Дар ҳоле, ки мақомоти баландпояи Русия бо пахши баёнияҳои пай дар пай Тоҷикистонро бо бастари роҳи оҳан таҳдид кардааст, мақомоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон то ҳол аз ҳар навъ вокуниши расмӣ ба изҳороти мансабдорони баландпояи Русия худдорӣ мекунанд.
Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар қиболи иттиҳомоти мансабдорони Русия нисбат ба ҳолати вагонҳои хатсайри Душанбе- Маскав дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «ман ҳанӯз бо гурӯҳи раҳбаладони ин хатсайр мулоқот накардаам, бинобар ин ҳанӯз дар ин маврид ҳеҷ шарҳе дода наметавонам».
Владимир Мочалов муовини раиси Хадамоти марзбонии Русия дар пайи тафтиши вагонҳои Тоҷикистон рӯзи 14 апрел, таҳти раҳбарии ноиби нахуствазир Дмитрий Рогозин, дар вилояти Астрахан, хостори катъи ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон шуд. Геннадий Онишенко, раиси Росселхознадзор, ки дар ин рейд Рогозинро ҳамроҳӣ мекард, низ гуфта, ки идораи ӯ тафтиши мӯшикофонаи қаторҳои Тоҷикистонро идома хоҳад дод ва дар ғайри сурати рафъи камбудиҳо, низ аз пешниҳод қатъи ҳаракати ин қаторҳо ҳимоят хоҳад кард.
Дмитрий Рогозин ва Геннадий Онишенко рӯзи 14-уми апрел дар истгоҳи «Оқсарой-1»-и вилояти Астрахан қатори Душанбе-Маскавро тафтиш карда, аз вазъи бади беҳдоштии вагонҳо, бахусус, ошхонаи қатора, ки дар шароити ғайрисанитарӣ ғизо омода мешуд, ибрози нигаронӣ кардаанд. Онишенко гуфтааст: “дар ҳоле ки дар ошхонаи қатор яхдон нест, чи гуна хӯроки солим омода карда мешавад? Бояд кулли зарфҳои вагон доимо иваз шавад. Беҳтар аст, ки ин вагон –ошхонаро аз қатор хориҷ кунанд.”
Аммо дар ҳоле ки ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ меварзад, Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Маскав оид ба таҳдиди басташавии ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба сӯи Русия гуфт: “он қаторҳое, ки Тоҷикистон ба наздикӣ харидорӣ кард, аз ҳама қатораҳое, ки дар ин хатсайр равуо мекунанд, замонавитару навтар аст. Сифати ин вагонҳо ҳатто ба талаботи кишварҳои Аврупо ҷавобгӯ аст.”
Аммо мусофирони хатсайри қатори Душанбе – Маскав аз вазъи беҳдоштӣ ва фарсудаву таъмирталаб будани вогонҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки аз ҳуҷумҳои лафзии мақомоти Русия дилшикаста мешаванд. Аммо аз мақомоти тоҷик низ танқид мекунанд, ки бо ислоҳ накарадани камбудиҳо ва ба стандардҳои ҷаҳонӣ мутобиқ накардаи қаторҳои худ ба Русия барои танқиду тамассхур "дастак" медиҳад.
Ёдгор, як муҳоҷири тоҷик, ки чанде қабл тавассути қатор аз Маскав баргашт, мегӯяд: “Барои рахти хоб аз ҳар як мусофир 200 рублӣ меситонанд. Аммо рахтҳои хоб мисли ғалбер даридагиву фарсудаанд. Тирезаҳои вагон ҳам шикастагӣ аст. Аз ҳашт тирезаи як вагон ягонтоаш сиҳат нест ва нисфаш скочпеч шудаанд. Хуллас бо як азоб ба ҷои даркорӣ расидем ва фикр мекунӣ, ки ту дар поезд не дар як ароба сафар дорӣ”.
Дар солҳои қаблӣ қаторҳои мусофиркаш ба Русия аз Душанбе ва ҳам аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ҳаракат мекарданд. Феълан танҳо хаттсайри Душанбе-Маскав ва Хуҷанд- Маскав боқӣ мондааст, ки аввалӣ ҳафтаи 4 маротиба ва дувумӣ ҳафтае як маротиба ба роҳ медароянд. Бино ба ҳисобҳо, то 25 дарсад аз муҳоҷирони тоҷик ба Русия тавассути қатор сафар мекунанд ва пеш аз ҳама ба далели нисбат ба ҳавопаймо арзонтар будани қимати чипта, ки феълан аз 1247 сомонӣ барои платскарт то 1621 сомонӣ барои купе муқаррар шудааст. Ба иттилоъи Хадамоти муҳоҷират, аз 221 ҳазор муҳоҷири корие, ки Тоҷикистонро дар се моҳи соли ҷорӣ тарк кардаанд танҳо 15 ҳазораш бо қатор сафар кардаанд.
Иттифоқан тафтиши гӯё тасодуфии қатори Душанбе-Маскав дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки мавсими нави муҳоҷират шурӯъ шудааст.