Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" ба ҳамлаи баҳорӣ омодагӣ мегирад


Толибон Афғонистон эълом доштанд, ки аз рӯзи ҷумъа ҳамлаи густурдаи баҳории худро шурӯъ мекунанд. Дар изҳороте, ки аз тариқи почтаи электронӣ рӯзи 22 апрел ба расонаҳои хабарӣ расид, гуфта шудааст, “амалиёти баҳорӣ зери номи “Азм” соати 5-и бомдоди 24 апрели соли 2015 оғоз хоҳад ёфт”.

Толибон гуфтаанд, ки “ишғолгарони хориҷӣ”, пеш аз ҳама пойгоҳҳои низомии онҳо, мансабдорони “режими лухтакмонанд”, ниҳодҳои қудратии он, ба вижа, хадамоти кашф, вазорати умури дохилӣ ва мансабдорони вазорати дифоъ ҳадафи аслӣ қарор мегиранд.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳоле бо ҷунбиши “Толибон” вориди набард мешаванд, ки аксари нерӯҳои хориҷӣ соли гузашта кишварро тарк намуданд. Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 12 ҳазор афсару сарбози хориҷӣ, аз ҷумла, 9800 низомии амрикоӣ мустақаранд ва ба тамрину омӯзиши нерӯҳои амниятии афғон машғуланд.

XS
SM
MD
LG