Маросими ҷоизасупорӣ шаби 28-уми октябр дар пойтахти Фаронса - Порис доир гардид.
Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ 2024»-ро ба Родри ягона барандаи «Тӯби тиллоӣ» аз Африқо Ҷорҷ Веа супурд. Ин аввалин «Тӯби тиллоӣ» дар корномаи Родри ба шумор меравад.
Тобистони имсол Родри (Родриго Эрнандес) дар ҳайати тими миллии Испания қаҳрамони Аврупо шуд. Вай, инчунин, бо бошгоҳи худ барои чаҳорумин бор пайиҳам дар Премйер-Лигаи Англия ғолиб омад.
Родри дар таърихи бошгоҳи инглисӣ аввалин бозигаре шуд, ки аз рӯи фарзияи маҷаллаи France Football беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф гардид.
Пас аз Родри узви дастаи «Реал»-и Мадрид Винисиус Жуниор дувумин бозигари беҳтарини ҷаҳон аз ҷониби France Football интихоб шуд. Ҷойҳои севуму чаҳорумро дар раъйдиҳӣ мутаносибан Ҷуд Беллингем ва Дани Карвахал (ҳарду аз «Реал»-и Мадрид) ишғол карданд.
Ба ғайр аз ҷоизаи «Беҳтарин футболбози сол”, инчунин дар маросими ботантана ҷоизаҳои дигар, ба мисли «Беҳтарин футболбоззани сол», «Беҳтарин дарвозабон», «Беҳтарин бозигари ҷавон» ва ғайра ба соҳибонашон тақдим шуд.
“Тӯби тиллоӣ-2024”
30 футболбози беҳтарини ҷаҳон аз рӯи фарзияи нашрияи фаронсавии France Football:
- Родри («Манчестер Сити»);
- Винисиус Жуниор («Реал» Мадрид);
- Ҷуд Беллингем («Реал» Мадрид);
- Дани Карвахал («Реал» Мадрид);
- Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити»);
- Килиан Мбаппе («Реал» Мадрид);
- Лаутаро Мартинес («Интер» Милан);
- Ламин Ямал («Барселона»);
- Тони Кроос («Реал» Мадрид, ҳоло карйерааш ба поён расид);
- Гарри Кейн («Бавария»);
- Фил Фоден («Манчестер Сити»);
- Флориан Виртс ( «Байер»);
- Дани Олмо («Барселона»);
- Адемола Лукман («Аталанта»)
- Нико Уилямс («Атлетик» Билбао);
- Гранит Ҷака («Байер»);
- Федерико Валверде («Реал» Мадрид);
- Эмилиано Мартинес («Астон Вилла»);
- Мартин Эдегор («Арсенал»);
- Ҳакан Чалҳаноғлу («Интер» Милан);
- Букайо Сака («Арсенал»);
- Антонио Рюдигер («Реал» Мадрид);
- Рубен Диаш («Манчестер Сити»);
- Вилям Салиба («Арсенал»);
- Коул Палмер («Челси»);
- Деклан Райс («Арсенал»);
- Витиня («ПСЖ»);
- Алехандро Грималдо («Байер»);
- Матс Ҳуммелс («Рома»);
- Артём Довбик («Рома»).