Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори сардовари бозии "Равшан" ва "Истиқлол" баҳсбарангез шуд


Рӯзҳои 21-23-юми июн бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Бозии марказии даври ёздаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб байни дастаҳои “Равшан” ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳузури 15 ҳазор тамошогар баргузор шуд. Голи ягонаро Ҳамадонӣ Камолов, бозигари меҳмонон, дар оғози нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 48-ум, ба самар расонид.

Бояд гуфт, ки бозӣ ҷолибу тамошобоб сурат гирифт, аммо дар охири дидор тасмими сардовари бозӣ Абдулло Давлатов аз ноҳияи Шаҳринав боиси норозигии футболбозону мухлисони “Равшан” гардид.

Сардовар дар муддати тӯлонӣ баъди тамошои видеоӣ (VAR) тасмими худро дар бораи ба дарвозаи “Истиқлол” таъйин кардани пеналти бо зарбаи ҷаримавӣ иваз кард. Ин қарори баҳсбарангези сардовар дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби корбарон сахт танқид шудааст.

Дар бозии дигари даври 11-ум КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе тими “Барқчӣ”-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. “Хуҷанд” дар майдони худ бар “Кӯктош”-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

“Вахш”-и Бохтар дар майдони худ “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. “Эсхата”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 2:0 ноком кард.

Пирӯзии даҳуми пайиҳами қаҳрамони феълии Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола “Истиқлол”-ро бо 30 имтиёз ғолиби марҳилаи аввали мусобиқот намуд. «Истиқлол» ягона дастаест, ки бохт надорад ва 26-уми июн дар бозии мавқуфмондаи даври 9-ум бо тими «Панҷшер» рақобат мекунад.

КМВА, ки дар мавсими соли равон танҳо як бор ба бохт мувоҷеҳ шудааст, бо 24 имтиёз аз 11 бозӣ зинаи дуюмро касб кардааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 20 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст.

Дастаи “Кӯктош” бо 4 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи охирин – 12-ум – мавқеъ дорад.

Нуралӣ Хоркашев, мудири бошгоҳи футболи “Кӯктош”, дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, “фаъолияти чордаҳсолаи даста ба анҷом расидан дорад. Вобаста ба мушкилоти молӣ, дастгирӣ нашудан аз ҷониби сарпарастон ва ҳазору як сабаби асливу усулии дигар, даста фаъолияташро қатъ мекунад. Сад афсӯс, ки дар нимаи мавсим. Ҳар чи дар тавони мо буд, онро кардем, вале ҳеҷ кӣ ба додамон нарасид.”

Лигаи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, бо сабаби вазъи бади майдони хонагии дастаи «Истаравшан» маҷбур аст, ки то бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда дари Варзишгоҳи марказии шаҳрро барои баргузории бозиҳои лигаи олӣ бандад.

“Чанд сол мешавад, ки роҳбарияти даста ва ҳукумати шаҳри «Истаравшан» ваъда медиҳанд, ки варзишгоҳро бозсозӣ мекунанд, то барои баргузории бозиҳои лигаи олӣ ҷавобгӯ бошад. Аммо, то ин дам ҳеҷ коре барои беҳтар кардани варзишгоҳ ба назар намерасад. Аз насби нурафканҳо дар варзишгоҳ то ҳол хабаре нест. Ҳолати нишастгоҳҳои варзишгоҳ бад аст. Мутаассифона, чунин тими сермухлис маҷбур аст, ки бозиҳояшро дур аз ҳаводоронаш баргузор кунад”, - гуфта мешавад дар изҳороти Лигаи футболи Тоҷикистон.

Бояд зикр намуд, ки ба ҷуз аз варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Фархор, дигар варзишгоҳҳо барои баргузории бозиҳои лигаи олӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024

Лигаи олӣ

Даври 11-ум

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 0:3

Голҳо: Исломҷон Тошпулотов, 32 (0:1). Сергей Сканян, 60 (0:2). Дени Далиев, 87 (0:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Исломҷон Тошпулотов («Хуҷанд»).

Сардовпр: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).

21 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1200 тамошогар.

КМВА – «Барқчӣ» – 3:2

Голҳо: Исроил Холов, 4 (1:0). Билол Бобоев, 14 (1:1). Масрур Ғафуров, 30 (1:2). Вайсиддин Сафаров, 65 (2:2). Муҳиддин Одилов, 79 – аз пеналти (3:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҷонибек Шарипов (КМВА), 90+1 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Вайсиддин Сафаров (КМВА).

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

22 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 400 тамошогар.

«Панҷшер» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Муҳаммадшарифи Саидхуҷа, 59 (0:1). Сиёвуш Асроров, 90+2 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммадшарифи Саидхуҷа («Эсхата»).

Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш).

22 июн. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошогар.

«Вахш» – «Ҳосилот» – 4:2

Голҳо: Салоҳиддин Эргашев, 15 (1:0). Худойдод Узоқов, 25 (2:0). Эммануэл Мваненго, 45+4 (3:0). Абдураҳмон Нозимов, 49 (3:1). Сергей Яворский, 70 (4:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 86 (4:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Ромиш Ҷалилов («Ҳосилот»), 51 – корти 2-юми зард

Эммануэл Мваненго («Вахш»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

22 июн. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1200 тамошогар.

«Равшан» – «Истиқлол» – 0:1

Гол: Ҳамадонӣ Камолов, 48.

Аз майдон хориҷ шуданд: Муҳаммадҷон Раҳимов («Равшан»), 90 – корти 2-юми зард, Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»), 90+8 – рақибро аз имконияти сад дар сади голзанӣ маҳрум кардан.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

23 июн. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 15 000 тамошогар.

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Эммануэл Квадво Фримпонг, 72.

Беҳтарин бозигари дидор: Эммануэл Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе)

23 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷкистон». 3600 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол»

10

10

0

0

36-5

30

2

КМВА

11

7

3

1

18-7

24

3

«Регар-ТадАЗ»

11

6

2

3

11-7

20

4

«Хуҷанд»

11

5

4

2

14-8

19

5

«Эсхата»

11

5

2

4

18-17

17

6

«Равшан»

11

4

5

2

12-9

17

7

«Ҳосилот»

11

4

3

4

16-13

15

8

«Вахш»

11

4

0

7

12-15

12

9

«Истаравшан»

11

3

3

5

12-15

12

10

«Панҷшер»

10

2

1

7

8-17

7

11

«Барқчӣ»

11

1

2

8

11-28

5

12

«Кӯктош»

11

1

1

9

4-31

4

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 гол, Элеке Чибуеке Блессинг («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата») 6-голӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шериддин Бобоев («Ҳосилот»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 5-голӣ, Бахтиёр Зарипов («Равшан»), Эммануэл Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ») – 4-голӣ.

Бозии даври 9-ум

26 июн (чоршанбе)

Оғози бозӣсоати 19:00

«Панҷшер» – «Истиқлол»

Даври 12-ум

28 июн (ҷумъа)

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»

29 июн (шанбе)

«Эсхата» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» – «Ҳосилот»

«Равшан» – «Барқчӣ»

30 июн (якшанбе)

КМВА – «Панҷшер»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG