Боздошти Равшанбек Собиров, вазири тоҷиктабори Қирғизистон дар матолиби аксари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе мавриди бозтоб қарор гирифтааст.
«Фараж» ин боздоштро ба истилоҳ «подстава» ва бадномкунӣ арзёбӣ карда ва навиштааст, ки «хабари боздошти ягона вазири тоҷиктабори Қирғизистон Равшанбек Собиров бо иттиҳоми порахӯрӣ ба оташи ҳангомаҳои бадхоҳон атрофи фасодзадагии Тоҷикистон равған пошид». Ба навишати нашрия «воқеан, мусибатбор ва гузашта аз ин рӯзи сиёҳ аст барои тоҷик, ки ягона номбардори воломақомашро дар хориҷ аз кишвар ҳам саркӯб мекунанду намегузоранд озодона фаъолият кунад».
«Нигоҳ» дастгир шудани Равшанбек Собировро тавтеа хонда ва дар матлаби «Маош ва фасод» навиштааст, ки «расонаҳои мо боздошти Рашванбек Собировро ҳамчун боздошти вазири тоҷики Қирғизистон инъикос мекунанд. Ба мақоми ӯ кам таваҷҷӯҳ мешавад». Ин ҳам дар ҳоле, ки нашрия суол мегузорад, «Оё моҳияти масъала чунин аст? Оё порахӯрии як вазири тоҷик ба чашм мехӯраду худи вазирони вазирони қирғиз магар пора намегиранд, ё ба истилоҳ, ин «подстава» - и намояндаи як миллати дигар аст?». Нашрия хулоса мекунад, ки «агар воқеан ин ҷо тавтеа нест, тоҷик, узбек, рус … будани Равшанбек Собиров аҳамияти надорад, муҳим мақоми ӯст».
«Озодагон» бо ишора ба интихоботи раёсти ҷумҳурии соли 2013-и Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон, президенти феълиро ба чолиш кашидааст. Нашрия дар матлаби «Ҳафт соли дигар «шукрона» мекунем?!» навишт, ки «Раҳмон барои ҳафт соли дигар президент шудан мехоҳад. Агар намехост намегузошт, ки номзадиашро эълон кунанд. Соли 2013 низ Раҳмон президент мешавад. Орои заруриро ба даст меорад ё хайр, ин мавзӯи дигар аст». Аммо нашрия аз амалӣ нашудани се ваъдаи аслии ҳукумат мегӯяд, ки инҳо «истиқлоли энергетикӣ, бунбасти комуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст. Ба таъкиди нашрия «раванди муҳоҷират дар ҳоли афзоиш буда, соҳаи маориф ва тандурустӣ ҳамчунон дар вазъи таассуфовар боқӣ мондааст». Нашрия бар ин назар аст, ки президенти имрӯзаву ояндаро зарур аст, ки аввалин қадамро ба сӯи мардум, яъне ҷониби миллат гузорад, то ба истилоҳ «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад».
«Наҷот» дар матлаби «Таҳмил ва воқеъият» аз ҳоло эълом шудани номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ ба интихоботи президентии соли 2013-ро номафҳум арзёбӣ кардааст. Муаллифи матлаб менависад, «доираҳои манфиатхоҳ ба ҳеҷ сурат намехоҳанд, ки номзадии шахсияти воқеъӣ дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон пайдо шавад». Муаллиф бар ин назар аст, ки «асли масъалаи ҳимояти доираҳои манфиатхоҳ бо пуштибонӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, ҳимоя ва ҳифзи манофеъи худашон аст». Ба ин далел муаллиф мӯътақид аст, ки «ин доираҳо аз тамоми имкониятҳо ва васоил истифода мебаранд, то ашхоси дигари довталаб барои расидан ба курсии президентӣ пайдо нашавад».
«СССР» аз афзоиши ҷиноятҳо бо истифодаи яроқ ва кашфи ашхоси соҳиби силоҳи ғайриқонунӣ изҳори нигаронӣ карда дар матлаби «Вақте одамон ба даст яроқ мегиранд» ин суолро матраҳ кардааст, ки «Чаро маҳз ин шабу рӯз шумори ҷиноятҳо ва теъдоди чунин одамон зиёд шудааст?». Ба навиштаи нашрия, «Пас аз куштори Холмаҳмад Сафаров, язнаи президент Раҳмон хабарҳо дар бораи ҷиноятҳои анҷомшуда ба воситаи яроқ бештар шуда ва метавон тахмин зад, ки шояд мақомот дар пайи ин куштор барои дарёфту мусоидираи яроқи оташфишони ғайриқонунӣ ҳар ҷӣ бештар фаъол шудаанд». Аммо нашрия менависад, «вақте мардум мебинад, ки «ҷомеа аз нав ташаннӯҷ меёбаду зуҳури яроқ масъалаҳоро ҳал карданист» чӣ метавонад хулоса кунад? Набояд ба умеди мақомот шуду худ бояд пайи ҳифозати худу наздикон гардид? Ин аст, ки ба таъкиди нашрия «дарвоқеъ танҳо қонунӣ кардани истифодаи силоҳи пневматикӣ дар Тоҷикистон масъалаҳои зиёдтареро ба миён овардааст».
"Миллат" мавзӯи таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишварро ба риштаи таҳлил кашида ва ҷӯёи посух ба суоли «Чаро тоҷики камбағал ҳаққи таҳсил дар хориҷаро надорад?» шудааст. Нашрия менависад, «чанд соли ахир бештар дар зеҳни наврасон ва ҷавонони тоҷик, яъне хатмкардагони макотиби миёна, таҳсил намудан дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар ҷо шудааст ва ин чиз таъсири амиқе низ дар мағзҳои онҳо ба ҷой гузоштааст». Зеро ба навиштаи нашрия «ба гумони ин ҷавонон, таҳсил намудан дар мактабҳои хориҷӣ, гӯё ҳамдӯши замон будан ва гирифтани дониши бештарро дар пай дошта бошад». Нашрия ҳам менависад, «аслан чунин ҳам ҳаст, зеро мусаллам аст, ки тарз ва усули таълим дар мактабҳои кишварҳои хориҷии пешрафта ба маротиб аз макотибу мадориси мо беҳтар ва ба пешрафтҳои замони муосир наздиктар аст».