Шӯрои уламои Тоҷикистон ин суолро кирои фатво надониста, танҳо машварат додааст, то ин мард ба фарзандонаш бозичаҳое харидорӣ кунад, ки ҷанбаи тарбиявӣ дошта бошанд. Масъулини раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯянд, дар баробари муроҷиати сокинон дар масоили хонадорӣ ва донистани шарҳи исломӣ дар ин робита, инчунин, сокинони зиёде низ ҳастанд, ки бо суолҳои соддалавҳона ба онҳо муроҷиат мекунанд.
Ҷамолиддин Хомӯшов, сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ахиран чунин суолҳои соддалавҳона, ки аз онҳо фатво талаб карда мешавад, зиёд шудааст, вале шумораи онҳо сабт намешавад: «Ин чизҳои оддӣ ҳастанд, ки кирои гирифтани аризаи шаҳрванд намешавад. Дар ин масъалаҳо фақат шифоҳӣ машварат дода мешавад, зеро ҷавоби хаттӣ зарурат надорад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки барои масъалаҳои оддӣ, ки масалан, мо як ракъат намозро фаромӯш кардем, бихонем ва ё ҳангоми намози ҷамоат дар ракъати охирон ба имом ҳамроҳ шавем, ё ин ки ҳангоми намоз хондан таҳорати мо шикасту мо чӣ гуна намози худро идома бидиҳем, муроҷиат мешавад.»
Ин масъули раёсати фатвои Шӯрои уламо мегӯяд, бештар аризаи сокиноне барои баррасӣ қабул мешавад, ки ба баҳсҳои оилавӣ марбут ҳастанд. Муроҷиат дар мавриди талоқ ва дубора никоҳ кардан аз ҳама бештар будааст ва Шӯрои уламо давоми чор моҳ ҳудуди сесад чунин аризаи сокинонро барои баррасӣ қабул карда фатвоҳои мухталиф додаст. Аммо афзоиши пурсишҳои соддалавҳона барои гирифтани фатворо коршиносон ба мазҳабитар шудани ҷомеа ва дар донишҳои ками динии мардум бастагӣ медиҳанд.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, аксари сокинон дониши хуби исломӣ надоранд ва кӯр-кӯрона аз ислом пайравӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, тамоми баҳсҳо дар ҷомеаи имрӯз атрофи масоили исломӣ сурат мегирад ва мардум, ки дигар коре надоранд, ба ҳар ҳарфи атрофи дини ислом бовар мекунанд. Аз сӯи дигар, бархе ба таври худнамоии соддалавҳона мехоҳанд, нишон диҳанд, ки тамоми зиндагиашонро дар чаҳорчуби шариат ба роҳ мондаанд.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд: «Ҳама мехоҳанд, ки зиндагиашон ба тарзи исломӣ бошад. Инҳо бештар мехоҳанд, дар чашми дигарон ин корашон намоён бошад, ки инро худнамоӣ медонанд. Пушти ин худнамоӣ то кадом дараҷа имон аст, номаълум.»
Сокинон мегӯянд, воқеан, онҳо дар ҳалли бисёре аз масоили шариат мушкилӣ мекашанд ва ҳамчун мусалмон дониста рафтор кардан мехоҳанд. Саидакбар Ҷалолов, як сокини пойтахт мегӯяд, ҳар рӯз дар зеҳни ӯ суолҳое пайдо мешаванд, ки аз ягон рӯҳонӣ посухашро шунидан мехоҳад. Ӯ мегӯяд, ҳамчун як фарди мусалмон талош мекунад, ба хато роҳ надиҳад.
Аммо Ҷамшед Сафаров, як сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, барои посухи бархе аз суолҳо шарт нест, ки ягон рӯҳониро пурсид. Ба гуфтаи Ҷамшед, дини ислом мантиқ аст ва ҳар амале, ки мантиқан дуруст бошад, пас ислом ҳам онро ҷоиз медонад: «Баъзе масъалаҳои хос аст, ки онҳоро пурсидан мумкин аст. Аммо мо мебинем, ки ҳатто дар ин ки ба мошин савор шудан ҷоиз аст ё не, суол мекунанд. Мантиқан бигирем, ҳеҷ дине дар дунё савор шудан дар мошинро манъ накардааст. Фақат аз лиҳози мантиқ бигирем ҳамон чизҳое манъ ҳастанд, ки зарароваранд.»
Раёсати Шӯрои уламои Тоҷикистон ягона маконест, ки сокинон метавонанд расман барои ҳалли масъалаи худ фатво гиранд. Қонунгузории Тоҷикистон фатво додани дигар рӯҳониёнро манъ кардааст. Аз ин қабл дар назди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахши фатво амал мекард, ки дар пайи фишорҳои мақомот фаъолияти худро қатъ кард. Рӯҳониёни алоҳида ҳам дар масоили гуногун ба пурсишҳои мардум дар масоили динӣ посух медиҳанд, ки бародарон Тураҷонзодаҳо дар ин росто аз ҳама бештар фаъоланд ва посухҳои онҳо дар весбайти ин хонадон бо номи turajon.org ба нашр мерасанд.