Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи миллиардҳои Русия ба Қирғизистон дар ҳаво монд


Отамбоев ва Путин
Отамбоев ва Путин

Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, Русия ба далели мушкилоти иқтисодиаш имкони маблағгузории сохтмони нирӯгоҳҳои бузург дар Қирғизистонро надорад.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар нишасти хабарии солонааш гуфт, Русия имкони маблағгузории сохтмони нирӯгоҳҳои бузург дар ин кишвари Осиёи Марказиро надорад ва Бишкек маҷбур аст, дунболи сармоягузорони нав бигардад. Ин изҳороти Отамбоев заиф шудани иқтидори иқтисодии Русия дар натиҷаи пойин рафтани нархи нафт ва таҳримоти иқтисодии алайҳи Маскав эълонкардаи Ғарбро нишон медиҳад.

Отамбоев, ки рӯзи 24 декабр дар Бишкек дар баробари хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ӯ воқеъбин аст ва наметавонад, мунтазир бишинад, ки тарҳи сохтмони ин нирӯгоҳҳои барои Қирғизистон ҳаётан муҳим “барои 2, 3, 5 ё ило 10 сол ях бибанданд.”

Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, дар сафари аввали ҳафтааш ба Маскав ин масъаларо бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва вазири энержии он кишвар Александр Новак баррасӣ кардааст: “Баҳор онҳо далелҳои дигар оварданд, мо ислоҳашон кардем, тобистон – далелҳои дигар оварданд, мо боз ҳама ислоҳашон кардем. Ҳоло – далелҳои тамоман дигар пеш меоранд. Ин метавонад беохир идома кунад. Ман сохтмонҳои гӯшти уштур хӯрда дӯст намедорам. Аз ин рӯ, ба Путин ошкоро гуфтам, ки мо бояд сармоягузори нав биҷӯем. Путин ҳам воқеъбин аст ва маро фаҳмид.”

Алмосбек Отамбоев пинҳон накард, ки даст кашидани Русия аз сохтани нирӯгоҳҳо дар Қирғизистон ба мушкилоти иқтисодиаш рабт дорад. Ӯ аз он изҳори таассуф кард, ки дар солҳои “пулдории Русия” натавонистанд ба шурӯи амалии сохтмони нирӯгоҳҳо ноил шаванд: “Вақте Русия пул дошт, худи мо масъаларо ба баҳс кашидем. Эътирозҳо баланд шуд, ки чаро ҳаққи Қирғизистон 50 фоиз аст, чаро 100 фоиз не? Мана, марҳамат, ҳамаи 100 фоиз аз шумо, қирғизистониҳо, бигиреду бисозед!”

Бишкек бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯди Норин, бахусус нирӯгоҳи Қамбар-Ота-1-ро барои даст ёфтан ба истиқлоли энержӣ ва табдил ёфтан ба як содиркунандаи умдаи нирӯи барқ дар минтақа хеле муҳим медонист. Отамбоев гуфт, Қирғизистон созишномаи CASA-1000-ро имзо кардааст ва тибқи он, бояд аз тариқи Тоҷикистону Афғонистон ба Покистон барқ бифурӯшад. Отамбоев гуфт, нархи ҳар киловатти барқ тибқи ин қарордод 9,41 сентро ташкил медиҳад, ки 5 сенташ даромади софи Бишкек аст: “Ин нархи хеле хуб аст. Мо бояд ӯҳдадориҳоямонро иҷро ва ин барномаро бо нирӯи барқ таъмин кунем. Вале аз куҷо? Ман, ростӣ, зиёд боварӣ надорам, ки ҳоло мо баъди хуруҷи Русия барои сохтани ин нирӯгоҳҳо сармоягузори нав пайдо карда битавонем.”

