Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Русия ба Кӯлоб бармегардад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия нерӯҳои заминиашро аз Кӯлоб комилан берун овардааст, аммо барои мустақар кардани нерӯҳои десантӣ-ҳавоиаш дар атрофи ин шаҳр бо мақомоти тоҷик гуфтугӯ мекунад.

Як мақоми маҳаллӣ дар Кӯлоб рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Русия мехоҳад, барои ҷой кардани нерӯҳои десантӣ-ҳавоиаш дар канори фурудгоҳи Кӯлоб 60 гектар замин ҷудо шавад. Ин мақомдор мегӯяд, ин мавзӯъ ҳанӯз се моҳ қабл аз хуруҷи қӯшунҳои заминии Русия аз маркази шаҳри Кӯлоб матраҳ буд ва то ҳол ниҳоӣ нашудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, русҳо замини аз маркази шаҳр дуртар ва васеътар мехоҳанд. Воҳиди пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Кӯлоб қаблан дар дохили шаҳр ҷойгир буд ва ҳудуди 40 гектар замин дошт ва ба талаботи лозим барои сохтани пойгоҳи десантӣ ҳавоӣ мутобиқ набуд.

Пас аз хуруҷи русҳо аз Кӯлоб вазорати мудофиаи Тоҷикистон билофосила дар ин пойгоҳи холишуда нерӯҳои худро мустақар кард.

Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии артиши Русия, ки воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон тобеи ҳамин ҳавзаанд, рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ таъсиси пойгоҳи ҷадид дар Кӯлобро рад ва ё тасдиқ накард. Аммо гуфт, хуруҷи низомиёни Русия аз Кӯлоб маънои онро надорад, ки русҳо дигарбора ба ин минтақаи ҷануби Тоҷикистон барнамегарданд.

Ӯ гуфт: “Мо комилан аз ин ҷо берун нашудаем, аммо ҳоло танҳо низомиён ба Душанбе оварда шудаанд. Ҳоло танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки мо ба маҳалли қаблии пойгоҳамон, ки ҳоло ба низомиёни тоҷик супурданием, баргаштанӣ нестем. Дар ҳудуди ин пойгоҳ ҳам мо коре карданӣ нестем.”

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, расман то ҳол онҳоро аз чунин як тасмиме огаҳ накардаанд. Ӯ мегӯяд, таъсиси пойгоҳ аввал дар сатҳи раҳбарони ду кишвар баррасӣ шуда, баъдан бо вазорати дифоъ мувофиқа мешавад: “Ин масъалае нест, ки дар як рӯз он амалӣ гардад. Дар чунин ҳолат гурӯҳҳои корӣ таъсис мешавад, онҳо масъаларо омӯхта пешниҳод мекунанд. Танҳо пас аз мувофиқаи ҷонибҳо ин кор амалӣ мешавад.”

Дарвозаи маҳалли собиқи пойгоҳи Русия дар Кӯлоб
Дарвозаи маҳалли собиқи пойгоҳи Русия дар Кӯлоб

Аммо ба гуфтаи манбаи Озодӣ, ҳоло гуфтугӯҳо барои таъсиси гурӯҳи корӣ идома дорад ва Русия барои сохтани чунин пойгоҳ дар Бадахшон ва ё ҳадди ақал дар Кӯлоб музокира мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Русия бештар ҳавасманди таъсиси чунин пойгоҳ дар Бадахшон аст, аммо ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар мавриди Кӯлоб мехоҳад музокира кунад.

Ҷумъахон Алимӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, таъсиси пойгоҳи нирӯҳои десантӣ-ҳавоии Русия мантиқӣ ба назар мерасад. Ӯ мегӯяд, дар шароити кунунӣ Русия дар марз чандон ба қӯшунҳои заминӣ эҳтиёҷ надорад ва танҳо як пойгоҳи ин нирӯҳо барои ин кишвар дар Тоҷикистон кифоя ҳаст.

  • Берун шудани русҳо аз Кӯлоб, марзи Афғонистон мантиқӣ ба назар намерасид. Ҳатман пушти ин ҳарфҳои ҷиддӣ ва тасмимҳои ҷиддӣ ҳаст. Чун ҳоло дар марз бо Афғонистон гурӯҳҳои ифротӣ рӯз то рӯз афзоиш меёбанд, Русия ҳатман ҳузури худро ба шакли дигар ҳифз хоҳад кард. Анҷоми машқи ҳавопаймоҳои низомии Русия дар Бадахшон ва марзи Шӯрообод маро мутмаин мекунад, ки Русия ҳатман дар андешаи сохтани пойгоҳи десантӣ-ҳавоӣ ҳаст, - гуфт Алимӣ.
Нирӯҳои Русия дар ҳоли хуруҷ аз Кӯлоб
Нирӯҳои Русия дар ҳоли хуруҷ аз Кӯлоб

Воҳиди пойгоҳи Русия дар Кӯлоб беш аз 90 сол ҳузур дошт, аммо моҳи ноябр ба таври ногаҳонӣ ин пойгоҳро аз ин шаҳр пурра ба канори Душанбе кӯч доданд. Мақомоти Русия гуфтанд, нирӯҳои ин воҳиди пойгоҳи 201 муваққатан дар машқгоҳи низомии Лоҳур дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мустақар мешаванд.

Пойгоҳи 10-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бо беш аз 6000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии он кишвар дар хориҷ ба шумор меравад. Дар авоили сол Маскав эълон кард, ки қасд дорад то соли 2020 шумори нирӯҳои пойгоҳи 201-ро то ба 9000 нафар расонда, таслиҳоти онро низ нав кунад. Душанбе дар соли 2012 замони ҳузури пойгоҳи Русияро дастикам то соли 2042 тамдид ва ин пойгоҳро аз пардохти пули иҷора озод кард.

Охирин сарбозони рус Кӯлобро тарк мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

XS
SM
MD
LG