Муаллифон гуфта буданд, ин қонуни комилест, ки бар пояи таҷрибаҳои пешрафта ва хулосаи коршиносони байнулмилалӣ омода шудааст. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин лоиҳаи қонунро “коста ва нопурра” хонда, рад кардааст.
Масъалаҳои амнияти давлатӣ ва маданияти миллӣ...
Дар қарори ҳукумат, ки 11-уми октябр ба дасти Радиои Озодӣ расид, мақомот навиштаанд, бо чанд сабаб ин лоиҳаро қабул надоранд. Аз ҷумла инки тарҳи нав масъалаҳои муҳими кори расонаҳоро дар кишвар танзим накардааст ва мафҳумҳои истифодашуда сода ва фаҳмо нестанд. Ҳукумат хостааст, кори матбуот, радио, телевизион ва оҷонсиҳо бояд ба таври ҷудогона дар қонун танзим шавад.
Эроди дигари мақомот ба расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дахл дорад. Дар қарори ҳукумат омадааст, ҳарчанд дар тарҳи нав шеваи кори расонаҳои хориҷӣ “пурра ҳаслу фасл гардида”, аммо бояд ба масъалаҳои “амнияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ диққати махсус дода шавад.”
Хатоҳои зиёди имлоӣ ва мутобиқат накардани матнҳои тоҷикӣ ва русӣ аз сабабҳои дигаре будааст, ки ҳукумат гуфтааст, бояд матни қонун ислоҳ шавад. Дар кулл, ҳукумат зарурати қабули чунин қонунро рад кардааст ва гуфтааст, амрҳои тарҳи нав метавонанд ба Кодекси иттилоот илова шаванд.
Маълумотнома аз КДАМ боқӣ монд
Қонун дар бораи васоити ахбори омма бо як кардани қонунҳои матбуоту телевизион ва ҳамчунин иловаҳои дигаре таҳия шуда буд. Ҷомеаи рӯзноманигорӣ меъёрҳои гуногунеро дар бахши озодии баён, ҳуқуқи инсон, масъалаи мудирияти расонаҳо ва чанд мавриди дигарро пешниҳод карда буданд.
Тарҳи нав чанд иловаи, ба гуфтаи муаллифонаш, муҳим дошт. Яке аз онҳо мебоист, сабти номи расонаҳоро осонтар мекард. Дар қонуни феълии матбуот омадааст, барои сабти расона шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, иқтибос аз феҳристи ягона ва оинномаи ҳамон расона лозим аст. Соли 2017 бо қарори ҳукумат барои таъсиси нашриёт, матбаа ва ё нашрияи даврӣ маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳам илова шуд. Мақомот он вақт гуфта буданд, тартиби нав ба хотири танзими хубтари соҳа ҷорӣ шудааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал соли 2019 ба Тоҷикистон тавсия доданд, ин муқарраротро бекор кунад.
Бо назардошти ҳамин нукта, тарҳи нав пешбинӣ кардааст, ки ба ҷуз се ҳуҷҷате, ки дар қонуни матбуот пешбинӣ шудааст, “ талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ манъ аст”.
Парвона ё аккредитатсия
Нуктаи дигари нав ба аккредитатсияи расонаҳои хориҷӣ марбут аст. Қонуни феълии матбуот онро ба таври умумӣ ишора кардааст, аммо тарҳи нав ин равандро мушаххастар мекунад. Бар пояи он беасос рад кардани дархости аккредатитсияи хабарнигор манъ аст ва рӯзноманигор дар ин ҳолат метавонад ба додгоҳ шикоят кунад.
Баъди соли 2019 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз додани аккредитатсия ё парвонаи кор ба чанд хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ кард.
Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, моҳи декабри соли 1990 зери фишори ҷунбишҳои шаҳрвандии Тоҷикистон пазируфта шуд. Ин қонунро соли 2013 дар таҳрири нав қабул карданд. Аммо созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ ҳукумати Тоҷикистонро пайваста барои маҳдуд кардани озодии баён борҳо танқид кардаанд.
Дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён, ки онро Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) рӯзи 3-юми майи имсол нашр кард, Тоҷикистон ду зина поин рафт ва дар мақоми 155-ум ҷой, дар шумори кишварҳои саркӯбгар қарор гирифт.