Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Махфират Бадалова, ки барои мулоқоти дарозмуддат бо шавҳари зиндониаш ба зиндони рақами яки Душанбе омада буд, мехост, телефони “Нокиа”-ро ба шавҳараш бирасонад.
Аммо маъмурони амниятӣ ҳангоми тафтиш ин телефонро аз тагпӯш ва ё памперси писари Махфират Бадалова пайдо кардаанд. Ба гуфтаи додгоҳ, барои ин қонуншиканӣ алайҳи хонум Бадалова тибқи моддаи 472-уми Кодекси маъмурӣ, яъне ғайриқонунӣ додани ашёи мамнӯъ ба зиндониён парванда боз ва 280 сомонӣ ҷаримааш кардаанд.
Дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳ доштани телефонҳои ҳамроҳ ва дигар абзори электронӣ мамнӯъ аст ва барои он ҷазо ҳам муаяйн шудааст. Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи зиндониҳои собиқ, ҳоло дигар дар байни маҳбусон тақрибан касе нест, ки бо худ телефони мобил надошта бошад, вале азбаски ин кор аз нигоҳи қонун манъ аст, даровардану гардондани телефон амалан ба як манбаъи фасод дар зиндонҳо табдил ёфтааст. Онҳо мегӯянд, маҳбусон маҷбуранд барои истифода аз чунин имтиёз ба зиндонбонҳо “ҳақ” супоранд.
Аммо дар ин авохир, дар пайи аз чордевори зиндонҳо ба дасти матбуот расидани чанд навори шиканҷаи маҳбусон, багуфтаи худи зиндониҳо, муборизаи мақомот бо маҳбусони телефондор шадидтар шудааст.
Дар сӯҳбате бо Сергей Романов, намояндаи Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва аз муаллифони гузоришҳо доир ба ҳуқуқи зиндониён дар Тоҷикистон дар бораи ин қазия ва ҳам иртиботи зиндониён бо ҷаҳони берунӣ нахуст доир ба мавҷудияти телефонҳои ҳамроҳ дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон пурсидам:
“Мо иттилоъ дорем, ки зиндониён телефонҳои ҳамроҳро аз тариқи баъзе аз кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ба даст меоранд, вале мутаассифона далеле барои собит кардани ин гуфтаҳо надорем. Вале худи зиндониён мегӯянд, ки телефон дар дохили зиндон зиёд аст ва бояд зикр кард, ки бисёре аз қонуншиканиҳое ки ба зиндониён рабт медиҳанд, маҳз ёфтани сим-карт ва телефонҳои ҳамроҳ дар дасти онҳост. Баъди кашфи ин қонуншиканӣ, зиндониёнро ҷазо медиҳанд ва ба ШИЗО меандозанд. Дигар ин ки истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар дохили зиндонҳо баёнгари он аст, ки бояд муқаррароти амниятӣ дар дохили зиндонҳо риоят шавад. Чунки дар зиндонҳо ҷинояткорони гуногун нигаҳ дошта мешаванд ва ин метавонад барои амният ва кори дохили зиндонҳо хатар эҷод кунад. Ин тарафи масъаларо ҳам бояд ба назар гирифт. “
Бар асоси қонун, зиндониён ҳақ доранд, ки бо наздикону аҳли хонаводаашон суҳбат кунанд, мукотиба дошта бошанд. Метавонед ин масъаларо шарҳ диҳед?
“Бар асоси Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, маҳбусон ҳаққи тамос бо ҷаҳони берунӣ, яъне ҳаққи гуфтугӯи телефонӣ ва ҳаққи мукотибаро бо хонаводаву наздикон ва ниҳодҳои давлатиро доранд. Аммо онҳо ҳақ доранд, танҳо аз он телефонҳое истифода баранд, ки дар зиндонҳо ва дар маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ гузошта шудаанд. Дар ин муассисаҳо, ҷойҳои махсус барои гуфтугӯҳои телефонӣ вуҷуд дорад ва бо иҷозаи мақомоти зиндон зиндониён ҳақ доранд, ки барои муколама аз ин телефонҳо истифода баранд. Бар асоси муқаррароти дохилии зиндон, истифодаи телефонҳои ҳамроҳ мамнӯъ аст. Нигаҳ доштани телефонҳои ҳамроҳ, камераҳои наворбардорӣ ва дигар васоили мухобирот дар ҳудуди муассисаҳои махсуси ислоҳии Тоҷикистон мамнӯъ аст ва ворид кардани онҳо низ ғайриқонунӣ мебошад. “
Яъне зиндониён ҳар вақт хостанд, метавонанд бо хешовандонашон сӯҳбат кунанд ва ё меъёр вуҷуд дорад, ки ҳафтае як ё ду бор?
“Қоидаи мушаххасе нест, онҳо метавонанд аз ҳисоби худ ва ё бо иҷозаи маъмурият аз ҳисоби муассисаи ислоҳӣ телефон кунанд. Яъне зиндонӣ ҳақ дорад, аз ҳисоби худ ҳар вақт ки хоҳад, сӯҳбат кунад, вале агар чунин имконро надошта бошад, маъмурияти зиндон метавонад ба ӯ иҷоза бидиҳад, ки аз ҳисоби давлат сӯҳбат кунад. Аммо меъёри мушаххас, масалан дар як ҳафта як бор ё ду бор муайян нашудааст. “
Пас бо назардошти қазияи ворид кардани телефони ҳамроҳ ба зиндон метавонем бигӯем, ки шароиту имкони сӯҳбат бо наздикон барои зиндониён дуруст фароҳам нашудааст?
“Агар зиндониён аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд, пас бояд ин масъаларо амиқтар омӯхт, ки чаро онҳо ба ин телефонҳо рӯ меоранд. Дар инҷо метавон гуфт, ки барои дастрасии зиндониён ба телефонҳои дохилӣ, кори дуруст анҷом намедиҳанд ва ба андешаи ман, мақомоти масъул бояд ба ин масъала расидагӣ кунанд.”
P.S.
Дар Украина чанде пеш ба зиндониён иҷоза доданд, ки телефони ҳамроҳ дошта бошанд. Дар Норвегия ва Шветсия ҳатто дастрасии маҳбус ба Интернет як амри маъмул шудааст. Шароити зиндонҳои Норвегия бахусус баъди ҳукми абади Андерс Брейвик вирди забони расонаҳо шуд. Бисёриҳо бо таваҷҷӯҳ ба инки Брейвик, масъули қатли 77 нафар дар ҳамлаҳои террористии соли 2012-ро дар як камераи сеҳуҷрагии муҷаҳҳаз бо компутару Интернету ҳуҷураи алоҳида корӣ ва як толори алоҳидаи варзишӣ нигоҳ медоранд, зиндонҳои ин кишварро як чизи наздик ба курорт ба қалам медиҳанд. Бо ин ҳол, Андерс Брейвик ахиран дар 27 саҳифа шикоят навишта, зиндонбонҳояшро айбдор кардааст, ки ба ӯ қаҳваи сард меоранд ва ва барои истифода аз крем барои пӯст иҷоза намедиҳанд.