Нигина Саломатова, як фурӯшандаи бозори «Фаровон» ба радиои Озодӣ гуфт, субҳи барвақти 5 июн кормандони шӯъбаи аввали умури дохилаи ноҳияи Сино бо дастури раиси бозор ба инҷо омада, монеъи фурӯши моли онҳо дар саҳни бозор шуданд. Ӯ мегӯяд, кормандони милиса ба зӯрӣ олучаю себу помидору бодиринги онҳоро ба ҳар тараф парешон карда намегузоранд, ки мо ба мардум арзонтар фурӯшанд.
«Вақте ки мо дохили бозор медароем, ягон шароити оддӣ барои нишастану фурӯхтан мавҷуд нест ва харидорон низ дохили бозор намедороянд, аз ин рӯ, ночор мо дар берун истода мефурӯшем,» - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Ин видеоро яке аз шоҳидони ин муноқиша ба Озодӣ фиристод:
Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки худро Ёқуб муаррифӣ кард, гуфт, ки ҳар субҳ сокинони ноҳияҳои Турсунзодаву Шаҳринав ҳосили боғу кишти худро тариқи қатор ба ҳамин истгоҳи назди бозори «Фаровон» меоранд ва арзонтар ба фурӯш мегузоранд.
«Вақте ки онҳо моли худро меоранд, мо аз онҳо харидорӣ намуда, ба бозорнишинҳои дигар бозорҳо савдо мекунем ва дар саҳни бозори «Фаровон» ба фурӯш мегузорем, лекин кормандони милиса бо дастури раиси бозор моро намегузоранд ва маҷбур мекунанд, ки дохили бозор шавем, ки ба нафъи мо нест,» - меафзояд Ёқуб.
Як корманди милиса, ки мардумро пароканда мекард, мегӯяд, ки бо хоҳиши масъулони ин бозор омадаанд ва мехоҳанд, ки саҳни бозор озод бошад ва фурӯшандаҳо дар дохил савдо кунанд. Вай афзуд, ки беш аз як ҳафта боз онҳоро водор карда истодаанд, ки дохили бозор шаванд, аммо гӯш намекунанд.
Тақрибан соати 11 рӯзи 5 июн кормандони милиса тавонистаанд таҷаммӯъи фурӯшандаҳоро пароканда кунанд.
Бозори «Фаровон» дар пойтахт ҳамчун бозори арзонтарини маҳсулоти сабзиҷоту мева дониста мешавад. Ҳар субҳи барвақт сокинони навоҳии Шаҳринаву Турсунзода бо қатор ҳосили замину боғи худро ҳамчун дасти аввал дар назди ҳамин бозор яклухт ба фурӯш мегузоранд. Ва фурӯшандаҳои бозори «Фаровон» чун дасти дуввум аз онҳо харидорӣ намуда, бо нархи баландтар ба дигарон пешкаш мекунанд.
Тоҷирони аксари бозорҳои пойтахт, аз ҷумла «Шоҳмансур», «Саховат», «Зарафшон» ва дигар бозорҳо маҳсулоти худро аз ҳаминҷо харидорӣ мекунанд.