Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Киев, пойтахти Украина иттилоъ дод, ки нерӯҳои амниятӣ ба бардоштани сангарҳое иқдом намуданд, ки тазоҳуркунандагон дар атрофи биноҳои маъмурӣ дар маркази шаҳр бунёд кардаанд.
Полис хаймаҳоеро, ки норозиён дар назди биноҳои ҳукуматӣ гузошта, дар онҳо аз ҳавои сард ва барф паноҳ мебурданд, ҷамъоварӣ ва мусодира мекунад. Дар бораи даргириҳо хабар нарасидааст.
Варзишгари маъруф ва қаҳрамони ҷаҳонии бокс Виталий Кличко, ки раҳбари ҳизби мухолифи “Зарба” низ аст, ҳушдор дод, ки агар полис даст ба саркӯби тазоҳуркунандагон занад, масъулияти рӯйдодҳои баъдӣ бар дӯши раисиҷумҳур Виктор Янукович хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар аз нерӯҳои Вазорати умури додхилии Украина дар атрофи майдони "Истиқлолият" ҷобаҷо шудаанд, ки хатари даргирии байни онҳо ва тазоҳуркунандагонро ба маротиб бештар кардааст.
Вожгунии ҳайкали доҳии коммунистон В. И. Ленин ва ба муҳосира гирифта шудани биноҳои маъмурӣ дар маркази Киев аз тарафи гуруҳе аз тазоҳуркунандагон рӯҳияи эътироз ва талаби истеъфои раисиҷумҳури Украина Виктор Януковичро қувват дод. Аммо ҳавои сард ва яхбандон шумораи майдоннишинонро дар хиёбони Истиқлолият камтар кардааст.
Рӯзи якшанбе наздик ба ним миллион нафар ин майдонро пур карда буданд ва гуруҳе аз онҳо, ки ба рӯяшон ниқоб кашида буданд, ҳайкали 3,4-метраи Ленинро “чаппа” кардаву дасти онро буриданд ва ба майдони Истиқлолият оварданд.
Андрей Шевченко, як вакили мухолиф дар порлумони Украина ба муносибати вожгун шудани пайкараи Ленин дар Твиттер навишт, ки Украина бо мероси коммунизм хайрухуш кард. Вале сухангӯйи сарвазир украин Микола Азаров сарнагун кардани ҳайкали Ленинро як амали “барбариёна” номид. Сарони мухолифон ҳама гуна рабти худро ба сарнагунии пайкара рад мекунанд.
Раҳбари ҳизби мухолифи “Зарба” Виталий Кличко, аз тазоҳуркунандагон хост, фишорро барои тағйири вазъ идома диҳанд: "Ман мехоҳам, ба ҳар яки Шумо муроҷиат кунам. Сипос аз мавқеи шаҳрвандии Шумо. Сипос, ки бетараф нестед. Шумо тарафдори ояндаи худед. Оянда ба ман ё ягон раҳбари мухолиф бастагӣ надорад. Оянда ба ҳар якпи Шумо вобастааст. Мо бояд муттаҳид бошем ва ҳамаи талошро барои пирӯзӣ бикунем.”
Тазоҳуркунандагон аз тасмими ногаҳонии Виктор Янукович, ки нақшаи имзои қарордоди деринтизори ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди Аврупоро моҳи гузашта ба таъвиқ гузошт, норозиянд. Ва Янукович гуфтааст, ба ҷойи наздикӣ бо Аврупо, кишвараш хостори таҳкими равобит бо Русия хоҳад буд.
Янукович рӯзи ҷумъа бо раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин мулоқот кард, вале ҳарду мегӯянд, дар ин нишаст масъалаи ширкати Украина дар иттиҳоди гумрукии таҳти сарварии Русия баррасӣ нашудааст.
Дар ин байн, мақомоти амниятӣ гуфтаанд, дар робита ба иттиҳоми табаддулоти давлатӣ рафтори раҳбарони мухолифро таҳқиқ мекунанд.
Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Украина аз Янукович хост, вориди муколама бо тазоҳуркунандагон шавад ва раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон барои баррасии роҳҳои ҳалли буҳрон ба Украина сафар хоҳад кард.