Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияҳои Душанбе: "Эй насл бедор шав!"


Аксар нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ба Иди Ғалаба, номгузории тоҷикӣ ва ҳам рӯзи донишҷӯ таваҷҷӯҳ кардаанд.

"ОЗОДАГОН"

Дар матлаби "Ғалаба" пирӯзӣ бар фашизмро ғалабаи мардуми тоҷик низ хондааст. Аммо нашрия навиштааст, "ба назар мерасад, ин пирӯзӣ барои ҳамеша набудааст. Зеро имрӯз мо ҳамчунон дар банди фашизм азият мекашем. Фашизм дар шаклҳои мухталиф мисли ангале вуҷуди зиндагии моро печонидааст." Ба таъкиди нашрия "яке аз шаклҳои фашизм нажодгароӣ аст, ки дар Русия густариш меёбад ва ба амнияти ин кишвар таҳдиди айнист." Аммо нашрия шакли дигари фашизмро дар миқёси Тоҷикистон "маҳалгароӣ" талаққӣ кардааст.

"СССР"

Дар робита ба фашизм навиштааст, "фашизм давлатӣ ва миллӣ мешавад". Ба навиштаи нашрия, "имрӯз, ки ҳамсояи мо сояи тоҷиконро аз девор метарошад, кори дасти як нафар нест. Машинаи идеологӣ ба ҳамин самт равона аст. Ин машина дар дохили кишвари мо низ винтику шрупҳо дорад, ки мо сари он ҳатман баҳс хоҳем кард."

"ФАРАЖ"

Дар матлаби "Эй насл бедор шав!" аз он нигаронӣ кардааст, ки ширкати тоҷикон дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ баҳси тарафдорон ва мухолифонро ба бор овардааст. Ҷасур Абдуллоев, маллифи матлаб менависад, "имрӯз онҳое, ки мисли мананд, ҷангро надидаанд ва намедонанд он чист, даъво доранд, ки тоҷикон муқобили фашизм бефоида ҷангидаанд." Муаллиф суол мегузорад, "чӣ далел доранд?" ва посух медиҳад: "Ҳеҷ чиз, танҳо назари худ." Афзун бар ин муаллиф навиштааст, "онҳо ҳатто ҷанги шаҳрвандии бист сол муқаддамро бо тамасхур ба хотир меоранд. Гӯиё чизе нашуда бошад ва гӯиё хурусҷанге буд."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Мавзӯи номгузории тоҷикиро ба чолиш кашида ва дар матлаби "Бо насаби тоҷикӣ - танҳо дар Тоҷикистон?" навиштааст, "соли 2007 раисиҷумҳур шаҳрвандони кишварро даъват кард, то ба асли хеш баргарданд ва аз истифодаи пасоянди русии "ов" дар насаби худ даст кашанд. Ин буд, ки президент насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон кард. Ба ин иқдоми раисиҷумҳур кулли мансабдорон ва баъдан даҳҳо ҳазор мардуми оддӣ пайравӣ карданд." Аммо нашрия менависад, ки "ҳоло ин раванд тамоюли баръаксро гирифтааст ва мардум дубора дар насабашон пасояндҳои "ов" ва "ев"-ро гирифтаанд."

"ТОҶИКИСТОН"

"Рӯзи донишҷӯ"-ро матраҳ карда ва ин суолро дар миён гузоштааст, ки "чаро ҳама рӯз дораду донишҷӯ не?" Ба навиштаи нашрия "бо он ки 17-уми ноябр дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон чун рӯзи донишҷӯ таҷлил мешавад, аммо дар Тоҷикистон рӯзи донишҷӯ нест. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди нашрия "бо эълон ва таҷлили рӯзи махсуси донишҷӯ онҳо имкон пайдо мекунанд, ки оид ба мушкилоти худ садо баланд кунанд, зеро дар чунин рӯзҳои вижа масъулон низ ба онҳо таваҷҷӯҳ хоҳанд кард." Ба ин далел нашрия менависад, "беҳтар мебуд барои ин рӯз ҳамон рӯзе, ки донишҷӯён дар тамоми ҷаҳон қайд мекунанд, интихоб карда шавад."
XS
SM
MD
LG