Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пора ба пулис бо пивову тахта, гӯшту бушлат ва...


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Лаҳистон 10 айсари пулис барои он ба додгоҳ кашонда мешаванд, ки аз ронандагон ҳамчун пора пиво, пудинг ва ҳатто малина гирифтаанд. Дар Русия шаҳрвандони тоҷик ба пулис ба ҳайси пора як пакет хӯрока додаанд. Аммо дар Тоҷикистон оё чӣ гуна пора медиҳанд?

10 корманди пулиси роҳ дар шаҳри Краснистав, воқеъ дар тақрибан 60-километрии марзи Полша (Лаҳистон) бо Украина, барои он ба додгоҳ кашонда мешаванд, ки аз ронандагон ҳамчун пора нафақат пул, балки пиво, меваҷот, пудинг ва ҳатто малина гирифтаанд. Намояндаи додситонии Замостйе Ромуалд Стаж гуфтааст, порахӯрии афсарони пулис дар ин минтақа як амари маъмул шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин 10 афсари пулис тайи солҳои 2011-2013 “пайваста ронандаҳоро манъ карда, аз ҳар кадоме аз 20 то 200 злотих (воҳиди пули Лаҳистон) ва баъзан ҳатто 10-20 евро мегирифтанд.”

Аммо тавре сомонаи newsru.com бо такя ба Маркази фарҳангиву тиҷории Лаҳистон дар Калининград хабар дод, ин афсарони пулиси Лаҳистон нафақат ба пул “таваҷҷӯҳ” доштааанд. Ба гуфтаи сухангӯ, “онҳо ҳатто ба сифати пора ҳамчунин пиво, ду сатил пудинг ва 5 кило малина ҳам гирифтаанд.” Алайҳи ин афсарон беш аз 50 шикоят расида, яке аз онҳо бо номи Марчин М., ки аз ӯ бештар аз ҳама шикоят кардаанд, алакай аз хидмат ронда шуда, мунтазири баррасии парвандааш дар додгоҳ будааст. Марчин М. ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки аз мошинҳои пулис дар зарфи 3 моҳ 55 литр бензин дуздидааст.

Ҳамроҳ бо ин афсарони пулис 5 ронандаро ҳам бо иттиҳоми додани пора ба додгоҳ кашондаанд. Бо онки маоши миёнаи корманди пулис дар Лаҳистон тақрибан 500 еврост, барои ҳар як ҷои кор дар ин ниҳод то 10 нафар довталабӣ мекунанд.

Салат ба корманди пулис

Аммо порагирии кормандони пулиси роҳ хоси танҳо Лаҳистон набудааст. Ба навиштаи newsru.com, дар соли 2012 як корманди пулиси Шведсия барои он ҳушдор гирифт, ки аз як ронанда ҳамчун пора ... як табақ салат гирифтааст. Ин афсар ронандаро барои набастани тасмаи амниятӣ манъ мекунад, вале дар натиҷаи муомила ҳарду роҳҳи як тарабхона мешаванд ва ронанда ба ҷои ҷарима ба афсари пулис бо нархи 65 крони шведӣ (муодили 7 евро) салат мехарад. Соҳиби тарабхона ин ҳодисаро ба як корманди ошнояш дар пулис қисса мекунад ва ӯ ба навбати худ қазияро рӯи об мебарорад.

Ҳамон сол дар Эстония 3 афсари пулиси роҳро барои онки аз ронандагон дар ивази пур накардани протокол ҳамчун пора моҳии аломоҳӣ (окун) ва мормоҳӣ (угор) ва қуттиҳои пиво мегирифтаанд. Ин се афсар ҳар кадом ба як соли зиндони шартӣ ва 850 евро ҷарима маҳкум шуданд.

Пора ба ГИБДД: Пиво, гӯшт, ҳезум, сӯбу тахта...

Ҳамин тавр, дар моҳи сентябри соли 2014 муовини сардори яке аз шӯъбаҳои пулиси шаҳри Магнитогорск дар вилояти Челябински Русия барои он ба додгоҳ рафт, ки бо машрубот, маҳсулоти хӯрока ва ҳатто бо либос пора мегирифт. Аз ҷумла ӯ аз як зане, ки ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд, дар баҳои раҳоияш як бушлат ва кӯлоҳи зимистона гирифта, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонро дар ивази як пакет маҳсулоти хӯрока ҷавоб додааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар соли 2012 дар Бошқирдистони Русия як нозири роҳ дар ивази пур накардани протокол 5 кило гӯшт талаб карда, дар Олтой нозири ГИБДД ба ҳайси пора ба ҳезуму чӯбу тахта ҳам розӣ будааст. Дар Архангелск дар тирамоҳи соли 2013 як нозири ГИБДД( собиқ – ГАИ) барои он ба 3,5 сол зиндони шартӣ маҳкум шуда ва 115 000 рубл( бо қурби як соли пеш – беш аз 3000 доллар) ҷарима баста шуд, ки барои як шиносаш дар ивази ду қуттӣ пиво протоколи расмӣ дар бораи садамаи набударо тартиб додааст.

“Салому алейк”-и тоҷикӣ бо нозири БДА

Дар Тоҷикистон низ дар бораи аз ронандагони пул ситондани нозирони роҳ зиёд мегӯянд. Аз ҷумла шоҳидон мегӯянд, ки ронандагони таксиҳову микроавтобусҳо “муваззаф”-анд, ки ҳар рӯз дастикам як бор бо нозирони посгоҳҳои воқеъ дар масири мусофиркашонии онҳо “салому алейк” кунанд.

Хабарнигори Озодӣ ахиран ҳангоми сабти назари мардум дар яке аз кӯчаҳои Душанбе шоҳиди чунин як “салому алейк” шуд, ки видеояшро метавонед инҷо тамошо кунед:

ВИДЕО - ЧИСТОН: Ронанда ба афсари БДА чӣ дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00

Вуҷуди порахӯрӣ дар ниҳодҳои интизомиро мақомоти Тоҷикистон низ эътироф мекунанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки рӯзи 4 октябр барои таъмини назорати беҳтар ва муассиртари фаъолияти ходимони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА- ГАИ) ва Хадамоти посбонӣ-пайроҳадории милиса (ППМ – ППС) таҷҳизоти наву замонавӣ овардааст. Бино ба гузориши сомонаи вазорати умури дохила, «ин дастгоҳҳои муосир барои назорат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муоширату муносибати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон ҳангоми фаъолият пешбинӣ шудааст.» Мубориза бо фасод ва бадрафториву дағалии кормандони милиса як ҳадафи асосии ин "навоварии технологӣ" дар кори милисаи тоҷик гуфта мешавад.

Оё шумо дар роҳҳои Тоҷикистон шоҳиди боз чигуна мавридҳои ғайриоддии ҳаққи худро ситондани нозирон шудаед? Оё кадом шакли додани пора дар ёдатон нақш бастааст? Хотироти худро дар гӯшаи назарҳо дар поварақи ин матлаб ҳатман бинависед.

XS
SM
MD
LG