Таътил шудани кори сомонаи “Озодагон” ва амиқтар шудани мушкилоти молии нашрияҳои мустақили чопӣ аз он масоиле ҳастанд, ки дар таърихчаи як соли охири матбуоти тоҷик сабт мешаванд.
Коршиносон мегӯянд, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон воқеан ҳам нигаронкунанда аст ва дар сурати идомаи мушкилоти молӣ ва маҳдудтар шудани кори расонаҳои хабаррасон, фазои сиёсии ин кишвар ҳам бештар маҳдуд мешавад.
Соли 2017 аксар нашрияҳои мустақил аз коҳиши даромад, мушкили пахши нашрияҳо, рақобати шадид бо вебсайтҳои хабарӣ шикоят карданд. Илова ба мушкилоти молию корӣ, созмонҳои мудофеи озодии баён соли 2017 аз тарки пеша кардани дасти кам 20 журналист бо сабаби маошу даромади кам ва вуҷуди фишор дар заминаи пӯшиши матолиби ҳассоси сиёсӣ хабар доданд. Созмонҳои байналмилалӣ аз маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори ташвиш карданд.
Бархе мегӯянд, ҳодисаи барҷастатарини сол шояд таъсиси шабакаи нави давлатии ТВ «Шаҳнавоз» буд, ки бо пахши мусиқиву оҳанг ихтисос ёфтаанд. Тамоюли дигар – фаъолтар шудани нақши вебсайтҳои хабаррасони интернетӣ ва ба манбаи муҳими иттилоърасонӣ табдил шудани онҳо дар муқобили нашароти чопӣ як дигар воқеияти солҳои охир дар Тоҷикистон аст. Айни замон, чанд нашрияи мустақил ва собиқадори сиёсиву таҳлилӣ аз майдон берун шуданд.
Таҳлилгарон мегӯянд, тамоюли коҳиши нишондодҳои озодии матбуот дар Тоҷикистон давоми чанд соли охир пайваста идома дорад ва ин вазъият аз таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии кишвар вобаста аст. Баъди интихоботи соли 2013, ошӯби номуваффақи генерал Назарзодаву баста шудани ҲНИТ дар соли 2015, ба мушоҳидаи мудофеони озодии баён, дар Тоҷикистон озодии матубот ҳам хеле маҳдуд шудааст.
Бохти матбуоти тоҷик дар соли 2017
Шаҳло Акобирова, ки соли 2017 раиси нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон шуд, бо таассуф мегӯяд, ки дар соли 2017 зимни ташкили шабакаҳои рақамии телевизонҳо, ҳеҷ кадом телевизиони мустақил ба он шомил карда нашуд ва ҳамин тавр аз барнома берун монданд:
“Яъне, шабакаи рақамӣ сохта шуд ва ҳамаи шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ дар як баст пешниҳод карда шуданд, аммо телевизионҳои мустақил вориди ин баста нашуданд ва сарнавишти васоити ахбори электрони мустақил норӯшан боқӣ мондааст, ки ин дар соли 2017 як бохти матбуоти мустақил аст. Боз аз фаъолият мондани сомонаи “Озодагон” бохти дигари матубот аст. Дар айни замон дар назди Кумитаи радио ва телевизион як гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи шабакаҳои рақамӣ ба кор шурӯъ кард, ки тарҳи сиёҳнависи шабакаҳои рақамӣ таҳия шудааст, албатта ин пешрафт аст”. Шаҳло Акобирова меафзояд, сол ба сол шумораи расонаҳои мустақил дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.
"Бонги изтироб"
Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки дар соли 2017 эътимоди хонанда ба матбуоти чопӣ кам шуд, зеро ҷомеа матраҳ шудани мушкилоти муҳими рӯзмарраро намебинад.
“Ин беэътимодӣ сол ба сол бештар шуда истодааст. Ва ман ҳамчун устоди риштаи журналистика чунин вазъиятро хатарнок меҳисобам ва ин бонги изтироб аст. Дуруст аст, ки ҳанӯз ҳам баъзе сокинони номаҳои шикоятии худ дар нисбати бемасъулиятии ниҳодҳо ба раиси ҷумҳур ба идораҳои рӯзномаҳои меоранд, вале ин хеле ночизу кам аст”.
Журналистони фаъоли дигар мегӯянд, агар дар солҳои гузашта аз мушкили «худсонсензура» мегуфтанд, пас соли 2017 ин масъала боз ҳам амиқтар шуд. Алишер Зарифӣ, рузноманигори тоҷик яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд, соли 2017 ин масъала боз ҳам амиқтар шуд. Ба назари ӯ, шояд ҳамин омил як сабаби бечора шудани матбуоти чопӣ шудааст. Аз сӯи дигар, нақши расонаҳои электронии интернетӣ бориз шуд ва афроди огоҳ ва хотстори пайгирии хабарҳои саривақтӣ дигар мунтазири нашрияҳои чопӣ намешаванд.
"Ҳоло бубинед, хабарҳои доғро дар расонаҳо ё худ сомонаҳои хабарӣ мехонем ва масъалагузориҳо оид ба мавзӯъҳои мухталифро ҳам расонаҳои хабарӣ дар миён мегузоранд. Аз ин рӯ, ман пул харҷ карда, беҳуда рӯзнома намегирам ва ба расонҳо таваҷҷуҳ мекунам",- мегӯяд Алишер Зарифӣ
Шояд бо назардошти ҳамин ҳам дастрасӣ ба бархе расонаҳои фаъоли интернетӣ соли 2017 маҳдуд шуд. Коршиносони риштаи матбуот мегӯянд, ки дар ин сол расонаҳои хабарии интернетӣ “рӯзи хуш” надоштанд ва қатъу баст шудани интернет кори онҳоро мушкил кард ва бархе сомонаҳои хабаррасон, мисли Радиои Озодӣ ва “Азия плюс” бидуни барномаҳои филтиршикан боз намешаванд.
Коршиносон мегӯянд, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон воқеан ҳам нигаронкунанда мешавад ва дар сурати идомаи мушкилоти молӣ ва маҳдудтар шудани кори расонаҳои хабаррасон, фазои сиёсии ин кишвар ҳам бештар маҳдуд мешавад ва ин раванди рушду пешрафти ҷомеаро боз ҳам ақиб меандозад. Матбуоти маҳдуду заиф дар баробари таҳаввулоти сиёсии кишвар гарави рукуди демократии ҷомеа мебошад ва ин ҳамон чизест, ки дастандакорони соҳа, аз ҷумла давлатмардони кишвар бояд сараш андеша кунанд.