Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфтааст, ки нархи арақ дар Русия боло наравад


Водкаҳои русӣ дар Маскав
Водкаҳои русӣ дар Маскав

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия машварат додааст, ки ҳукмат аз боло рафтани нархи арақ ё "водка" дар шароити бад шудани вазъи иқтисодии кишвараш пешгирӣ кунад. Вай дар мулоқоте бо мақомоти ҳукуматӣ ва раҳбарони минтақаҳо гуфт, ки боло рафтани нархи водка имкон медиҳад, ки замина барои қочоқи он ва пайдо шудани арақи барои саломатӣ зараровар мусоидат кунад.

Аз соли 1998 то ҳол ба сабаби поин рафтани арзиши рубл ва нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин таҳримҳои Ғарб ҳоло Русия ба бӯҳрони ҷиддии иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст. Интизор меравад, ки соли ҷорӣ таварруми пул дар Русия 10 дарсадро ташкил диҳад.

Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерз, натиҷаҳои арзёбии як маркази пажӯҳиш гувоҳӣ медиҳад, ки чаҳоряки мардони Русия то ба синни 50-солагӣ намерасанд ва фавт мекунанд. Сабаби аслии марги барвақтӣ алкул арзёбӣ шудааст.

Аз аввали сол то ҳол дар Русия арзиши як литр арақ 30 дарсад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG