Палатаи ҳисоби Русия охири моҳи августи имсол натиҷаи аудити фаъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро ба нашр расондааст, ки дар он гуфта мешавад чанд банди муҳими қарордоди Тоҷикистону Русия аз соли 2009 дар мавриди истифодаи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” иҷро намешавад.
Александр Жданов, муаллифи ин аудит, навиштааст, тарҳи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бояд дар муддати 20 соли хароҷоташро рӯйпӯш мекард, “аммо иҷро нашудани чанд банди муҳими қарордод муваффақияти молиявии ин тарҳро зери хатар гузоштааст”.
Дар гузориши масъули аудити “Сангтӯда-1” аз ҷумла омадааст, ширкати “Барқи тоҷик“ ягона муштарии “Сангтӯда-1” чизе бештар аз нисфи барқи нерӯгоҳро мехарад, вале пули барқро пурра пардохт намекунад. “Барқи тоҷик”, ба гуфтаи Жданов, ба ҳисоби миёна то 60 дарсади пули барқро ба суратҳисоби нерӯгоҳ пардохт мекунад.
Ширкат аз ҳар киловат-соат нерӯи барқи харидааш беш аз 6 дирам зиён мебинад ва як сабаби ба миён омадани қарзи ҳангуфти “Барқи тоҷик” дар назди “Сангтуда-1” низ дар ҳамин аст.Мирзо Ҳусейнов
Дар матни ин аудит омадааст, дар ҳоле ки “Барқи тоҷик” барқи нерӯгоҳро ба пуррагӣ харидорӣ намекунад, инчунин намегузорад, ки “Сангтӯда-1” мустақилона барқашро ба харидорони берун аз кишвар бифурӯшад. Бино ба ҳисобҳои ин аудитори рус қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳ то санаи 1-уми октябри 2015 то ба сатҳи 496,7 миллион сомонӣ расидааст.
Аммо Александр Жданов менависад, тибқи қарордод “Барқи тоҷик” дар сурати саривақт надодани ҳаққи барқ муваззаф аст, ҷарима (пеня) пардохт кунад. Ба ҳисоби Жданов, ҷаримаҳои “Барқи тоҷик” дар назди “Сангтӯда-1” ба 750 миллион сомонӣ расидааст. “Барқи тоҷик” даъвоҳои “Сангтӯда-1”-ро ҷиҳати пардохти ҷарима қонеъ накардааст, аммо Жданов бо накӯҳиш аз маъмурияти нерӯгоҳ гуфтааст, барои аз тариқи додгоҳ ситондани ин маблағ талош накардааст.
Ҳоло ба ҳисоби худи маъмурияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” қарзи “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳ аз ин ҳам бештар, ба 626 миллион сомонӣ, расидааст.
Иқтисоддонҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, агар аз як сӯ қарздории “Барқи тоҷик” натиҷаи ҳарҷу марҷ дар дохили ширкат бошад, аз сӯи дигар шартномае, ки миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди истифодаи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” баста шудааст, ба зиёни “Барқи тоҷик” аст.
Мирзо Ҳусейнов, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 5 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда-1” як киловат соат нерӯи барқро бо қиммати 2,4 сент ва ё 19 дирам мехарад. Аммо “Барқи тоҷик” ҳар киловатт-соат нерӯи барқро бо қиммати 12,6 дирам мефурӯшад. Ширкат аз ҳар киловат-соат нерӯи барқи харидааш беш аз 6 дирам зиён мебинад. Як сабаби ба миён омадани қарзи ҳангуфти “Барқи тоҷик” дар назди “Сангтуда-1” низ дар ҳамин аст”.
Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 15 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва тавоноии он 670 МВТ мебошад. Тоҷикистон танҳо 25 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад. 75 дарсади дигари он дар ихтиёри ширкати “Росатом”-и Русия аст. Сохтмони ин нерӯгоҳ соли 2004 оғоз шуда, чархаи аввалаш соли 2008 ва охиринаш соли 2009 ба кор дароварда шудааст.