Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бонкҳо ба ивази пул амволи арзанда пешниҳод намекунанд" ВИДЕО


Як комиссияи нав дар Тоҷикистон ба таҳқиқи арзиши амволи ба гаравгузошта дар чор бонки дучори мушкилшудаи кишвар шурӯъ кардааст. Ин комиссия дар пайи шикояти муштариҳои ин бонкҳо таъсис шудааст, ки наметавонанд пулҳои амонатгузоштаи худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.

  • Комиссия ҳамакун бояд нархи молу мулки "Тоҷпромбонк", "Тоҷиксодиротбонк", "Фононбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро аз нав бозбинӣ кунад.

Таҳқиқи арзиши амволи бонкҳо

Ба ин гурӯҳ намояндагони ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла, Додситонии кулл, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва масъулини худи бонкҳо шомил ҳастанд.

Амонатгузорон аз он нигаронӣ мекунанд, ки дар ду соли ахир ду гурӯҳи корӣ барои ташхиси молу мулки бонк таъсис ёфта буд, аммо амволи бонкро баръакс, аз нархи бозор болотар нархгузорӣ намуданд.

Таҳқиқи арзиши амволи бонкҳо дар ҳоле шурӯъ шуд, ки ахиран дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз он интиқод кард, ки аз ҷониби "мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, амволи гарав барқасд бо арзиши гарон нархгузорӣ ва қабул карда мешавад".

Озода Раҳмон гуфтааст, ки ҳамин ҳолат баргардонидани маблағи қарзҳоро мушкил кардааст. Озода Раҳмон ба додситонӣ дастур додааст, ки назоратро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монанд.

Масъулини гурӯҳи корӣ мегӯянд, санҷиши онҳо то аввали моҳи май идома хоҳад кард. Шоҳин Салимов, муовини раиси муваққатии "Тоҷпромбонк", ки низ ба ҳайати комиссия шомил аст, дар як посухи кӯтоҳаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин бонк 80 номгӯи моликият аст, ки ҳар кадоми онро рафта дар ҷояш дида баҳогузорӣ мекунанд. Бинобар ин, эҳтимол то рӯзи 20-уми моҳи равон кори комиссия анҷом нашавад. Ҳозир ҳар як иншоотро рафта таҳқиқ мекунем".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Амволи бонкҳои дучори мушкилро гарон мефурӯшанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Ташкили комиссияи нав оид ба нархгузории молу мулки "Тоҷпромбонк" бархе аз амонатгузоронро, ки беш аз 2 сол аст дари ин бонкро дар Душанбе "охурча" кардаанд, каму беш умедвор намудааст. Дар як номаи дастаҷамъии худ ахиран Кумитаи амонатгузорони "Тоҷпромбонк" аз раҳбари гурӯҳи навтаъсис хостаанд, то арзиши амволи бонкро ба нархи бозор мувофиқ ва арзон кунанд. Шикояти аслии амонатгузорон ин аст, ки молу амволи ба гаравгузоштаи бонк бо нархи хеле гарон ба фуруш гузошта шуда, дар ду соли охир ҳеҷ харидоре намеёбад.

"Амвол 40% аз нархи аслиаш гаронтар аст"

Исмоил Ватанов.
Исмоил Ватанов.

Исмоил Ватанов ду соли ахир ҳар рӯз як бор "меҳмон"-и "Тоҷпромбонк" мешавад. Ӯ як миллион рубли аз муҳоҷират ба даст овардаи падару бародарашро дар "Тоҷпромбонк" амонат гузошта, дигар натавонист онро пас бигирад. Барои зудтар ба фурӯш рафтани амволи бонк ва бозпас гирифтани пули худ, Исмоил амволи бонкро дар сомонаҳои интернетиву нашрияҳои мухталиф таблиғ мекунад. Аммо мегӯяд, дарёфти харидор барояш осон нест, чун нархи амволи бонк то 40 дар сад аз нархи аслиаш гаронтар аст.

"Тоҷпромбонк", ба гуфтаи масъулинаш аз муштариён беш аз 40, ва ба гуфтаи худи амонатгузорон, 51 миллион сомонӣ қарздор аст. Мушкили ин бонк аз соли 2015 оғоз шуд ва соли 2017 онро то ба муфлисӣ расонд. 314 нафар муштарии ин бонк ду сол боз наметавонанд пулҳои дар бонк гузоштаи худро бозпас бигиранд. Ҳоло феҳрасти тӯлонии амволи ба фурушгузоштаи бонк шурӯъ аз моликияту иншооти гаронарзиш то соату ороишоти арзон дар таблоҳои калон дар дарвозаи ин бонк овезон аст.

Муштариёни бонк дар номаи худ ба комиссияи навтаъсис аз чанд иншооти ба фурушгузоштаи "Тоҷпромбонк" мисол овардаанд, ки то 18 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудаанд ва касе онро бо чунин қиммат намехарад. Онҳо дар муроҷиатномаи худ дархост карданд, ки нархи ҳади ақал қисме аз молу мулки бонкро 50 дарсад коҳиш диҳанд, то мардум тавонад маблағҳои худро бозпас бигирад.

Амонатгузорони бонк аз он нигаронӣ мекунанд, ки дар ду соли ахир ду гурӯҳи корӣ барои ташхиси молу мулки бонк таъсис ёфта буд, аммо амволи бонкро баръакс, аз нархи бозор болотар нархгузорӣ намуданд.

"Бар ивази пул, амволи хуб пешниҳод намекунанд"

Муҳаббат Муъминова, як муштарии "Тоҷпромбонк".
Муҳаббат Муъминова, як муштарии "Тоҷпромбонк".

Муҳаббат Муъминова, яке аз муштариёни дигари "Тоҷпромбонк", ки панҷ ҳазор доллараш ҳанӯз дар бонк банд аст, мегӯяд барои табобати шавҳари пир ва набераи бемораш ҳоло ба маблағ ниёз дорад, аммо наметавонад пулашро аз бонк бигирад.

​Вай мегӯяд, "комиссияи якум нархҳоро дида баромад, паст накард. Дуюм комиссия ҳам ҳамин хел. Масалан, собиқ бинои банк, ки пеш боғча буд, дар вақташ бар ивази 46 ҳазор доллар харида шудааст. Ҳозир нархи он 18 миллион сомонӣ (1,8 миллион доллар бо қурби имрӯза) аст. Давоми ин солҳо 10 баробар қимат шуда бошад ҳам, 4 миллион сомонӣ мешавад. Барои ҳамин, соли сеюм аст, ки наметавонанд ин биноро фурӯшанд".

Муҳаббат мегӯяд, бонк барои худи муштариён ҳам бар ивази пули нақд амволи хубу арзанда пешниҳод намекунад. Амонатгузорон ба гуфтаи ӯ, имкони гирифтани моликият ба ҷойи пулашонро надорад, чун ин молу амвол аз маблағи онҳо бештар нархгузорӣ шудааст. Барои Муҳаббат "Тоҷпромбонк" як қитъа замин пешниҳод кардааст.

"Ба ман як дача ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ дар Ромит пешниҳод кард. Ман худам одами пир, шавҳарам 81-сола аст. Мошин надорем, ки ҳар рӯз Ромит рафта биёем. Амволи намешуданиро пешниҳод мекунанд",- мегӯяд Муҳаббат Муъминова.

Оё гурӯҳи нави корӣ ба "дод"-и муштариён мерасад?

Бино ба арзёбии маъмурияти муваққат ҷамъи амволи "Тоҷпромбонк" ба 500 миллион сомонӣ баробар будааст. Ин маблағ барои бозпас додани қарзи идораҳои давлатӣ ва ҳам амонати муштариён кофист.

Аммо раҳбар ва муовини муваққатии бонк дар робита ба иддаои гарон будани нархи молу мулк мегӯянд, бори охир баъди боздошти мудири "Тоҷпромбонк" Ҷамшед Зиёев, дар соли 2017 бо дархости муфаттишон, гурӯҳе аз муттахассисон амволи бонкро омӯхта, нархгузорӣ намуда буданд ва тағйири ин нархҳо аз онҳо вобаста набуд.

Ҳоло онҳо тахмин мезананд, ки эҳтимол гурӯҳи нави корӣ арзиши молу мулки ба гаравгузоштаро то 20 дар сад поин барад ва қарзи муштариён баргардонида шавад.

XS
SM
MD
LG