Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То мурдан - дар қудрат


Маросими дафни президенти Кореяи Шимолӣ дар соли 2011 ба як мотами сартосарӣ табдил шуд
Маросими дафни президенти Кореяи Шимолӣ дар соли 2011 ба як мотами сартосарӣ табдил шуд

Ислом Каримов, раҳбари Узбакистон, ки 25 соли боз сари қудрат аст, дучори сактаи мағзӣ шуд. Коршиносон панҷ рӯзи охир баҳс мекунанд, ки чӣ нафаре метавонад салоҳиятҳои раҳбари ин кишвари Осиёи Марказиро ба ӯҳда гирад. Телевизиони "Настоящее Время" ба таҳаввулоти бархе кишварҳо баъди марги раҳбарони доимии онҳо назар кардааст.

Ҳайдар Алиев. Озарбойҷон

Ҳайдар Алиев соли 1993 президенти Озарбойҷон шуд ва 10 сол сари қудрат буд. Ӯ ният дошт, ки соли 2003, барои бори севум номзадиашро дар интихобот пешбарӣ кунад, вале саломатиаш бад шуд. Вай барои муолиҷа нахуст ба Туркия ва баъдан ба Амрико рафт ва дар ҳамон ҷо рӯзи 12-уми декабр даргузашт.

Ҳайдар Алиевро дар эҷоди режими худкома айбдор мекунанд, ки Озарбойҷонро аз рӯи рейтинги коррупсияи созмони Transparency International дар мақоми 119-ум ҷой додааст. Соли 2002 дар Озарбойҷон раъйпурсии тағйири Конститутсияи ин кишвар баргузор шуд ва ба нахуствазири ин кишвар ҳақ дод, ки дар сурати марги президент раҳбариро ба ӯҳда гирад.

Ҳайдар ва Илҳом Алиевҳо
Ҳайдар ва Илҳом Алиевҳо

Моҳи августи соли 2003 Илҳом Алиев, писари Ҳайдар Алиев нахуствазири ин кишвар шуд. Ду ҳафта пеш аз интихоботи навбатии президентӣ, ки моҳи октябри соли 2003 таъйин шуда буд, дар телевизиони давлатии Озарбойҷон муроҷиати Ҳайдар Алиев ба мардумро қироат карданд. Дар ин изҳорот гуфта мешуд, ки президент ба фоидаи писари худ аз қудрат канор меравад.

Созмони Human Rights Watch он вақт навишт, ки интихобот ба фоидаи Алиеви хурдӣ тақаллуб шуд: мақомот ба ҳимояи қарори мазкур садо баланд карданд, аз баргузории ҳамоишҳои эътирозии мухолифон пешгирӣ ва талош карданд, ки шумори эътирозгаронро маҳдуд кунанд. Human Rights Watch гуфт, ки пулис чанде аз мухолифонро боздошт ва ё латту кӯб кард.

Баъди ин, Илҳом Алиев ду дафъаи дигар президент интихоб шуд ва то ҳол раҳбарии Озарбойҷонро ба ӯҳда дорад.

Сафармурод Ниёзов. Туркманистон

Сафармурод Ниёзов соли 1985 раҳбари Туркманистони Шӯравӣ шуд. Соли 1990 ӯ дар интихобот бо 98,3% овозҳо ғолиб омад. Соли 1992 Туркманистони мустақил Конститутсияи навро қабул кард ва Ниёзов ин навбат бо 99,5%-и оро барандаи интихобот эълон шуд. Дар референдуми соли 1994 салоҳиятҳои Ниёзов бидуни баргузории интихобот то соли 2002 тамдид карда шуд. Вале соли 1999 порлумон барои президентии якумрии Ниёзов, ки ӯро аллакай он замон Туркманбошӣ, яъне раҳбари туркманҳо ном мебурданд, овоз дод.

Кабинети вазирони Туркманистон. Соли 1994
Кабинети вазирони Туркманистон. Соли 1994

Ягона писари Ниёзов ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти сиёсии кишвар иштирок накардааст ва соли 2006 бори охир аз номи Туркманистон дар музокирот бо Имороти Муттаҳидаи Араб иштирок кардааст. Бархе таҳлилгарон мегуфтанд, ки эҳтимол Ниёзов писари худро барои тахт омода мекунад, вале декабри соли 2006 ӯ ногаҳон даргузашт ва писари ӯ ҳатто номзадиашро ба интихобот пешбарӣ накард.

