Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев, ҳамсараш ё писараш? Раъйпурсии баҳсбарангези Озарбойҷон


Илҳом Алиев ҳангоми раъйдиҳӣ
Илҳом Алиев ҳангоми раъйдиҳӣ

Озарбойҷониҳо барои иштирок дар референдуми ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар, ки интизор меравад қудрати раиси ҷумҳури феълӣ Илҳом Алиевро мустаҳкам кунад, роҳи ҳавзаҳои овоздиҳиро пеш гирифтаанд. Ҳавзаҳои райъдиҳӣ рӯзи 26 сентябр соати 8-и субҳ боз шуданд ва соати 7-и бегоҳ баста мешаванд.

Агар ин дигаргунӣ тасвиб шавад, Илҳом Алиеви 54-сола, ки қудратро дар соли 2003 аз падари бемораш ба мерос гирифта буд, ба ҷойи соли 2018, интихоботи раёсати ҷумҳурро дар соли 2020 баргузор мекунад.

Реферундуми ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосии Озарбойҷон 29 суолро ба райъдиҳандагон пешниҳод кардааст. Райъдиҳандаҳо дар ин кишвари шадидан таҳти назорати Қафқози Ҷанубӣ, набояд ба ҳамаи пешниҳодҳо “ҳа” ё “не” бигӯянд, балки метавонанд, пешниҳодоти алоҳидаро ё қабул кунанд ё ба он ҷавоби радд диҳанд.

Агар бештар аз 50 дар сади сокинони ҳаққи раъй аз ин пешниҳодҳо пуштибонӣ кунанд, онҳо қабулшуда ҳисоб меёбанд ва агар ҳадди ақалл 25 дар сади овоздиҳандаҳо дар реферундум иштирок кунанд, ин маърака қонунӣ унвон мешавад. Ҷараёни овоздиҳӣ аз ҷониби нозирони Ассамблеяи Порлумонии Шӯрои Аврупо назорат мешавад. Муҳимтарин банди тағйирот ин тамдиди муҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол аст.

Агар ин дигаргунӣ тасвиб шавад, Илҳом Алиеви 54-сола, ки қудратро дар соли 2003 аз падари бемораш ба мерос гирифта буд, ба ҷойи соли 2018, интихоботи раёсати ҷумҳурро дар соли 2020 баргузор мекунад. Озарбойҷон маҳдудияти интихоби президентро ба ин мақом дар соли 2009 лағв кард ва акнун президент Алиев ин имконро пайдо мекунад, ки баъди ҳар як ҳафт сол дубора интихоб шавад.

Тағйири синни номзад ба президентӣ

Тағйири дигар таъсиси мақоми ду ноиби раиси ҷумҳур аст, ки ҳарду ҳам аз ҷониби президент таъин ва аз мақом сабукдӯш мешаванд. Дар ҳолате ки агар раиси ҷумҳур натавонад, масъулияташро иҷро кунад, салоҳиятҳои ӯ ба ноиби аввали президент интиқол меёбанд, на ба нахуствазир, ки номзадияшро порлумон тасвиб мекунад.

Пешниҳоди дигар, ки қудрати президентро боз ҳам таҳким медиҳад, ин салоҳияти даъвати интихоботи пеш аз муҳлат ва пароканда намудани порлумон аст, агар порлумон ду дафъа дар як сол ба ҳукумати пешниҳодшуда адами эътимод ё номзадҳои президентро ба мансабҳои калидӣ рад кунад. Синну соли миёнаи номзад ба мақоми президентӣ, ки феълан 35-сола аст, лағв мешавад ва синни номзадҳо ба порлумон аз 35 то 18 коҳиш меёбад.

Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон Алиева
Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон Алиева

Мақомоти Озарбойҷон аз пешниҳодоте, ки ба референдум ироа шудаанд, ҳамчун заминаи эътидол ва демократия ҳимоят мекунанд, дар ҳоле ки мухолифини ҳукумат ва мунтақидон мегӯянд, ҳадафи ин маърака тамдид ва таҳкими қудрат дар панҷаи Илҳом Алиев ва хонаводаи ӯ аст.

Кӣ ноиби президент мешавад? Ҳамсараш ё писараш?

Ҳадсу гумонҳое дар Озарбойҷон дар гардишанд, ки Илҳом Алиев мақоми ноиби президентро барои ҳамсараш Меҳрубон Алиева таъсис медиҳад ва ё барои писари 19-солааш Ҳайдар Алиев. Ҳамсари раиси ҷумҳур Меҳрибон Алиева дар мақоми ноиби раиси Ҳизби “Озарбойҷони нав” фаъолият мекунад.

Соли 2002 ва 2009 низ Озарбойҷон реферундум ё назархоҳии умумиро дар заминаи ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни асосӣ баргузор карда буд, ки олуда ба тақаллуб буд ва аз он танҳо хонаводаи Алиев баҳра бардошт. Комиссияи Венетсиягии Шӯрои Аврупо, ки дар масоили марбут ба Қонуни асосӣ машварат медиҳад, рӯзи 20 сентябр гуфт, ки бахши умдаи пешниҳодҳои назархоҳии умумии Озарбойҷон тавозуни қудратро дар ин кишвар баҳам мезанад ва салоҳияти бенамунаро ба президент медиҳад.

Эътирози мухолифон дар Боку
Эътирози мухолифон дар Боку

Ин ниҳод, инчунин, шеваи шитобкоронаи назарсанҷии умумиро бидуни баҳсҳои зарурӣ дар порлумон танқид кардааст. Аммо Илҳом Алиев ин натиҷагириро шитобзада ва дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст. “Инҳо бо мо бо лаҳни ултиматум сӯҳбат мекунанд”, - гуфт президент Алиев рӯзи 21 сентябр дар Боку. Ӯ пофишорӣ дорад, ки тағйирот ба Қонуни асосӣ дар пешбурди ислоҳот ба ҳукумат кумак мекунад.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мақомоти Озарбойҷонро дар эҷоди мавҷи нави саркӯбӣ бо ҳадафи хомӯш кардани садои мунтақидон дар остонаи назархоҳии умумӣ муттаҳам карданд. Теъдоде аз фаъолон боздошт шуданд, ё мавриди хушунат қарор гирифтанд ва ё ҷарима шуданд. Озарбойҷони ғанӣ аз нафт солҳои ахир бинобар поин рафтани қиммати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст.

XS
SM
MD
LG