баъд аз хуруҷи нируҳои Шӯравӣ ин кох тадриҷан аз зарби тиру тӯпи ҷиноҳҳои даргири сӯрох ва ба вайрона мубаддал гашт. Дар дохили он садҳо нафар мӯътодони маводи мухаддир “сарпаноҳ” пайдо карданд.
Акнун ҳукумати Русия мехоҳад барои барқарор кардани ин бино дар Кобул 20 миллион доллар сарф карда ва онро дар поёни соли ҷорӣ чун Маркази Фарҳангии Русия дубора боз кунад. Бозгушоии ин кох аз бозгашти Маскав ба кишваре гувоҳӣ медиҳад, ки замоне онро минтақаи стратегии худ медонист.
Вале ин марказ танҳо тарҳе нест, ки Маскав дар он сармоягузорӣ мекунад. Тақрибан 150 тарҳи дигар вуҷуд дорад, ки Русия дар онҳо даҳҳо миллион доллар сармоягузорӣ мекунад ва мехоҳад тарҳҳои даврони Шӯравиро барқарор кунад ва нуфузи иқтисодиву фарҳангии худро дар ин қаламрав баргардонад.
Дар давоми ду соли охир Маскав бештар аз 100 миллион доллар дар бахши хонасозӣ дар Афғонистон сарф кард. Бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо миллиардҳо доллар сармоягузориҳои Амрикову Чин ва Ҳиндустон ин маблағи ночизест. Бими он меравад, ки сармоягузориҳои Ғарб дар тарҳҳои ғайринизомӣ тадриҷан коҳиш ёбад, чунки алоқамандӣ ба ин кишвар низ камтар мешавад. Бо назардошти чунин вазъ, Кобул мехоҳад бо бозигарони минтақаӣ, аз ҷумла бо Русия равобити худро таҳким бахшад.
Хусумати Афғонистон бо Русия аз он сарчашма мегирифт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар таҷовуз ва онро ишғол кард. Вале ҳоло бисёре аз ширкатҳои маҳаллӣ мехоҳанд, ки бо Маскав ҳамкорӣ дошта бошанд.
Наҷибуллоҳ Хушбин, соҳиби як ширкати сохтмонист. Ин ширкат мехоҳад бо чанд ширкати Русия қарордоди ҳамкорӣ имзо намояд, бо вуҷуди ин вай дар бораи ҷузъиёти ҳамкориҳояш чизе намегӯяд: “Мо хушбин ҳастем ва назарамон ҳам дар бораи сармоягузорӣ мусбат аст. Касе, ки аз хориҷ майли сармоягузорӣ дар Афғонистонро дошта бошад, мо ҳозир ҳастем, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунем.”
Ватанвол Раҳмон, раҳбари як ширкати сохтмонии Кобул мегӯяд, ки русҳо дар Афғонистон заминаҳои хуби хонасозӣ доранд ва афғонҳо аз ҳамкорӣ бо онҳо хушҳоланд.
Ожонси афғонии ҳимоят аз сармоягузорӣ ниҳоди ҳукуматист ва сармоягузориҳои хориҷиро назорат мекунад. Ин ожонс мегӯяд, ки дар ду соли охир ҳар сол сармоягузориҳои Русия дар ин бахш ду баробар афзоиш ёфтааст. Гузашта аз ин, Маскав мехоҳад, ки хонаҳои сохти Шӯравиро таъмир ва фаъолияти корхонаи хонасозии Кобулро, ки Шӯравиҳо сохта буданд, дубора ба кор андозад.
Аз шӯравиҳо дар Кобул пружаҳои зиёд мондааст. Баъзе аз онҳо дар ин сӣ соли ҷанг хароб шудаанд. Вале баъзеаш фаъоланд. Донишгоҳи политехникӣ дар солҳои 1960 сохта шуда буд.
Корхонаи нонпазӣ ҳам аз ҷумлаи он аст, ки то ҳол ҳар рӯз барои шифохонаҳову мактабҳо ҳазорон “бухонка” нон мепазад. Муҳимтар аз ҳама микрорайонҳои Кобул аст, ки дар онҳо то ҳол хонаводаҳои нухбагони афғон низ зиндагӣ мекунанд. Масалан, як чаҳорҳуҷраии он 100 ҳазор доллар хариду фурӯш мешавад.
Русия на танҳо мехоҳад кор дар пружаҳои даврони Шӯравиро аз сар бигирад, балки мехоҳад нуфузи фарҳангии худро дар Афғонистон барқарор кунад. Дар давоми ду соли охир шумораи ононе, ки дар донишгоҳ забони русӣ меомӯзанд, ду баробар афзоиш ёфтааст ва ба онҳо стипендия низ медиҳад.
Афзоиши ҳузури Русия дар Афғонистон дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки нируҳои НАТО то охири сол ин кишварро тарк мекунанд. Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари афғон мегӯяд, бо чунин вазъ Афғонистон метавонад бори дигар ба майдони рақобатҳои Русияву Амрико табдил ёбад ва Вашингтон бояд ба ин роҳ надиҳад.
Аммо Грем Смит - таҳлилгари аршад дар Гурӯҳи байналмиллалии бӯҳронҳо мухолифи ин ақида аст ва мегӯяд, ки Вашингтон бояд аз нақши бештари Русия дар Афғонистон ҷонибдорӣ кунад. Вай мегӯяд, нақши ҳамсояҳои Афғонистон ва Русия дар бозсозии Афғонистон барои таъмини суботи вазъ ва пешрафти иқтисодии он дар баландмуддат метавонад судманд бошад. Аммо сафорати Амрико дар Кобул аз сӯҳбат роҷеъ ба ин мавзӯъ худдорӣ кард.