Аз рӯи Конститутсияи Туркманистон баъди марги Ниёзов кишварро бояд раиси порлумон раҳбарӣ мекард, вале бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ барои сӯиистифода аз қудрат боз карданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, як шахси то он замон начандон шинохта президенти Туркманистон шуд. Ӯ дар мақомҳои муовини раиси ҳукумат ва ҳам вазири беҳдошт кор кардааст. Баъди эълони марги Ниёзов маҳз Бердимуҳаммадов раҳбарии маросими дафни президенти аввалро ба ӯҳда дошт.

Баъди ин, Бердимуҳаммадов дар соли 2007 ва 2012 бо касби 89,23% ва 97,14% оро дар интихобот пирӯзӣ ба даст овард.

Дар аҳди Ниёзов Туркманистон ба як кишвари аз ҳад зиёд табъидӣ табдил шуда буд. Баъди ба сари қудрат омадани Бердимуҳаммадов, ислоҳоти анҷомшуда бештар ба коҳиши парастиши шахсияти Ниёзов равона шуд. Human Rights Watch гуфт, ки Бердимуҳаммадов ҳам тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеаро таҳти назорат дорад.

Авлоди Кимҳо. Кореяи Шимолӣ

Ким Ир Сен аз соли 1945, замони ба Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ тақсим шудани кишвар дар сари қудрат қарор дошт. Исми мақоми ӯ бо гузашти вақт чандин бор тағйир ёфт – раиси Кумитаи муваққати мардумии Кореяи Шимолӣ, Дабири кулли кумитаи марказии ҳизби коргари Корея, раиси кабинаи вазирон ва президенти кишвар. Ин мақомро ӯ соли 1972 соҳиб шуд. Аз оғози ҳукмронии ӯ худи Ким Ир Сен ва ҳукуматдоронаш як режими тоталитарӣ бо кеши шахсияти раҳбари кишварро ҷорӣ карданд.

Дар анҷумани ҳизбии соли 1980, Ким Ир Сен писари худ Ким Чен Ирро вориси худ номид. Ким Чен Ир дар ҳукумати Кореяи Шимолӣ дар мақомҳои баланди давлатӣ кор кардааст ва соли 1991 бо амри падар сарфармондеҳи артиши мардумии Корея эълон шуд.

Акси Ким Ир Сен ва Ким Чен Ир. Пхенян, соли 2016
Акси Ким Ир Сен ва Ким Чен Ир. Пхенян, соли 2016

Ким Ир Сен 8 июли соли 1994 дар натиҷаи сактаи қалбӣ даргузашт ва ҷои ӯро расман Ким Чен Ир гирифт. Ба муносибати марги президент дар кишвар мотами сесолаи миллӣ эълон шуд. Соли 1998 баъди чор соли марги Ким Ир Сен ӯро расман “президенти якумрии Кореяи Шимолӣ” унвон карданд.

Ким Чен Ир сиёсати пешгирифтаи падари худро идома дод ва режими ин раҳбар ҳам бар асоси парастиши шахсият ба роҳ монда шуд.

Ким Чен Ир ҳам замоне гӯё писари худ Ким Чон Намро барои курсии президентӣ омода мекард, вале ин ниятҳои ӯ соли 2001 дигар шуд. Писари раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Ҷопон ба ҳангоми кӯшиши убури марз бо шиносномаи ҷаълӣ боздошт шуд. Аз рӯи як фарзия, он вақт писари президент мехост ба тамошои Диснейленд равад.

Соли 2009 (аз рӯи тахминҳои дигар соли 2007) Ким Чен Ир ба раҳбарияти ҳизб эълон кард, ки писари дуюми худ Ким Чен Инро мехоҳад вориси тахт кунад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди марги падар 17-уми декабри соли 2011 (ин хабар танҳо баъди ду рӯз пахш шуд), Ким Чен Ин раҳбари нави Кореяи Шимолӣ гардид.

Дар тамоми муддати раҳбариаш дар Кореяи Шимолӣ, авлоди Кимҳо ба таври шадид озодиҳои асосии шаҳрвандиро маҳдуд кардаанд. Аз рӯи арзёбиҳои Комиссияи СММ, миқёси поймолкунии ҳуқуқи башар дар Кореяи Шимолӣ дар тамоми ҷаҳон бесобиқа будааст.

XS
SM
MD
LG