Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соати гаронбаҳои домоди президент. "RM UP-01 Ferrari"-и Отабек Умаров аз куҷост?


Отабек Умаров, домод ва муовини раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон аст
Отабек Умаров, домод ва муовини раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон аст

Як акси Отабек Умаров, домоди раиси ҷумҳури Узбекистон, ки блогер Санҷар Хоҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст, баҳс барангехт.

Дар ин акс ходими соҳаи варзиш ва муовини раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон бо соати "Richard Mille RM UP-01 Ferrari" тасвир ёфтааст. Арзиши онро то ду миллион доллар арзёбӣ мекунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Узбекистон ин суолро дар миён гузоштаанд, ки Отабек Умаров ба ҳайси корманди давлатӣ чӣ гуна тавонистааст чунин соати гаронбаҳо бихарад.

"Соати ходими давлатӣ Отабек Умаров, ки аз ҳисоби андозсупорандаҳо маош мегирад, ба 1 миллиону 880 ҳазор доллар баробар аст. Яъне, нафақаи ҳармоҳаи 32 ҳазору 932 бознишастаи узбек?" -- навишт блогер Санҷар Хоҷа.

Соати "Richard Mille UP-01 Ferrari" як намунаи нашри маҳдуд аст. Дар ҷаҳон ҳамагӣ 150 нусхаи он вуҷуд дораду бас.

Блогер Санҷар Хоҷа пурсидааст, "чӣ гуна як корманди давлатӣ аз ҳисоби маошаш чунин соат харида? Оё эъломияи даромад дорад? Андоз супоридааст?" На худи Отабек Умаров ва на намояндагони дигари ҳукумати Узбекистон то ҳол дар бораи навиштаи Санҷар Хоҷа изҳори назар накардаанд.

Корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди он шарҳ навишта, андешаҳои худро гуфтаанд. Бархе бовар доранд, ки ин соати гаронбаҳо ҳосили муомилаҳои пинҳонӣ ва ришваситонист.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ маълумот надорад, ки Отабек Умаров кай ва чӣ гуна соҳиби ин соати гаронбаҳо шудааст. Вале чанд дафъа даст доштани ӯ ва наздиконашро дар додугирифти шубҳабарангез собит кардааст. Аз ҷумла, дар таҳқиқоти охири бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд, ки шахсони наздик ба Умаров аз воридоту фурӯши газ дар Узбекистон садҳо миллион доллар фоида мебинанд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, бо аъзои оилааш. Тошканд, моҳи июли соли 2023
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, бо аъзои оилааш. Тошканд, моҳи июли соли 2023

Отабек Умаров аз рӯйи вазифааш мансабдори сатҳи миёна ба ҳисоб меравад, вале ӯро "шахси муҳиму паси парда" дар миёни элитаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳукумати Узбекистон медонанд. Вай бо меҳмонҳои баландпояву шайхони араб мулоқот карда, худро ба ҳайси пуштибони варзиш дар Узбекистон низ намоиш медиҳад.

Унсури муҳим дар рушди имиҷи Умаров пеш бурдани бренди "7Saber" аст. Ин рамз аз соли 2021 ба чархиш даромад ва ба таври мустақим бо гурӯҳи Ultimo Group робита дорад.

Ultimo Group се сол пеш ба таври ногаҳонӣ ба як миёнрави қарордодҳои газии Узбекистон табдил ёфт, аммо вебсайти фаъол ё дигар муаррифии оммавӣ надорад ва яке аз соҳибони расмии он нафақахӯрест, ки ҳеч гоҳ дар тиҷорат набудааст.

Отабек Умаров дар соли 2007 бо Шаҳноза Мирзиёева, духтари хурдии Шавкат Мирзиёев, оила барпо кард. Мирзиёева дар мансаби муовини аввали раиси Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунад. Пештар сардори яке аз раёсатҳои Вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон буд.

Созмони Шаффофияти Байнулмилал (Transparency International) дар гузориши худ гуфтааст, ҳарчанд дар давраи Мирзиёев "дар роҳандозии ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ пешрафти муайяне ҳосил шуд… Узбекистон бо мизони баланди фасод, хешутаборбозӣ ва суистифода аз қудрат як кишвари худкома мемонад".

XS
SM
MD
LG