Рӯйпӯш кардани партовгоҳи бози радиатсионии воқеъ дар мавзеи Деҳмойи вилояти Суғд бо қабати хок шурӯъ шудааст. Қайюмҷон Маҳмудов, мудири кулли корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” (“Востокредмет”-и собиқ) рӯзи 11 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз маҳали иҷрои ин барнома гуфт, барои ин кор ҳудуди даҳ техникаи хокбардор ва мошин ва даҳҳо тан аз коргарон, ҷалб шудаанд.
Вай афзуд, ки партовҳои дорои маводи радиоактив ҳади ақал бо ним метр қабати хоки тоза пӯшонида мешавад: “Ин кор ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии чанги дорои маводи радиоактив анҷом дода мешавад. Чунки шамол чангу ғубори ин партовгоҳро ба пастиҳои атрофи он, ки сокинон зиндагӣ мекунанд, паҳн мекунад. Ғайр аз ин, солҳои охир дар баъзе ҷойҳои партовгоҳ тарқишҳо пайдо шуда, хавфи рӯ задани моддаҳои дорои “радон” ба миён омада буд ва маҳкам кардани болои партовгоҳ аз ин ҷилавгирӣ мекунад.”
Ба гуфтаи раҳбари корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, баъд аз анҷоми ин кор дар ҳудуди 4 километр атрофи партовгоҳи Деҳмой низ девори баланди бетонии беш аз 2 метрӣ бардошта хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ҳамин тавр пеши роҳи одамону ҳайвонот ба сӯи партовгоҳ баста мегардад. Қаблан ба ҳудуди партовгоҳ чорвои сокинони атроф ва ҳамин тавр одамон барои пайдон кардани ҳайвонот, дохил мешуданд.
Бино ба маълумоти расмӣ, партовгоҳи радитсионии Деҳмой бузургтарин чунин партовгоҳ дар Осиёи Марказӣ буда, дар он ҳудуди 36 миллион тонна маводҳои дорои маводи радиоактив дар масоҳати беш аз 80 гектар хобидаст. Аз нимаи дуюм то охирҳои солҳои 90-и асри гузашта корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” (“Востокредмет”-и собиқ), ки ба тавлиди урани хом ихтисос дошт, пасмондаҳои маводи дорои радиоактиви худро ба пастии фарози теппаи Рухак партоб мекард.
Дар маҳали партовгоҳ кӯли рангае ба вуҷуд омада буд, ки партовҳои хатарнок ба ҷони одамон, ҳайвонот ва муҳити зистро ниҳон медошт. Ба гуфтаи мутахассисони корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, баъд аз қатъи фаъолияти корхонаи мазкур, ин кӯли сунъӣ хушк шуда, хавфи бо таъсири шамолу борандагиҳо паҳн шудани чангу хоки дорои радиоктив бештар шудааст.
Мутахассисони муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ борҳо ба зарурати ба навбати аввал безараргардонии ин партовгоҳи радиатсионии шимоли Тоҷикистон таъкид кардаанд. Зеро ин партовгоҳ дар наздикии рӯди Сир - бузургтарин рӯди минтақа ҷой гирифтааст ва дар сурати рух додани офатҳои табиӣ, назири заминларза ва борандагиҳои шадид, эҳтимоли олуда шудани рӯди Сир бо моддаҳои дорои радиоктив вуҷуд дорад.
Зимнан, вилояти Суғди Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ва баҳрабардории Русия аз конҳои урани ин минтақа, 10 партовгоҳи радиатсионӣ ба мерос гирифтааст, ки дар онҳо бар пояи омори расмӣ, ҳудуди 55 миллион тонна моддаҳои дорои радиоактив нуҳуфтааст. Дар рӯзҳои мо бузургтарини ин партовгоҳҳо, дар минтақаҳои Деҳмой ва Истиқлол ногӯронида ва боз боқӣ мондаанд.
Ба гуфтаи мутахассисон, безаргардонии ин партовгоҳҳо маблағҳои ҳангуфт мехоҳад ва Тоҷикистон ин гуна маблағро дар хазинааш надорад. Русия - меросбардори давлати Шӯравӣ, ки корхонаи “Востокредмет”-ро бунёд карда ва аз захираҳои урани Тоҷикистон баҳрабардорӣ кардааст, партовгоҳҳои радиатсионии ин корхонаи бузургро дигар ба ҳоли худ гузошта, масъулияти безараргардонии онҳоро бар дӯш нагирифтааст.
Қайюмҷон Маҳмудов, мудири кулли корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” мегӯяд, бо қабати хок рӯйпӯш кардани партовгоҳи радиатсионии Деҳмой қадами аввал дар роҳи безарарсозии он аст. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди мусоҳибам, барномаи мутобиқи стандарти ҷаҳонӣ безараргардонии ин партовгоҳи воқеъ дар канори Истиқлол (Табошари собиқ)-ро Иттиҳоди Аврупо тавассути ширкатҳое аз Олмон ва Бритониё ба ӯҳда гирифтаст. Тибқи ин барнома, корҳои таҳияи санади асосмандии техникӣ-иқтисодӣ, арзёбии таъсири партовгоҳҳо ба муҳити зист ва безарарсозии ин 2 партовгоҳ нав шурӯъ шуда, ҳудуди 2 сол идома хоҳад дошт.
Аз оғози барномаи безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии минтақа, намояндаи Комиссияи Аврупо, Мартин Андерсен ва гурӯҳи мутахассисони ширкати “Визутек” - и Олмон дар мулоқоти худ бо Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд рӯзи шанбеи 31-уми октябр дар Хуҷанд паём дода буданд.
Бар пояи иттилои хабаргузории “Ховар”, ин барнома аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар самти амнияти радиатсионӣ маблағгузорӣ мешавад ва будҷаи умумии он 2,4 миллион евро аст. 2 ноябри соли 2015 ҷаласаи нахустини ин барнома доир шуд. Мӯҳлати амалишавии ин барнома ду солро дар бар мегирад.