Русия дар соли 2012 барои бунёди нирӯгоҳи азими Қамбар-Ота-1 ва силсилаи нирӯгоҳҳои миёна дар Норини Боло ваъдаи сармоягузорӣ карда буд. Ҷамъи ҳазинаи бунёди ин нирӯгоҳҳо ҳудуди 3,2 миллиард доллар баровард мешуд. Қарор буд, нахустин нирӯгоҳҳо дар Норини боло алакай аз соли 2016 ба тавлиди барқ шурӯъ кунанд ва нирӯгоҳи Қамбар-Ота-1, ки иқтидори тавлидотии солонааш 5 миллиард киловаттро ташкил медиҳад, то соли 2021 сохта шавад. Аммо бо гузашти се сол аз ҷониби Маскав иқдоми амалие барои оғози ин сохтмонҳо рӯи даст гирифта нашуд ва як сабаби навмедии Отамбоев аз иҷрои тааҳҳудоти Маскав низ аз ҳамин беамалиҳои ҷониби Русия маншаъ мегирад.

Эрнест Қаробеков, коршиноси масоили энержии Қирғизистон рӯзи 25 декабр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, аз шартгузориҳои навбанави Маскав маълум буд, ки натиҷа ҳеҷ мешавад: “Русия мехост ин тарҳҳоро на аз ҳисоби буҷааш, балки аз тариқи қарзҳои бонкӣ бунёди нирӯгоҳҳо дар Қирғизистонро сармоягузорӣ кунад. Ин харҷи сохтмонро боло мебурд ва барои пас додани қарзи Русия нирӯи барқи тавлидшуда бояд ба қимати на камтар аз 9 сент фурӯхта мешуд. Аммо ба ин нарх кӣ мехарад нирӯи барқро?”

Ин коршиноси қирғиз ҳамчунин ба “дасти Тошканд” дар чунин тӯл кашидани музокирот барпои ҷалби сармояи Русия ба ин сохтмонҳои муҳим ишора мекунад ва мегӯяд, бидуни ҷалб ва моил кардани Узбакистон наметавон ягон тарҳи бузургро дар минтақа ҷомаи амал пӯшонд. Узбакистон ба ҳайси яке аз кишварҳои поёноб аз мухолифони шадиди бунёди нирӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст ва мегӯяд, бунёди ин нирӯгоҳҳо заминҳои кишташро бидуни об мегузоранд.

Бисёриҳо ҳанӯз 3 сол пеш ҳам ваъдаи сармояҳои Русия барои бунёди нирӯгоҳҳо дар Қирғизистонро як навъ муомила дар ивази тағйири хатти машши сиёсии Бишкек арзёбӣ мекарданд. Отамбоев барои ба худу ҳукуматаш моил кардани Маскав аз нирӯҳои Амрико тақозо кард, то маркази транзитии воқеъ дар фурудгоҳи Манас – як нуқтаи муҳим барои таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистонро тарк кунанд. Бишкек ҳамин тавр, ба тарҳҳову созмонҳои таҳти нуфузи Маскав, назири Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё алоқаи зиёд нишон медод ва дар иваз аз Русия ваъдаи беш аз 2 миллиард сармоягузорӣ гирифт.

Вале аксар ба ваъдаҳои сиёсиаш амал кардани Русияро зери шубҳа гузошта, аз айни ваъдаҳои сармоягузориаш ба иқтисоди Тоҷикистон ёдовар мешаванд. Русия ду дафъа – дар солҳои 1994 ва 2004 – барои сохтани нирӯгоҳи Роғун бо Тоҷикистон қарордод баста буд. Дар соли 2004 Маскав аз тариқи ширкати РусАл барои бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун ҳудуди 600 миллион доллар, барои бунёди як корхонаи нави алюминсозӣ ва ду коргоҳи нав дар назди корхонаи алюминсозии Турсунзода 670 миллион ва дар маҷмӯъ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ваъда дода буд. Вале аз он ҳама ваъдаҳо танҳо чизе ки амалӣ шуд, 15 гектар замини боғест, ки бо кумаки молии як бонки марбут ба шаҳрдории Маскав дар канори шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода бунёд шудааст.

Қирғизистон низ мисли Тоҷикистон, бо онки дар саргаҳи манобеи оби минтақа қарор доранд, даор мавсими сармо ба камбуди нирӯи барқ рӯбарӯст. Аммо ба фарқ аз Тоҷикистон, дар Қирғизистон лимити барқ нест, балки нирӯи барқи лозимашро дар фасли зимистон аз Қазоқистони ҳамсоя харидорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG