Ин маҳфили шеъру мусиқиро дар толори Иттиҳодияи адибон муштаракан шоири саршиноси тоҷик Гулрухсори Сафӣ ва Рулф Эрик Миистром, ромишгари маъруфи Норвеж ва устоди саксофон таҳия карданд.
Гулрухсори Сафӣ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин маҳфил муаррифии шеъри ноб дар сояи навозиши мусиқии саксафон аст.
Гулрухсор дар ин маҳфил ашъори тоза эҷодкардаашро, ки дар мисоли шеърҳои кӯтоҳ аст, зери мусиқии саксафон тараннум кардааст.
Вай мегӯяд, "ин маҳфил як бозгашт ба худ аст, бозгашт ба қалбу дунёи Гулрухсор. Ман дигар ягон ҷои дунёро намехоҳам. Чун ман то хол худамро кашф накардаам ва аз дидгоҳи худам ҷаҳонро ва фалсафаи зиндагиро мехоҳам шиносам."
Аммо ба гуфтаи Гулрухсор, Рулф Эрик Миистром, маъруфтарин устоди саксафон дар Норвеж аст, ки ҳудуди 100 оҳангсоз аз тамоми дунё барои вай оҳанг навиштаанд.
Ин дуввумин маҳфили шеъру навои шоир Гулрухсор бо Рулф Эрик Миистром, устод саксафон аст. Маҳфили аввал ду соли пеш дар Норвеж баргузор шудааст.