Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман ба президент бовар кардам". Пули амонатгузоронро кӣ ва кай бармегардонад? ВИДЕО


Мирзохӯҷа Самадов, яке аз амонатгузорони бонки муфлисшудаи "Тоҷпромбонк"
Мирзохӯҷа Самадов, яке аз амонатгузорони бонки муфлисшудаи "Тоҷпромбонк"

Аз замони муфлис эълон шудани "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" дар Тоҷикистон панҷ сол гузашт. Қарор буд амволи ин ду бонкро дар давоми ду сол фурӯхта, пули амонатгузоронро баргардонанд. Ин раванд то кунун идома дорад ва амонатгузорон ҳанӯз дар талоши ба даст овардани пуле ҳастанд, ки солҳо бо заҳмат ба даст оварда буданд. Мақомот далелҳои худро доранд.

Мирзохӯҷа Самадов панҷ сол инҷониб талош дорад, ки маблағҳои дар "Тоҷпромбонк" гузоштаашро бозпас гирад. Вай борҳо ба номи президенти Тоҷикистон нома навишта, дар матбуот ҳам суҳбат кардааст, вале баъд аз ҳар шикоят ӯро маъмурони шуъбаи мубориза бо терроризми Вазорати корҳои дохилӣ бозпурсӣ намудаанд.

"Худи президенти Тоҷикистон чандин бор аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба хотири рушди ҷумҳурӣ, ояндаи неки кӯдакон, таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо дар бонкҳо амонат гузоранд. Ман ба президент бовар карда, ба ин кор рафтам. Тамоми сармояи ҷамъкардаи худу волидонро дар "Тоҷпромбонк" гузоштам", -- афзуд ӯ.

Самадов мегӯяд, дар "Тоҷпромбонк" ду миллион сомонӣ, ба ҳисоби ҳозира беш аз 200 ҳазор доллар, пасандоз гузошта буд. Ҳоло ҳар моҳ 200-300 сомонӣ мегирад. Ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки дар ивази пул амволи бонкро бигирад, масалан, хона. Вале Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, нархи пешниҳодии моликияти бонк хеле гарон аст ва ба зарари муштариён аст.

"Агар дар шаҳр як метри мураббаи хона аз 350 то 500 доллар аст, чаро онро ба нархи аз ин бештар бигирам?" – мепурсад вай.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, иддаои Самадов дар бораи он ки ҳар моҳ ба ӯ 200-300 сомонӣ медиҳанд, "дурӯғ аст". Раиси Бонки Миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, Мирзохӯҷа Самадов ҳар моҳ аз 1000 то 2000 сомонӣ дарёфт мекунад.

Нурмуҳаммадзода гуфт, "бигзор моликияти бонкро бигиранд. Онҳо намехоҳанд ба ивази пул моликияти пешниҳодшударо бигиранд. Акнун мунтазир шаванд, ки мо моликиятро фурӯшем ва баъд пулҳо ба дасташон дода шавад."

Пули амонатгузоронро кӣ ва кай бармегардонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Дар ҳамин ҳол, ду бонки дигари дучори мушкил – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" аз аввали сол беш аз бист миллион доллари муштариёнро баргардондаанд. Дар назари аввал ин пули хеле калон аст, вале бо дарназардошти он ки то моҳи ноябри соли гузашта танҳо "Тоҷиксодиротбонк" аз муштариён тахминан 46 миллион доллар қарздор будааст, ин пул кам мебошад.

Раиси Бонки Миллӣ гуфт, "Тоҷиксодиротбонк" аз ҳисоби фурӯши амволи худ бо панҷ ҳазор муштариаш ҳисобро баробар кардааст, вале чаҳор ҳазор муштарии дигараш ҳамчунон мунтазиранд. Вай дароз шудани муҳлати баргардондани амонати муштариёнро ба пандемияи коронавирус рабт дод.

"Онҳо созишнома доштанд, аммо ҳамон тавр ки медонед, иртибот қатъ шуд, роҳҳо бастааст ва онҳо натавонистанд музокиротро ба поён баранд", -- гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва ҳамзамон афзуд, "аммо ин масъулиятро аз шонаҳои бонкҳо холӣ намекунад, то уҳдадориҳои худро иҷро накунанд.”

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG