Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши байни шиъаву суннӣ - ҷиддитарин таҳдид?


Як таҳқиқоти саросарии Pew Research Center нишон дод, ки бисёре аз сунниҳо ва шиъаҳо аз танишҳои мазҳабӣ нигаронӣ доштаанд.

Маркази таҳқиқотии Pew Research Center ар як назархоҳии саросарӣ мизони нигаронӣ аз танишҳои мазҳабӣ миёни пайравони ин ду равияи умдаи дини Исломро таҳқиқ намудааст. Ин пажӯҳишро аз моҳи ноябри соли 2011 то майи соли 2012 дар миёни беш аз 5000 мусалмон дар панҷ кишвари суннинишину шиъаниниш - Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Ироқ ва Лубон - анҷом шудааст.

Ин пажӯҳиш дар ҳоле нашр мешавад, ки вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф имрӯз дар мусоҳиба ба шабакаи Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ҷиддитарин таҳдиди амнияти ҷаҳон, таниш миёни мусалмонони суннӣ ва шиа аст. Вазири умури хориҷии Эрон дар ин мусоҳиба шуморе аз кишварҳои сунниро ба "ваҳшат дар зеҳнҳои умумӣ" муттаҳам карда ва гуфтааст, онҳо барои манфиатҳои сиёсии кӯтоҳмуддати худ, ба душманиҳо доман мезананд. Сурия, Ироқ ва Покистон аз кишварҳое ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир гирифтори афзоиши хушунатҳои фирқаӣ шудаанд.

Бархе аз ин кишварҳое, ки дар онҳо назарсанҷӣ анҷом шуда, тайи солҳои ахир шоҳиди танишҳои фирқаӣ буданд. Аз ҷумла Лубнон тайи солҳои 1975-1991 шоҳиди ҷанги шаҳрвандии олуда ба мазҳаб буд ва тайи солҳои охир дар Ироқ ва Афғонистон низ ҳамлаҳо ва бомбгузориҳо дар маросимҳои мазҳабӣ рух дода, боиси ҳалокати садҳо нафар шудаанд.

Ба пояи ин гузориш, нигарониҳо аз танишҳои фирқаӣ аз ҳама бештар дар Лубнон, ки 80 дарсади мусалмонони онро сунниҳо ва танҳо 20 дарсадашонро пайравони мазҳаби шиъа ташкил медиҳанд, вуҷуд доштааст. Бар пояи ин назарсанҷӣ, ба иловаи нигарониҳо аз танишҳои мазҳабӣ, тундгароии динӣ низ дар ин кишварҳо мояи нигаронӣ будааст.

Ин гузориш мегӯяд, бо вуҷуди дар ақалият қарор доштани шиъаҳо дар саросари ҷаҳон, онҳо аз тундгароии динӣ назар ба сунниҳо нигаронии камтар доранд. Ҳамзамон бар пояи ин назарсанҷӣ, шиъаҳо эҳтимоли инро, ки танишҳои мазҳабӣ барои кишварҳои онҳо мушкили умда мебошад, баъид медонанд.

​ ​Дар иртибот ба масоили эътиқодӣ ва адои маросимҳо, ин пажӯҳиш мегӯяд, ки аксарияти шиъаҳо ва сунниҳо андешаи муштарак доранд, аз ҷумла дар эътиқод ба Худо ва паёмбар Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи вассалам), имон ба биҳишту дӯзах, доштани рӯзаи моҳи Рамазон, эътиқод ба фариштагон ва зинда шудан баъд аз мурдан дар рӯзи ҷазо. Инҳо аз ҷумлаи эътиқодоти усулӣ дар Ислом аст, ки ҳам пайравони аҳли суннат ва ҳам шиъаҳо ба он бовар доранд ва ихтилофи ҷиддӣ дар ин боварҳо миёни онҳо вуҷуд надорад.

Бо вуҷуди ин ҳама муштаракот дар эътиқод ва адои маросимҳои динӣ, аммо дар қазияи бузургдошти моҳи Муҳаррам, ки аз сӯи пайравони мазҳаби шиъа анҷом мешавад, миёни ин ду гурӯҳ ихтилофи бузург вуҷуд дорад. Дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррам, мусалмонони шиъамазҳаб солрӯзи шаҳодати Имом Ҳусайн (набераи паёмбар Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васаллам)-ро бо рафтан ба зиёрати қабри ӯ дар Карбалои Ироқ ва барпо кардани маросимҳои азодорӣ, аз ҷумла занҷирзаниҳо, гиромӣ медоранд. Ин назарсанҷӣ мегӯяд, дар ҳоле ки зиёрати ҷойҳои муқаддас ба таври умумӣ аз сӯи шиъаҳо пазируфташуда мебошад, аммо сунниҳо чунин аъмолро аз дидгоҳи ислом нодуруст мешуморанд.

ТАНИШҲОИ МАЗҲАБӢ ВА ТУНДГАРОӢ

Маросими Ошӯро дар Кашмир
Маросими Ошӯро дар Кашмир
Дар чаҳор кишвар аз панҷ кишваре, ки дар он назарсанҷӣ анҷом шуд, миқдори зиёде аз сунниҳо ва шиъаҳо аз танишҳои мазҳабӣ нигарон будаанд. Аз се ду ҳиссаи мусалмонони Лубнон танишҳои мазҳабиро мушкили умдаи барои кишвари худ медонанд. Ҳудуди нисфи мусалмонони Ироқ (52 дарсад), 44 дарсад дар Афғонистон ва ҳудуди чоряки мусалмонони Ирон чунин бардошт доштаанд.

Ба ҳамин тартиб, дарсади қобили мулоҳизае дар ин чаҳор кишвар аз афзоиши тундгароии динӣ нигарониҳо доранд. Дар Ироқ нисф ё бештар аз он (68 дарсад), Лубнон (50 дарсад) Ирон (28 дарсад) ва Озарбойҷон (6 дарсад) аз тундгароии динӣ нигаронанд ва онро чун таҳдид меҳисобанд.

Пажӯҳиши Pew Research Center мегӯяд, ки дар кишварҳои ҷудогона нигарониҳо дар мавриди гурӯҳҳои тундгаро бар як поя нест. Ин шикоф ва тафовутро метавон дар Лубнон ба таври возеҳ мушоҳида кард. Дар ин кишвари шиъанишини арабӣ, шиаҳо назар ба сунниҳо аз тундгароии динӣ нигаронии камтар доштаанд. Дар Ироқ ва Эрон низ шиъаҳо нисбат ва сунниҳо вазъи мушобеҳ ва монандро доранд. Аммо дар Афғонистон ва Озарбойҷон мизони нигаронии шиъа ва суннӣ ва тундгароии динӣ дар як поя будааст.


ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБӢ

Дар чаҳор кишвар аз панҷ кишваре, ки дар онҳо назарсанҷӣ анҷом шуда, шумори зиёде аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо дар анҷоми маросими динии худ озод ҳастанд. Аммо танҳо 48 дарсади аз мусалмонони Ироқ, аз ҷумла 58 дарсади шиъаҳо ва 42 дарсади сунниҳо худро дар анҷом додани маросимҳои динӣ комилан озод ҳис мекунанд.

Шояд ҷои тааҷҷуб ҳам набошад, ки дар се кишваре, ки шиъаҳо аксариятро ташкил медиҳанд, яъне Эрон, Ироқ ва Озарбойҷон, эҳтимолан шиъаҳо нисбат ба сунниҳо дар анҷоми маросимҳои мазҳабӣ аз озодии бештар бархӯрдоранд. Тафовути қобили мулоҳизаро метавон дар Эрон мушоҳида кард. Кишваре, ки аксари мусалмонони онро пайравони мазҳаби шиъа ташкил медиҳанд ва Қонуни асосии расмии ҷумҳурии исломӣ низ мазҳаби ҷаъфарияро мазҳаби расмии давлат эътироф мекунад.

Дар Лубнон ҳам 90 дарсади мусалмонони шиъа ва суннӣ дар анҷоми маросимҳои мазҳабӣ худро озод ҳис мекардаанд.


ИХТИЛОФИ КИШВАРҲО

Бар асоси ин пажӯҳиш, мизони диндорӣ дар ин кишварҳо ба ҳам шабоҳат доштааст. Аз ҷумла дар Афғонистон, Ироқ ва Ирон аз се чаҳор ҳиссаи шиъаҳо ва сунниҳо гуфтаанд, ки дин барои онҳо аз аҳамияти зиёд бархӯрдор аст.

Дар Озарбойҷон низ шиаҳо ва сунниҳо бар чунин ақидаанд (47% ва 43% ) ва гуфтаанд, ки дин дар зиндагии онҳо аз аҳамияти зиёд бархӯрдор аст. Танҳо дар Лубнон миёни намояндагони ин ду мазҳаб дар дар мавриди аҳамияти дин тавовутро метавон мушоҳида кард. 66 дарсади сунниҳои Лубнон ба аҳамияти дин дар зиндагиашон қоиланд, дар ҳоле, ки 51 дарсади шиъаҳои Лубнон гуфтаанд, ки дин дар зиндагии онҳо муҳим аст.

НАМУНАИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон, ки қариб 97 дарсад аз 8 миллион ҷамъияташ мусалмонанд ва беш аз 90 дарсади мусалмонҳояш аҳли суннатанд, то кунун ихтилофҳои мазҳабӣ байни шиъаву суннӣ ба сурати хушунатомез буруз накардааст. Дар ин кишвар танҳо қисмате аз аҳолии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайрави
Маркази исмоилиҳо дар Душанбе
Маркази исмоилиҳо дар Душанбе
равияи исмоилии мазҳаби шиъа буда, бақия аз равияи ҳанафии мазҳаби суннӣ пайравӣ мекунанд.

Ду сол пеш дар Душанбе ҳатто барои бори аввал маркази фарҳангии исмоилиҳо низ бо кумаки молии Сандуқи Оғохон таъсис ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамин тавр, ба шоҳзода Оғохони чорум, ки имоми пайравони мазҳаби исмоилия маҳсуб мешавад, имкони равуо ва мулоқоти озодона бо пайравонаш дар вилояти Бадахшони Тоҷикистонро додааст. Бисёре аз тарҳҳоли муҳими иқтисодиву имдодӣ низ дар Бадахшон бо кумаи Оғохон ва созмонҳои моливу имдодии марбут ба ӯ анҷом мешаванд.

Аммо дар ҳоле ки нисбат ба исмоилиҳо дар Тоҷикистон бадбинии мазҳабӣ қариб мушоҳида намешавад, дар баҳсҳои мазҳабии солҳои охир ҳарчӣ бештар ҳарфи шиъаву суннӣ, бахусус дар пайи бурузи ҷараёнҳои ҷадиди мазҳабие, чун салафия, зиёдтар садо медиҳад. Дар поёни соли 2012 баста шудани масҷиди дар байни намозгузорон маъруфи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат ва он ҳам бо иттиҳоми баргузории маросими Ошӯро, ки дар байни шиъаҳо маъруфтар аст, ба оташи баҳси сунниву шиъа дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон равғани бештар рехт. Аммо то кунун сӯҳбати шиъаву суннӣ дар Тоҷикистон асосан дар ҳамин чордевори баҳсҳои лафзӣ маҳдуд шуда, дар бораи кадом мавриди бархӯрди хушунатомез дар заминаи адоват ё бадбинии мазҳабӣ байни сунниҳову шиъаҳо аз ин кишвар гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG