Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон аз изҳори назари Абдулқаюм Кӯчӣ (Кӯчай) – сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Маскав ва аз хешони президент Ашраф Ғанӣ – дар бораи Тоҷикистон расман "изҳори таассуф кардааст". Ин вазорат, ки раҳбарияшро Салоҳуддин Раббонӣ, писари Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон бар ӯҳда дорад, рӯзи 14 январ бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, "дидгоҳи Кӯчӣ ҳаргиз аз сиёсати хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон дар қиболи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа намояндагӣ намекунад ва назари шахсии ӯ мебошад".
Раҳбарияти Вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки ҳамкории Душанбеву Кобул дар бахшҳои мухталиф дар ҳоли тақвияти бештар қарор дорад.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳамсояи хуб ва дӯсти ҳамешагии Афғонистон аст. Дар равобити дӯстона ва муносибати неки ду кишвар, бар асоси муштаракот ва муносиботи деринаи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динии ду миллат ва ҳамчунон манофеи миллии ду кишвар, ҳамсоягии хубу эҳтироми мутақобил устувор мебошад", - таъкид шудааст дар изҳорот.
Навори эътирози Тоҷикистон ба изҳори назари Кӯчӣ:
Раҳбарияти Вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки ҳамкории Душанбеву Кобул дар бахшҳои мухталиф дар ҳоли тақвияти бештар қарор дорад ва ҳар ду кишвар дар созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамвора аз мавқеи якдигар пуштибонӣ кардаанд.
Абдулқаюм Кӯчӣ моҳи гузашта дар гуфтугӯи телевизионӣ бо хабарнигори афғон Шафеъ Аёр гуфт, «дар Тоҷикистон гурӯҳҳои пурқуввати мафиёӣ ҳастанд, ки бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон машғуланд.» Ин навор рӯзи 21 декабри соли гузашта дар шабакаи Ютуб нашр шуд. Сафир Кӯчӣ дар ин сӯҳбат аз як мулоқоташ бо мақомҳои рус ҳам ёдовар шуда, гуфт, «маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале пушти он Шумо ҳастед (русҳо), пушти он мафияи Тоҷикистон аст.»
Дар идома Абдулқаюм Кӯчӣ назари шахсии худро аз Душанбе ва Тоҷикистон ҳам баён карда, гуфт, «Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст.”
Худи Аёр дар видеоблоги навбатиаш махсус ба ин мавзӯъ муроҷиат карда гуфтааст, ки “бо мавқеи ҷаноби Кӯчӣ розӣ нест”, вале тахмин задааст, ки ҳарфҳои як сафири Афғонистон "метавонад баёнгари мавқеи пасипардагии раиси ҷумҳури ин кишвар бошад".
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ рӯзи 12 январ ба таври расмӣ ибрози назарҳои Абдулқаюми Кӯчӣ, сафири фавқулода ва мухтори Афғонистон дар Русияро дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, маҳкум кард ва онро "ғайри қобили қабул" хонд. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷӣ таъкид шуд, ки дар ин росто сафири Афғонистон дар Душанбе рӯзи 31 декабр эҳзор шуда ва ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурда шудааст.
Дар ин ёддошт “нигаронии шадид ва тааҷҷуби ҷониби Тоҷикистон дар иртибот ба гузориши таҳқиромези сафири Афғонистон дар Русия нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон”, баён гардидааст. Давлати Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон "қотеъона" тавсия додааст, то суханони "номатлуб"-и Абдулқаюми Кӯчӣ, шахси расмии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамаҷониба таҳлил шуда ва чораҳои муассир андешад. Аммо дар ин баёния вокуниши сафорати Афғонистон, ки гӯё суханони таҳқиромези сафири он кишвар дар Русияро андешаи шахсии ӯ дониста буд, “боис ба таассуф” дониста шудааст.