Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар ним сол 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ним сол 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳудуди Русия ихроҷ (депортатсия) кардаанд.

Гулнора Ҳасанзода, вазири кор ва муҳоҷират, рӯзи 6-уми август дар суҳбат бо хабарнигорон сабаби ронда шудани муҳоҷиронро гуногун, аз ҷумла риоя накардани қонунҳои Русия, донист. Вай нагуфт, ки тоҷикон ҳадафи ситези амдии мақомоти давлатии Русия қарор гирифтаанд. Қаблан даҳҳо муҳоҷирон шикоят доштанд, ки мақомоти Русия гоҳе онҳоро беасос ва барқасдона дастгир ва аз ин кишвар берун кардаанд. Як бахши умдаи ихроҷҳо дар фурудгоҳҳои Русия ба амал омадааст.

"Дар умум, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 380 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, бозгашти онҳо дар ин давра каме бештар аз 324 ҳазор нафарро ташкил медиҳад," – афзуд вазир.

Ӯ гуфт, муҳоҷирати кории тоҷикистониҳо дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли равон 16 дарсад кам ва бозгашти онҳо ба кишвар 3 дарсад бештар шудааст.

Омори мақомоти Тоҷикистон дар бораи теъдоди муҳоҷирон солҳои гузашта шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

XS
SM
MD
LG