Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нашри рекламаро дар сомонаҳои масдудшуда манъ кард


Русия нашри рекламаро дар сомонаи созмонҳое, ки дар ин кишвар "экстремистӣ" ё "номатлуб" эълом шудаанд, манъ кард.

Думаи давлатии Русия 25 июл лоиҳаи қонунеро дар ин бора дар қироати аввал қабул кард. Тибқи он, нашри реклама дар ҳамаи сомонаҳое, ки дастрасӣ ба онҳо дар ҳудуди Русия маҳдуд карда шудааст, манъ мебошад.

Дар шарҳи лоиҳаи қонун омадааст, шабакаҳои иҷтимоии "Instagram" ва "Facebook", ки ба ширкати "Meta" тааллуқ доранд ва дар Русия "экстремистӣ" эълом шудаанд, ба ин гуруҳи сомонаҳо шомил мешаванд.

Яке аз муаллифони лоиҳа ва вакили Думаи давлатии Русия Александр Хинштейн гуфтааст, ин шабакаҳои иҷтимоӣ бо вуҷуди масдуд будан, дар ин кишвар бинандаҳои зиёд доранд ва корбарон ҳанӯз ҳам бо истифода аз филтршиканҳо ба онҳо ворид мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 21 июни имсол ба порлумони Русия пешниҳод шуда буд. Думаи давлатӣ ибтидои имсол қонунеро низ қабул карда буд, ки нашри реклама дар сомонаҳои ба истилоҳ, "агенти хориҷӣ"-ро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG