"Дилаш ба мардум сӯзад, одил бошад ва халқро дарк кунад." Ин тасвири президенте аст, ки чанде аз раҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, мехоҳанд дар сари қудрат бубинанд. Рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва Кумисюни марказии интихобот барои иштирок дар он панҷ нафар, аз ҷумла раиси ҷумҳури ҳозираро сабтином кардааст.
Назари сокинон ин аст:
- "Дилаш ба мардуми тоҷик ва ватанаш сӯзад. Фақат барои халқу ватан хидмат кунад."
- "Бояд шахси одил, меҳрубон, дилсӯз ва созанда бошад."
- "Ба халқаш хубиву ободӣ кунад."
- "Муҳим, ки Тоҷикистонро обод кунад."
- "Бояд барои халқ худро фидо намояд."
- "Мардумро фаҳмад ва дастгирӣ кунад."
- "Бо тоҷики мо кор сарукор гирифтан мушкил аст. Президенти ҳозира бо фарҳанги тоҷикони мо мувофиқат мекунад. Бо тоҷикон кор кардан бениҳоят мушкил аст."
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар зер навиштани назару пешниҳодҳои худро ҳам фаромӯш накунед.