Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо Башор Асад дар Кремл вохӯрдааст


Башор Асад ва Владимир Путин. Маскав, 24 июли соли 2024
Башор Асад ва Владимир Путин. Маскав, 24 июли соли 2024

Президенти Русия Владимир Путин бо раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад вохӯрдааст. Мулоқот 24-уми июл дар Кремл баргузор шуд.

Дафтари матбуоти президенти Русия камтар аз ду дақиқаи суҳбатро пахш кардааст, ки дар он Путин ва Асад дар бораи вазъият дар Ховари Миёна ва рушди ҳамкориҳои Маскав ва Димишқ гап мезананд.

Путин аз Асад дар бораи вазъи минтақа пурсид ва худаш гуфт, "вазъият бадтар мешавад."

Башор Асад, президенти Сурия, ки барои саркӯби эътирозҳо дар кишвараш ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад, бори ахир моҳи марти соли 2023 ба Русия омада буд.

Русия дар моҳи сентябри соли 2015 ба пуштибонӣ аз нерӯҳои ҳукумати Башор Асад вориди ин ҷанг шуд. Дар ҳоли ҳозир аксар қаламрави Сурия зери назорати нерӯҳои Асад қарор дорад.

Садҳо нерӯи Русия пас аз сентябри соли 2015 ба Сурия фиристода шуданд ва Маскав дар шаҳри Лозиқия пойгоҳи низомӣ бунёд кард. Русия ҳамчунин дар шаҳри бандарии Тартус барои ҳимояти нерӯҳои ҳавоияш ва низ нерӯҳои заминӣ, пойгоҳ сохт.

XS
SM
MD
LG