Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

51 қурбонии офати табиӣ дар Тоҷикистон. "Хушксолӣ дар пеш аст"?


Фархор, моҳи майи 2024
Фархор, моҳи майи 2024

​​​​​​​Дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ дар соли 2023 дар Тоҷикистон 51 нафар ҷон бохта, иқтисоди кишвар тақрибан сад миллион доллар зиён дидааст.

Ин оморро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи даҳуми июн дар Шӯрои миллии рушд баён кард.

Ӯ гуфт, "соли гузашта, дар маҷмуъ, зиёда аз панҷсаду панҷоҳ офати табиӣ, аз ҷумла селу ярчу тармафароӣ сабт шуд".

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон дар идома аз сели вайронгари баҳори имсол низ ёд овард ва аз камобиву хушксолӣ ҳушдор дод.

"Тирамоҳу зимистони гузашта хеле камбориш омад. Ин ҳолат боис ба коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид. Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд, соли ҷорӣ низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст," – афзуд ӯ.

Чанд сол боз кишоварзон дар Тоҷикистон аз камобӣ ва хушк шудани заминҳо шикоят доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол пеш "Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030" қабул кард.

Дар он хокбоду тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашарот, хушксолӣ, ярч ва боронҳои шадид аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар ояндаи наздики кишвар тасвир шуда буд.

XS
SM
MD
LG