Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз сабқати ҷаҳонии дзюдо бе медал


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ноком шуданд.

Дар сабқати ҷаҳонӣ, ки аз 27-ум август то 1-уми сентябр баргузор шуд, 673 варзишгар (415 мард ва 258 зан) аз 123 кишвар дар рақобатҳои инфиродиву дастаӣ ширкат доштанд. Тоҷикистонро чаҳор гуштигир - Расул Абдушарифов, Фарҳод Раҳимов, Парвиз Собиров ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ карданд.

Нахуст Расул Абдушарифов дар вазни то 66 кг рақобат кард. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар рақибаш Ҳелио Зембула аз Ангола пирӯз шуд. Вале Расул дар даври баъдӣ аз Сиябулела Мабулу аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гашт.

Фарҳод Раҳимов низ дар вазни то 81 кг дар даври аввал рақиб надошт. Вай дар даври дувум бар Кодо Накано аз Филиппин дастболо шуд. Вале баъдан аз Иван Нифонтови русиягӣ шикаст хӯрд ва аз медал бенасиб монд.

Парвиз Собиров дар вазни то 90 кг дар аввалин қувваозмоияш аз Валентин Грекови украинӣ ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал аз Тэдди Ринер аз Фаронса шикаст хӯрданд.

Голибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо
Мардон

- 60 кг

1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
2. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
3. КИМ Вон Чин (Кореяи Ҷанубӣ))
3. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
-66 кг
1. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
2. МУКАНОВ Азамат (Қазоқистон)
3. ФУКУОКА Масааки (Ҷопон)
3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)
-73 кг
1. ОНО Шохеи (Ҷопон)
2. ЛЕГРАНД Уго (Фаронса)
3. ЭЛМОНТ Дэкс (Нидерланд)
3. ВАН ТИЧЕЛТ Дирк (Белгия)
-81 кг
1. ПИЕТРИ Луис (Фаронса)
2. ЧРИКИШВИЛИ Автандил (Гурҷистон)
3. ШМИТТ Алан (Фаронса)
3. ВОРОБЁВ Иван (Русия)
- 90 кг
1. ГОНЗАЛЕЗ Эшли (Куба)
2. ЛИПАРТАЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
3. ДЕНИСОВ Кирилл (Русия)
3. ИЛИАДИС Илиас (Юнон)
- 100 кг
1. МАМАДОВ Элхан (Озарбойҷон)
2. ГРОЛ Хенк (Нидерланд)
3. КУРБОНОВ Соиб (Узбакистон)
3. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
+ 100 кг
1. РИНЕР Тедди (Фаронса)
2. СИЛВА Рафаэл (Бразилия)
3. ТОЭЛЗЕР Андреас (Олмон)
3. ОКРУАШВИЛИ Адам (Гурҷистон)

Дар ин мусобикаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардону занон намояндагони 37 кишвар соҳибони медалҳо шуданд. Гуштигирони 10 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Ба ин тартиб дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷи) ҷойи аввалро гирифт. Фаронса бо касби 7 медал (2+2+3) дувум ва Куба бо касби 2 медали тилло севум шуданд.

Дар байни 10 дастаи беҳтарин Бразилия (1+3+2), Муғулистон (1+1+0), Озарбойҷон (1+0+1), Кореяи Шимолӣ , Исроил, Косово ва Колумбия – ҳар кадом бо 1 медали тилло ҷойгир шуданд.

Ҳамзамон дар Рио-де-Жанейро Кунгураи Федеросиюни байналмилалии дзюдо баргузор шуд, ки дар он боз Мариус Визер якдилона президенти IJF интихоб гардид.
XS
SM
MD
LG