Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи пулис ба эътирозгарон дар Киев


Нерӯҳои пулиси Украина шомгоҳи рӯзи сешанбе дар шаҳри Киев бо тазоҳуркунандагон даргир шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, садҳо тан аз нерӯҳои пулиси Украини 10-уми декабр талош карданд, монеаҳои атрофи маҳали ҷойгиршавии эътирозгарон дар майдони "Истиқлол"-ро аз байн бибаранд, аммо бо мухолифати эътирозкунандагон рӯбарӯ шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, пас аз ин, миёни эътирозгарон ва пулис даргирӣ рух дод. Тибқи гузоришиҳо, ҳудуди 300-400 мӯътариз дар ин майдон таҷаммӯъ кардаанд. Эътирозҳҳои зиддидавлатӣ дар Украина аз се ҳафта қабл дар пайи он оғоз шуд, ки раиси ҷумҳури он кишвар аз имзои паймони ҳамкории иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупо худдорӣ кард.

Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина рӯзи сешанбе тайи як мулоқот бо се тан аз раисони ҷумҳури пешини Украина, аз эътирозҳои кунунӣ алайҳи давлат интиқод кард ва онро "таҳдиде барои амнияти миллӣ" донист. Оқои Янукович дар айни ҳол таъкид кард, ки ҳайате аз Украина рӯзи чаҳоршанбе ба Бруссел мераванд то бори дигар паймони ҳамкории иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кунанд.

Катрин Аштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи сешанбе дар талош барои миёнҷигарӣ ва ҳалли бӯҳрони Украина, дар Киев бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина дидор ва гуфтугӯ кард. Тибқи гузоришҳо, ин дидор севу ним соат тӯл кашидааст, аммо дафтари хонум Аштон дар мавриди ин гуфтугӯҳо маълумоти бештар надод. Хонум Аштон пас аз гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Украина, аз майдони "Истиқлол"дидан кард ва бо раҳбарони мухолифон низ гуфтугӯ намуд.

Ҳамчунин комиссари умури вобаста ба густариши Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 10-уми декабр эълон кардааст, ки ин иттиҳодияи омода аст, ки Украина кӯмаки молӣ расонад. Русия мухолифи шадиди имзои паймони ҳамкорӣ миёни Украина ва Иттиҳодияи Аврупо аст ва то кунун фишорҳои зиёдеро барои маҳофили сиёсии Украина барои дурӣ аз имзои ин паймони ҳамкорӣ ворид кардааст.

Ҳамлаи пулис ба эътирозгарон дар Киев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00
XS
SM
MD
LG