Коршиносони Маркази омӯзишҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, Русия дигар наметавонад он лаҳнеро, ки дар гузашта бо Тоҷикистон сӯҳбат мекард, ҳифз кунад ва ба ин кишвар ҳамчун ба ҳавлии берунаи худ дарову баро намояд.
Вазъият ҳоло дигар шудааст, қудратҳои бузургтар аз Русия дар пайи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мегарданд ва Маскав инро хуб дарк мекунад,- мегӯянд коршиносони Маркази омӯзишҳои сиёсӣ. Ин назар дар фосилаи чанд соат аз шурӯи сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон баён шуд, ки қарор аст гиреҳҳои печидатарин масоили миёни ду кишварро боз намояд.
Дар тӯли 20 соли истиқлолияти ҷамоҳири Шӯравии пешин Маскав ҳамеша бо сиёсатҳои “интихобӣ” бо кишварҳои минтақа бархӯрд кардааст ва бо ҳар яке баробар бо қадру қиматаш муносибат кардааст. Дар ин занҷир Тоҷикистон аз заифтарин ҳалқаҳое номбар мешавад, ки бештар аз дигарон дастнигари Кремл буд. Ҳатто бештар аз Қирғизистон, ки мушкилоти бо Тоҷикистон ҳамсанг дорад, ҳам дар самти камбуди энержӣ, ҳам муҳоҷирати корӣ ва ҳам ниёзмандӣ ба сармоягузориҳои Маскав.
Талбак Назаров, вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он солҳо Тоҷикистон аз Русия вобастагиҳои зиёд дошт. Ҷаноби Назаров мегӯяд, он замон вазъ тавре буд, ки мавҷудияти Тоҷикистон ба унвони як давлат ҳар лаҳза таҳти хатар қарор дошт ва масъулони давлат тавонистанд кишварро аз ин вазъи мураккаб берун оваранд.
"Он вақтҳо мо бо ин мамлакат бисёр ҳамкории хуб мекардем. Русия кӯмак мекард. Кӯмак мекард, ҳам барои ҳалли проблемаҳое, ки дар дохили давлат буд, ҳам дар рафти гуфтушунидҳо бо мухолифин, масъалаи сулҳ. Фикр мекунам, дар он солҳо Русия ба Тоҷикистон хеле як шарики наздик буд ва корҳои хуб карда буд. Мо дар кадом шароите, ки набудем, дар муносибат бо Русия ва ё кадом давлати дигар дар ҷойи аввал мо манфиати Тоҷикистонро мегузоштем. Барои мисол, агар ба ҳамин ҳуҷҷат имзо гузорем манфиати Тоҷикистон зарар мебинад ё ки баръакс. Лекин ҳеҷ вақт барои як чизҳои майда-чуйда шуда имконият намедодем, ки дар байн низоъ пайдо шавад",-афзуд вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон.
Аммо баъдтар, ба вижа баъд аз вуруди Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ба Афғонистон таҳти роҳбарии Амрико дар соли 2001 дар равобити Тоҷикистону Русия тағйир пеш омад. Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон коршарики Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон шуданд ва таъсиси пойгоҳҳои ҳарбии НАТО дар Узбакистону Қирғизистон Маскавро водор кард, аз эҳтимоли чунин иқдом дар Тоҷикистон пешгирӣ кунад. Созишномаҳои таъсиси пойгоҳи ҳарбӣ ва тақдими маркази назорати кайҳонии “Окно” ба Русия дар соли 2004 ба имзо расиданд. Вале як сол баъдаш мавзӯи хуруҷи марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ба миён омад.
Ҳамзамон бо тағйири мавзеъгириҳои Узбакистон пас аз рӯйдодҳои Андиҷон ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз он, таваҷҷӯҳи Маскав ба Тоҷикистон тақрибан аз байн рафт. Ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддолларӣ ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби ширкати РусАл рӯйи коғаз монд. Натиҷа ин шуд, ки Тоҷикистон барои Русия ба як шарики нимафаромӯшшуда табдил ёфт. Ин ҳолат то ба дараҷае расид, ки ду кишвар гоҳо ба ҳамдигар баёнияҳои хусуматомез низ доданд ва авҷи сардии миёни онҳо дар бӯҳрони мавсум ба “халабонҳо” дар соли 2011 ба мушоҳида расид.
Виктория Панфилова, шореҳи нашрияи "Независимая газета", чопи Маскав, мегӯяд, ин далел ки имрӯз Душанбе бо Маскав равобити гарм надорад, айби Русия аст, на айби Тоҷикистон. “Русия баъди ҳузур пайдо кардани бозигарони бузурге чун Амрико ва Чин дар минтақа эҳсос кард, ки дар қиболи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон барнома ва нақшаҳои мушаххас надорад.”- мегӯяд Виктория Панфилова.
Ба гуфтаи ин таҳлилгари рус ҳузури абарқудратҳои дигари олам ва сармоягузории онҳо дар иқтисоди кишварҳои минтақа ҷойгоҳи Русияро дар Тоҷикистон низ танг кардааст: "Сабаби ин дигаргунӣ дар он аст, ки ба минтақа боз як абарқудрати дигар, балки на як ду абарқудрат ворид шуд. Инҳо Амрико ва Чин мебошанд, ки зарфиятҳои молиявиашон барои минтақа дар қиёс бо Русия бештар аст. Барои ҳамин, ҳар як лидери кишварҳои Осиёи Миёна дар марҳилаи имрӯза барои худ ҳамкории беҳтар ва мувофиқтарро интихоб мекунад. Агар Тоҷикистон бубинад, ки ҳоло ҳамкорӣ бо Чин муфидтар аст, пас, бо ин кишвар наздик мешавад ва агар бубинад, ки Амрико манфиати бештар меоварад, меравад дунболи он."
Бо ин ҳол, ҳоло маълум нест, ки сафари раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон то куҷо равобити байни ду кишварро тағйир хоҳад дод. Аммо, ба гуфтаи Виктория Панфилова, Маскав дигар бояд одат кунад, ки Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва қудратҳои дигаре дар минтақа низ вуҷуд доранд, базудӣ ҳамагуна холигоҳро пур мекунанд.