Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Эсхата: "Ҳаргиз аз супурдани андоз саркашӣ накардаем"


Раҳбарияти бонки “Эсхата” дар Хуҷанд мегӯяд, то ин дам аз супоридани андоз саркашӣ накардаанд ва маълум нест, баҳси 5 миллион сомонӣ қарздор мондани онҳо аз андоз аз куҷо берун омадааст.

Масъулони бонки “Эсхата”, ки қароргоҳи аслияш дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, хабари пинҳон кардани панҷ миллион сомонӣ аз андозро беасос хонда, гуфтанд, намедонанд ин иттилоъ аз куҷо ва тавассути кӣ берун омадааст. Дар ҳоле ки ба иддаои раҳбарияти ин бонк онҳо ҳаргиз аз пардохти андоз саркашӣ накарда, барои фоидаи худ маблағашонро аз андоз низ пинҳон нанамудаанд.

Дар як номаи расмӣ, ки аз номи раиси бонки Эсхата – Хуршед Носиров ба Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, “раҳбарият ва кормандони бонк дар ҳайрат мондаанд, ки чунин маълумоти тасдиқнаёфта аз куҷо сарчашма гирифтааст. Давоми солҳои охир ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар мавриди дар назди кумитаи андоз 5 миллион сомонӣ қарз доштани бонки “Эсхата” нарасидааст.”

Кибриё Аҳмадҷонова, PR-менеҷери бонки “Эсхата” низ рӯзи 10 март дар ин бора бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карда ва афзуд: “Мо яке аз андозсупорандагони калон дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардондани буҷаи вилояту ҷумҳурӣ мегузорем. Бонки мо яке аз муассисаҳои молиявие мебошад, ки фаъолияташро ба таври шаффоф пеш бурда, боре ҳам аз супурдани андоз саркашӣ накардааст.”

Ин дар ҳолест, ки масъулони оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар Суғд мегӯянд, якҷоя бо идораи андози ин вилоят ба санҷиши дубораи фаъолияти бонки “Эсхата” пардохтаанд. Ин санҷиш баъд аз он шурӯъ шудааст, ки як намояндаи оҷонсӣ рӯзи 5 март эълон кард, бонки “Эсхата” қариб панҷ миллион сомонӣ пули андозро пинҳон доштааст.

Як намояндаи оҷонсӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, “ҳоло бахши назоратӣ бо масъулони андоз дубора фаъолияти бонки “Эсхата”-ро месанҷад. Инро “тафтиши контролӣ” мегӯянд ва бо мувофиқаи ҳарду ҷониб санад тартиб медиҳанд. Баъд дар асоси он оҷонсӣ дар бораи чӣ қадар қарзи андоз доштани бонки мазкур, ки 5 миллион (сомонӣ) аст ё камтар, қарори ниҳоӣ қабул мекунад.”

Мусоҳиби мо афзуд, ин тафтиши назоратӣ натиҷаи кори худро рӯзҳои наздик эълон хоҳад кард ва ба баҳс поён хоҳад дод. Масъулони Раёсати андози вилояти Суғд сурат гирифтани санҷиши қаблии фаъолияти бонки “Эсхата”-ро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, онҳо дар он иштирок накарда, аз натиҷааш ҳам бохабар нестанд. Нарзулло Маликов, сардори шуъбаи андозсупорандагони калон дар раёсати андози вилояти Суғд гуфт, чунин санҷиш дар ҳар 1 - 2 сол як бор сурат мегирад, вале дар санҷиши охир пардохт нашудани “ин хел маблағҳои калони (қарзи андоз)” аз сӯи бонки мазкур ошкор нашудааст.

Бонки "Эсхата" аз нахустин бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз 20 сол пеш, дар моҳи ноябри соли 1994 таъсис ёфтааст. Идораи марказии ин бонк дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, тайи чор соли охир фаъолияташ дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чашмрас шудаанд.

Ин бонк, бино ба омори нашршуда дар сомонаи расмиаш, солона зери 900 миллион сомонӣ гардиши пулӣ ва 43 миллион сомонӣ даромади соф доштааст. Бино ба ин манбаъ, бонки “Эсхата” дар соли 2013 ба муштариёнаш ба маблағи умумии 389 миллион сомонӣ қарз додааст.

XS
SM
MD
LG