Файзиддин Сангов аз ҷумлаи садҳо қурбониёни миёнаравҳои фиребгар аст, ки ҳафт моҳи пеш бо 6 нафар дӯсташ пайи гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ва ё РВП дар Русия, ба доми як қаллоб афтидааст. Ӯ мегӯяд: "Бойназаров Аскаралӣ ба ман занг зад, гуфт шумо ҳуҷҷат мекунед ё не? Ман гуфтам ҳоло ман инро фикр накардам. Боз гашта ба ман занг зад, гуфт, ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дуруст мекунам ва ба кори кардаам ҷавоб гуфта метавонам, инҳо ҳамааш аз рӯи қонун мешавад. Ман ба ӯ бовар кардам."
Боварии Файзиддин ва дӯстонаш ҷамъан зиёда аз 700 ҳазор рубл ё 10 ҳазор доллари амрикоӣ зарар овард. Ғайр аз ин, ду рафиқи ӯро бо ҷурми тақаллуби ҳуҷҷатҳо бо пардохти ҷаримаи ҳангуфт аз Русия хориҷ карданд. Файзиддин мегӯяд, қаллобро наёфта, аз гиребони Дилрабо Тилякова -- ҳамсари ӯ гирифтааст.
Дилрабо Тилякова мегӯяд: "Ман бо ҳамин Аскаралӣ дар Москва шинос шудам. Ман 3 фарзанд дорам. Ман намедонам, вай чи кор мекард. Шавҳарам "ман ҳуҷҷат қатӣ кор мекунам мегуфт", тамом. Боз ман чанд бор пурсидам, ки ин чӣ кор аст? Ӯ гуфт, ки ба кори мардакӣ дахолат накун."
Қазияи мӯҳри қалбакии иҷозатномаи зисти муваққатӣ, Файзиддин Сангов ва ҳамсари қаллобро то дари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав овард. Дар намояндагии хадамот гуфтанд, чунин ҳодисаҳо дар Русия тез-тез ба вуқӯъ омада ва аз сартосари Русия ба онҳо шикоятҳо мерасанд. Аммо кормандони намояндагӣ ғайр аз машваратҳои ҳуқуқӣ, ба зарардидаҳо дар баробари қаллобон дигар, чорае андешида наметавонанд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, "аслан бо ба расмият даровардани иҷозатномаи зисти муваққатӣ, танҳо ва танҳо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия машғул аст. Ва бо истифода аз фурсат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ин ҳуҷҷатро мехоҳанд ба даст биёранд, мегӯем, ки ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия муроҷиат кунанд."
Механизми миёнаравӣ дар байни муҳоҷирони тоҷик ин қадр авҷ гирифтааст, ки ҳангоми ба кор ворид шудан, гирифтани ин ё он ҳуҷҷат ва дар ба расмият даровардани патент, нақши калидӣ дорад.
Қазияи Файзиддин Сангов имрӯз бо баёноти тааҳҳудии ҳамсари қаллоб нуқта гузошта шуд. Дилрабо Тилякова ӯҳдадор аст, ки тӯли 2 сол нисфи зарари молии Файзиддин ва дӯстонашро пардохт кунад. Вале аз нақли Дилрабо бармеояд, ки ӯ низ қурбони рафтори ҳамсари ҳиллагар шудааст ва аз натиҷаи кор норозист.
Дилрабо Тилякова мегӯяд, ки: "Манро ин мардак фиреб дод, маҷбурам ризқи фарзандонамро ба ин одам диҳам. Номардӣ кард, рафт. Чи кор кунам? Агар ман ба ҳамин кор шарик мебудам, мегурехтам, мисли вай ягон шаҳри дигар мерафтам"...
Ба назари коршиносон, қаллобиҳо дар самти гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ меафзояд. Муҳоҷирон дар пайи раҳоӣ аз пардохти моҳонаи патент, кӯшиши ба даст овардани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ё РВП ҳастанд, вале дар ин росто ҳукумати Русия квотаи иҷозаи зисти муваққатиро дар соли 2016 то 15 фоиз коҳиш додааст. Ба андешаи таҳлилгарон, ҳамин омил сабаби гарм гаштани бозори қаллобиҳо хоҳад гашт.