"Вазорат фаъолияти гурӯҳи кориро бо шумули намояндагони ҷонибҳои манфиатдор, ниҳодҳои дахлдор ва созмонҳои иҷтимоӣ ташкил мекунад. Раванди баррасии пешниҳод дар асоси қонунгузории кишвар сурат мегирад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Аз муаллифи пешниҳод Багила Балтабаева, намояндаи созмони иҷтимоии "Иттиҳоди волидони Қазоқистон" ном бурда мешавад.
Вай даъват дорад, ки кӯдакону наврасон аз таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" ҳифз карда шаванд.
Вакилони порлумони Қазоқистон имсол пешниҳод карда буданд, ки ҷазо барои таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" сахттар карда шавад. Коршиносон ин пешниҳодро ҳамчун кушиши нусхабардории қонунҳои Русия номиданд.