Баҳси Душанбеи наву кӯҳна дар мизи гирди Радиои Озодӣ
Дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақа сохта шавад. Радиои Озодӣ Ғафур Шерматов, кишваршиноси тоҷик ва тарафдори мондани биноҳои куҳна дар Душанбе ва Вячеслав Юлдошев, узви шӯрои шаҳрсозони Душанбе ва аз ҷонибдорони вайрон кардани биноҳои куҳнаро ба сари як миз даъват кард.