Раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи табобат ва ҷараёни аз Амрико ба Душанбе овардани Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷикро зери назорати худ гирифтааст. Бозор Собири 79-сола як ҳафта боз дар бемористони Сиэттли Амрико бистарист.
Хадамоти матбуоти президент рӯзи 7-уми апрел гуфт, ду рӯз боз сафири Тоҷикистон дар Амрико Фарҳод Салим ва намояндаи кишвар дар Созмони Милал Маҳмадамин Маҳмадамин низ дар паҳлуи Бозор Собир ҳастанд. “Як гуруҳ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба табобати бемор машғуланд”, - афзудааст манбаъ.
Устод, бархезу биё дар ҳалқаи дустону хешу табор боз беҳтар мешавӣ, рӯи по мехезӣ, қувват мегирӣ”... дилбардорӣ кардам... Дигар аз дасти мо чӣ меояд?
"Устод, бархезу биё Тоҷикистон..."
Хешу табор ва наздикони Бозор Собир, шоири тавонои тоҷик мегӯянд, бо бистарӣ шудани ӯ дар як клиникаи Амрико, хобу роҳатро аз даст дода, ҳар лаҳза ба фарзандони ӯ дар Сиэттл занг мезананд. Ба нақли онҳо вазъи саломатии Бозор Собир баъди мариз шудани шуш ва роҳҳои нафасаш сангин шудааст. Вале тасдиқи дурустии ин диагноз феълан имкон надорад.
Рӯзи 5-уми апрел ҳамсари Бозор Собир – Гулчеҳра Собир ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд рӯз шуд вазъи саломатии шоир бад шуда ҳоло дар ҳолати сангин ба сар мебарад. Вале нагуфт, ки иллати бемории шоири 79-сола чист.
Навори видеоӣ дар инҷост:
Аз Сиэттл чӣ хабар?
Масъуд Собир, додарзодаи Бозор Собир рӯзи 6 апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хешовандон, ҳамдиёрон ва алоқамандони амакаш ҳар лаҳза тамос мегиранд ва мепурсанд,ки “аз Сиэтли Амрико чӣ хабар?”. Вай рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Душанбе гуфт:
“Мувофиқи ташхиси пизишкон шушҳои Бозор Собир об гирифта бар асари кашидани рутубати зиёд ва хунукзадагӣ аз кор мондаанд. Вазъи саломатиаш бисёр вазнин аст. Вале вақте аз ман мепурсанд, ки чӣ аҳвол доранд, ман ором мекунам ва мегӯям, иншоллоҳ, ҳатман хуб мешаванд ва мегӯям, ки ҳатман Бозор Собир ба Тоҷикистон оварда мешавад”.
Рӯзи 5 апрел дар як дастури президенти Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати кишвар дар Амрико ва намояндагии расмӣ дар Созмони Милали Муттаҳид супориши қатъӣ додааст, то "барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кумаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани Бозор Собир мусоидат намоянд”. Масъуд Собир гуфт, хонавода аз ин кӯмаки саривақтӣ миннатдор аст.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷо нашр мешавад
“Ҳавоси гап задан надошт”
Овозхони маъруфи Тоҷикистон Саидқул Билолов аз ҷумлаи ҳунаромандоне, ки бахши аъзами оҳангу тарона ва сурудҳояш бар ашъори Бозор Собир суруд шудааст, ин шабу рӯз ҳамчунин дар ҳақи устод дуо мекунад, ки зудтар шифо ёбад:
“Гуям дуову умри абад хоҳам аз Худо,
То умри хеш сарф кунам дар дуои ту”
Саидқул Билолов ба таронаҳои худ, ки бар шеърҳои Бозор Собир оҳанг бастааст, ишора намуда мегӯяд, хабари бемории устод ӯро шадидан нигарон кардааст. “Ман бо ҳар роҳе талош мекунам бо дӯстоне, ки бо Амрико дар тамос ҳастанд, дар бораи саломатии Бозор огоҳ шавам. Рузи якшанбе буд. Дар тамос бо Сиэтл мехостам бо Бозор суҳбат кунам, ки овози устод ба гушам омад, ки “ҳавоси гап задан надорам” гуфт. Ман бо овози баланд гуфтам, ки “устод, бархезу биё дар ҳалқаи дустону хешу табор боз беҳтар мешавӣ, рӯи по мехезӣ, қувват мегирӣ”... дилбардорӣ кардам... Дигар аз дасти мо чӣ меояд?”.
Саидқул Билолов як шеъри Бозор Собирро замзама кард ва ва гуфт:
Дар хонаи ҳар касе зан даркор аст,
Яъне ки фариштаву малак даркор аст,
Бар соати маргу мотамам бар сари ман,
Як хоҳараки гирякунак даркор аст.
Саидқул Билолов меафзояд, то гирифториаш ба ин беморӣ борҳо даъват намудем, ки ба Тоҷикистон баргардад, вале гуфт, ки назди фарзанду набераҳо меравад.
Рӯзи 5 апрел ҳамсари шоир Гулчеҳра Собир аз бемористони шаҳри Сиэттл ва дар ҳоле, ки садояш ошуфтаву нигарон буд, дар шарҳи вазъи саломатии ҳамсараш гуфт: "Сахт маззааш нест. Дар бемористон дар паҳлӯяш истодаам. Тамоман сиҳат нестанд." Аммо ӯ дар бораи диагнози Бозор Собир чизе нагуфт.
Амрико - хонаи дуюми Бозор Собир
Бозор Собири 79-сола дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар солҳои 1970-80-ум дар саргаҳи ҷунбиши бедорӣ қарор дошт ва аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80-ум ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - порлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.
Соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонда шуд ва дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.
Бозор Собир соли 2013 дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омад ва гуфт, дигар дар Тоҷикистон хоҳад зист. Аммо дар як суҳбати қаблиаш дар соли 2016 бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски фарзандону набераҳояш дар он сӯи Уқёнус ҳастанд, гоҳ-гоҳе ба дидорбиниашон меравад.