Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози изтирории "десант"-и Русия ба Тоҷикистон


100 сарбози нерӯҳои ҳавобурд ё десантии Русия ба гунаи изтирорӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Ин тадбир дар чаҳорчӯбаи тафтишоти ногаҳонии нерӯҳои СПАД сурат мегирад.

Дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи 12 май иттилоъ дод, ки ҷузъу томи ҳавоии Уляновск ва Ивановск дар чаҳорчӯбаи тафтишоти ногаҳонии ҷузъи томҳои нерӯҳои кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, барои фиристодан ба Тоҷикистон омодагӣ гирифтанд. Дар хабар аз ҳамоҳангии комили ҷузъу томҳои ҳарбӣ иттилоъ дода шудааст.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки ин нерӯҳо бо зиреҳпӯшу ҷангафзорҳо тариқи ҳавопаймои ИЛ-76 аз фурудгоҳи «Иваново-Северный» ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) рӯзи 12 май тафтиши ногаҳонии нерӯҳои кишварҳои узв оғоз ёфт, ки бо размоишҳои муштарак дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.

Барои ширкат дар ин тамринҳо гурӯҳҳои 100-нафарии нерӯҳои Арманистон, Беларус, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳавопаймо ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Онҳо ҳамроҳ бо худ то 20 адад аз техникаи ҳарбиро ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод.

Парвози изтирории "десант"-и Русия ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Бар хилофи размоишҳои гузаштаи СПАД ин бор чунин машқ бидуни огаҳии пешакӣ сар шуд ва дараҷаи омодагии кишварҳои узвро дар ҳолатҳои изтирорӣ ба намоиш хоҳад гузошт.

Моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав, раёсати даврии ин созмон дар соли 2015 бар ӯҳдаи Тоҷикистон вогузор гардид. Ба ҷуз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд.

XS
SM
MD
LG