Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи футболи «Равшан» рамзҳояшро ба фурӯш мегузорад


Раҳбарияти дастаи футболи «Равшан» ба чанд соҳибкори маҳаллӣ пешниҳод кардааст, то бозори фурӯши рамзҳои ин дастаро дастгирӣ кунанд.

Баҳром Рустамов, сардори дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб мегӯяд, тасмим доранд, бозори фурӯши рамзҳои дастаро дар дохили варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба роҳ монанд. Дар ин бозор, аслан маҳсулоте, мисли сарпӯш, либосҳои тан, пойпӯшҳо ва дигар ашёе ба фурӯш гузошта мешавад, ки рамзи дастаи футболи «Равшан»-ро дошта бошад. Рустамов мегӯяд, даста беш аз 30 ҳазор мухлис дорад ва чунин навъи маҳсулот серхаридор хоҳад буд.

Ӯ гуфт: «Дар қисмати шарқии варзишгоҳи Кӯлоб мутобиқи генплан мағозаҳо сохта шуда буд, ки ҳоло таъмир надоранд. Мо ба чанд соҳибкор пешниҳод кардем, ки инҳоро бозсозӣ кунанд. Дар ин ҷо ашёҳо бо символҳои командаро метавон серхаридор кард. Умед аст, ки соҳибкорон ин пешниҳодро, ки даромади хубӣ молӣ ҳам ба команда ҳам ба соҳибкорон дорад, дастгирӣ мекунанд.»

Масъулони дастаи футболи «Равшан» мегӯянд, таъсиси чунин бозор имкон медиҳад, то вазъи моли даста боз ҳам беҳтар шавад. Тасмими ташкили бозор дар ҳолест, ки миёни мухлисони ин даста овозае паҳн шудааст, ки сар аз соли дигар ин даста бе сарпараст хоҳад монд. Маҳмуди Исмоил, як мухлиси дастаи «Равшан» мегӯяд, миёни онҳо овозае паҳн шуда буд, ки пас аз интихобот дигар ин даста маблағгузорӣ нахоҳад шуд.

«Ҳамин хел овоза ҳаст, ки барои розӣ кардани мухлисон то анҷоми интихобот дастаро дастгирӣ мекунанд, вале пас аз он дигар дастгирӣ намешавад. Мо Худо мегӯем, ки ин овоза дурӯғ бошад, зеро ягона ҷое, ки мо ҷавонон ғами диламонро берун мекунем, ҳамин бозиҳои дастаи «Равшан» аст. Ҳамин дастаи «Равшан» шояд садҳо ҷавонро аз пайрави гурӯҳҳои ғайр наҷот дода бошад.»

Ин овоза ҳам дар ҳоле пайдо шуд, ки дар чанд моҳи ахир маоши кормандон ва бозингарон дер дастрас мешуд ва ҳамчунин то ҳол бозингарон маблағҳои иловагӣ аз бозиҳои бурдашонро нагирифтаанд. Як бозингари ин даста бидуни ифшои ном гуфт, то ҳанӯз аз панҷ бозии бурд маблағҳои ҳавасмандкунӣ ва ваъдагӣ аз ҷониби сарпарасти дастаро нагирифтаанд.

Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро ҳоло бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и Қурғонтеппа дастгирӣ мекунад, ки мутаалиқ ба яке аз домодҳои президенти кишвар аст. Дар соли 2011 ин дастаро «Агроинвестбонк» дастгирӣ мекард, аммо пас аз бетартибиҳои мухлисони даста ин бонк аз сарпарастии даста даст кашид.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки дастаи футболи «Равшан» бо доштани беш аз сӣ ҳазор мухлис ифтихор мекунад, набояд, ба сарпарсте эҳтиёҷ дошта бошад. Сулаймон, як ҷавоне, ки он қадар ба бозии футбол таваҷҷӯҳ надорад мегӯяд: «Агар 30 ҳазор мухлис дар як сомонӣ билет бихарад, ин мушкил пеш намеояд ва ба сарпарасте ҳоҷат намемонад. Тасаввур кунед, ки ҳамаи ин мухлисон бо панҷ сомонӣ билет харанд, 150 ҳазор сомонӣ мешавад. То кай бояд сарпараст ҷӯем?»

Дар ҳамин ҳол, Баҳром Рустамов, сардори даста мегӯяд, масъалаи маблағгузорӣ нашудани "Равшан" ҳеҷ гоҳ дар миён набуд ва ҳоло ҳам масъулини бозори «Ҳоҷӣ Шариф» тасмим доранд, дастаро маблағгузорӣ кунанд.

«Ин ки дастаро маблағгузорӣ намекунанд, овозаи беасос аст. Ҳоло марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ барои соли оянда маблағгузорӣ кардани даста шурӯъ шудааст ва бо бовари метавонам бигӯям, ки даста маблағгузорӣ мешавад. Баъзе аз маблағҳои хӯрде, ки боқӣ мондаанд, рӯзҳои наздик пардохт мешаванд.»

Дастаи Равшан аз сермухлистарин дастаи футболи Тоҷикистон ба шумор меравад ва соли дуввум аст, ки қаҳрамони Тоҷикистон мешавад.
XS
SM
MD
LG