Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маликаи нави Узбекистон? Афзоиши нуфузи Саида Мирзиёева ва муқоисаи ӯ бо Гулнора Каримова


Саида Мирзиёева ва Гулнора Каримова
Саида Мирзиёева ва Гулнора Каримова

Духтари калонии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, ба яке аз чеҳраҳои барҷаста дар ин кишвар табдил шудааст.

Саида Мирзиёеваи 36-сола дар мулоқоти расмӣ иштироку суханронӣ мекунад, ба минтақаҳои Узбекистон ва хориҷ аз он сафари корӣ анҷом медиҳад. Модари се фарзанд, ба мисли аъзои дигари клани Мирзиёевҳо, ба маъракаҳои фарҳангӣ ва хайрия низ ҳамроҳ мешавад.

Афзоиши нуфузи Мирзиёева ногузир сабаби муқоисаи ӯ бо Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, шудааст. Касе, ки як замон машҳуру таъсиргузор буд, вале баъдан ба ҳабси хонагиву зиндон уфтод.

Ба фарқ аз Каримова, ки маҷмӯи ширкатҳои судоварро назорат мекард, Мирзиёева мустақим ба тиҷорат машғул нест. Аммо шавҳараш, Ойбек Турсунов, дар чанд муомилаи сармоягузорӣ ва бонкӣ даст дорад, ки бино ба хабарҳо баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиеёв дар соли 2016 имзо шудааст. Турсунов дар дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон кор мекунад.

Шавкат Мирзиёева бо хонаводааш
Шавкат Мирзиёева бо хонаводааш

Саида Мирзиёева аз моҳи феврали соли 2020 муовини раиси Бунёди ҷамъиятии кумак ва рушди расонаҳои миллӣ дар Узбекистон аст. Пештар муовини мудири Оҷонси иттилоот ва иртибототи назди дастгоҳи президенти Узбекистон буд ва амалан ноиби мушовири раиси ҷумҳур ба шумор мерафт. Ин Оҷонсӣ, ки дар оғози соли 2019 аз тарафи Мирзиёева ташкил шуд, кори расонаҳо ва хадамоти матбуотиро назорат мекунад.

Мирзиёева худро ҳамчун мудофеи ҳуқуқи занону журналистон нишон медиҳад. Дар Узбекистоне, ки танқиди оилаи президент номумкин ва озодии баён маҳдуд аст, расонаҳои давлатӣ фаъолияти духтари раиси ҷумҳурро бе ягон шарҳи "манфӣ" бозтоб медиҳанд.

Оҷонси миллии иттилоотии Узбекистон низ ба ин иқдом пайваст ва рӯзи 4-уми ноябри соли 2019 ҷашни 35-солагии Саида Мирзиёеваро "воқеаи муҳимтарини рӯз" номид.

Мирзиёева дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи зиндагии шахсии худ нақл мекунад ва акси шавҳару фарзандонаш, аз ҷумла Шавкати панҷмоҳаро мегузорад. Вай писарашро ба шарафи падари худ Шавкат ном ниҳодааст.

Саида Мирзиёева ҳангоми сафари корӣ дар як ноҳияи Тошканд
Саида Мирзиёева ҳангоми сафари корӣ дар як ноҳияи Тошканд

Чанде пеш духтари президенти Узбекистон барои иштирок дар маъракаи кумак ба нобиноён ба шаҳри Қаршӣ рафт. Рӯзноманигорони маҳаллӣ гуфтанд, омодагӣ барои истиқбол аз ӯ чунон ҷиддӣ буд, ки "гуё раиси ҷумҳурро пешвоз мегирифтанд".

Шахсоне, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, гуфтанд, Маркази журналистон дар Қаршӣ, ҷое, ки Саида Мирзиёева бояд ба онҷо мерафт, ногаҳон бозсозӣ шуд. Дар аксҳое, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ дастрас кард, дида мешавад, чанд коргар дар толор раф месозанд ва занон дар онҷо китоб мегузоранд. Ба қавли журналистон, ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда, дар рӯйи ҳавлии бино гул шинондаанд.

Дар Узбекистон на танҳо сафарҳои кории Мирзиёева боис ба тааҷҷубу ҳайронӣ мешавад. Моҳи октбяри соли 2019 дар Интернет наворе паҳн шуд, ки дар он Саида Мирзиёева бо хоҳари хурдияш Шаҳноза ва шавҳаронашон дар як зиёфат ҳастанд. Ҳамон тавр ки хабар дода шуд, ин зиёфат баъд аз барномаи ҳунарии овозхони рус, Полина Гагарина, дар шаҳри Тошканд ташкил шудааст.

Дар видео хоҳарон суруд мехонанд ва ҳамроҳи меҳмонон хурсандӣ мекунанд.

Хабаргузориҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дарҳол зиндагии духтарони Шавкат Мирзиёевро бо духтарони Ислом Каримов (Гулнора ва Лола) муқоиса карданд. Дар гузашта онҳо бо иштирокашон дар шабнишиниҳо дар Тошканд маъруф будаанд. Як хабаргузорӣ видеои охирро "моҷаро" дар оилаи Мирзиёева номид, дигарон пурсиданд, магар таърих дар Узбекистон такрор мешавад?

Шаҳноза Мирзиёева
Шаҳноза Мирзиёева

Шаҳноза Мирзиёева, духтари дигари Шавкат Мирзиёев, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон аст. Шавҳараш, Отабек Умаров, муовини раиси хадамоти амнияти президент аст ва ҳамзамон ду федератсияи варзиширо раҳбарӣ мекунад.

Ҳарчанд дар зиёфат чизи ғайриодие мушоҳида нашуд, чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, чунин рафтори духтарони президент ба шаҳрвандони одӣ хуш намеояд, чун бисёре аз онҳо дар шароити фақру дастнигарӣ ба сар мебаранд.

Ҳадди миёнаи маоши якмоҳа дар пойтахти Узбекистон ҳудуди 270 доллар ва дар шаҳрҳои начандон калон ва минтақаҳо аз ин ҳам камтар аст. Фасоди густарда ва набудани ҷойи кофии кор миллионҳо шаҳрванди Узбекистонро маҷбур кардааст, ки ба Русияву Қазоқистон, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия ва кишварҳои аврупоӣ муҳоҷират кунанд.

Гулнора Каримова ва Лола Каримова-Тиллоева
Гулнора Каримова ва Лола Каримова-Тиллоева

Гулнора Каримова, духтари 48-солаи президенти пешини Узбекистонро соли 2014 ба ҳабси хонагӣ гирифтанд, замоне ки падараш дар сари қудрат буд. Ислом Каримов соли 2016 даргузашт. Моҳи декабри соли 2017 Каримоваро ба 10 сол зиндон маҳкум карда, дертар оонро ба ҳабси хонагӣ иваз намуданд ва муҳлаташро то панҷ сол поин оварданд. Дар соли 2019 дубора ба зиндон андохтанд.

Мақомоти Узбекистон дар моҳи марти соли 2020 Гулнора Каримоваро ба тамаъҷӯӣ, пулшӯйӣ ва ҷиноятҳои дигар муҷрим шинохта, ба 13 соли дигари зиндон маҳкум карданд.

Духтари хурдии Каримов, Лола Каримова-Тиллоева, ҳоло дар хориҷ аз Узбекистон аст. Бино ба баъзе хабарҳо, баъд аз соли 2016, чанде аз ширкатҳои зери итоати шавҳараш, Тимур Тиллоев ва хонаводаи ӯро дар Узбекистон гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG