Баъди анҷоми бозии дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Австралия дар даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В”, ки шаби сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт, нишасти хабарӣ доир шуд.
Дар ин нишаст нахуст Анҷе Постекоглу, сармураббии мунтахаби Австралия, чунин иброз дошт: “Ман аз бозии дастаи худ қаноатмандам. Бозӣ таҳти назорати мо буд. Баъди голи аввал дастаи мизбон хаста шуд ва ин ба мо имкон дод, ки минбаъд ба осонӣ бозӣ кунем. Мо се гол задем ва бозиро комилан таҳти назорати худ гирифтем. Вале замоне ки ҳисоб 0:0 буд, мо дар ҳаяҷон будем. Баъдан мо бартарии худро бо голҳо анҷом додем. Мо бад бозӣ накардем, заҳмат кашидем ва ҳатто метавонистем, ки боз ду голи дигар занем. Дастаи Тоҷикистон муташаккил буд, аз лиҳози техникӣ мехост моро нигоҳ дорад, кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Мухлисон дастаро хуб дастгирӣ карданд”.
Баъдан дар ин нишаст Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, “пеш аз ҳама ба мухлисон барои дастгириашон изҳори сипос мекунам. Ба бачаҳо низ барои ҷаҳду ҷадалашон ташаккур мегӯям. То дақиқаи 55-ум бачаҳо дастури моро барои ин бозӣ ба ҷо оварданд, вале баъдан аз иҷрои ин вазифа каме дур шуданд, ки ин барои мо бо “фоҷиа” хотима ёфт, яъне се гол хӯрдем. Хатои мо дар он буд, ки баъди голи хӯрдан, бахусус пас аз голи дувум, бачаҳои мо ноумед шуда, ба бохт тан доданд”.
Ёдовар мешавем, бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо ҳузури 19 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Нимаи аввали дидор бидуни гол хотима ёфт. Дар қисми дувуми бозӣ, дар дақиқаи 57-ум, Марк Миллиган ҳисобро боз кард. Ду голи дигари меҳмононро капитани австралиягиҳо Тим Кахил дар дақиқаҳои 74-ум ва 90+1 ба ҳадаф расонд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили мунтахаби Австралия чунин буд: Алишер Додов, Фарҳод Восиев, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (капитан, Парвизҷон Умарбоев, 63), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров (Аҳтам Ҳамроқулов, 75), Манучеҳр Ҷалилов.
Сармураббӣ: Мубин Эргашев.
Доварони ин бозӣ бо роҳбарии сардовар Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейн аз Баҳрайн, нозири доварон Масъуд Муродӣ аз Эрон ва комиссари бозӣ Ту Силианг из Чин буданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “В” 8 сентябр мунтахаби Бангладеш дар майдони худ аз тими Урдун бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот мунтахаби Австралия бо 9 имтиёз пешсаф аст. Дастаи Урдун бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қирғизистон бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки якимтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар зинаҳои чоруму панҷум ҷойгир шудаанд.
Ҷоми ҷаҳон-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи 2-юм
Гурӯҳи «B». Даври 4-ум
Бангладеш - Урдун – 0:4
Тоҷикистон - Австралия – 0:3
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Е | И |
1 | Австралия | 3 | 3 | 0 | 0 | 10-1 | 9 |
2 | Урдун | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-1 | 7 |
3 | Қирғизистон | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-3 | 4 |
4 | Тоҷикистон | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-7 | 1 |
5 | Бангладеш | 4 | 0 | 1 | 3 | 2-13 | 1 |
Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи "В”:
Даври 5-ум
8 октябр (панҷшанбе)
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Урдун – Австралия
Даври 6-ум
13 октябр (сешанбе)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Бангладеш
Даври 7-ум
12 ноябр (панҷшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Бангладеш
Австралия – Қирғизистон
Даври 8-ум
17 ноябр (сешанбе)
Бангладеш – Австралия
Қирғизистон – Урдун
Даври 9-ум
24 март (панҷшанбе)
Австралия – ТОҶИКИСТОН
Урдун – Бангладеш
Даври 10-ум
29 март (сешанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Австралия – Урдун